Мақсад – дӯстиву рафоқат
- Details
- Published on Wednesday, 29 August 2018 08:48
Дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Деваштич бахшида ба «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба шарафи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии кушод оид ба гӯштини камарбандӣ байни наврасону ҷавонон доир гардид.
Дар мусобиқа ҷавонону наврасони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон ва Истаравшан ширкат варзиданд. Ҷавонону наврасон аз рӯйи 14 категорияи вазн байни ҳам сабқат намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур пешбурди тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни ҷавонон мебошад.
Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич