Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Details
- Published on Tuesday, 28 August 2018 08:30
Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сохтмону бунёди иншооти гуногун босуръат идома дорад.
Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф овард ва бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос гардид. Зимни шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди кӯдакистони наву замонавӣ иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншооти мазкур соҳибкор Бобоҷон Шамсиев ва пудратчии он ҶДММ “Ватан” мебошад. Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, барои 240 нафар дар ҳашт гуруҳ пешбинӣ гардидааст. Кӯдакистони мазкур дорои утоқҳои корӣ, ошхона, толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, пешайвон ва майдони бозии кӯдакон мебошад. То имрӯз қисми бештари корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуда, бино ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.
Раиси вилоят дар аснои боздид ташаббуси соҳибкори маҳаллиро шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо, мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда муҷаҳҳазсозии дохили бино ва ба ободониву сабзкорӣ фаро гирифтани муҳити атроф тавсияҳо дод.
Сипас, Раиси вилоят аз майдони Парчами давлатӣ боздид ба амал оварда, ба бинокорон ҷиҳати вусъати корҳо, интихоби масолеҳи хушсифат, сабзу хуррамсозии муҳити атроф ва анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бояд тазаккур дод, ки дар шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Парчами давлатӣ ва боғи истироҳативу фароғатӣ бунёд карда мешавад. Мувофиқи лоиҳа баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин мавзеъ фаввораҳои гуногун, нишастгоҳҳои замонавӣ сохта шуда, ҳудуди майдон чароғон ва сабзу хуррам гардонида мешавад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди Маркази саломатӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз аксари корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудааст. Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” қомат афрохта аз ду ошёна иборат мебошад. Дар дохили бино барои кору фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои он бо мебелу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. Бинои Маркази саломатӣ дорои 21 ҳуҷра буда, дар он 32 нафар кормандони соҳа бо корӣ доимӣ таъмин мегарданд. Ҳамзамон, дар дохили бино утоқи махсус барои гузаронидани хатна таъсис дода шудааст.
Раиси вилоят ҳангоми боздид аз бинои Маркази саломатӣ таъкид дошт, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар минтақа беҳтар мегардад.
Раиси вилоят дар идомаи сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо ҷараёни бунёди коргоҳи қолинбофӣ ошно шуд ва ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, мутобиқ ба талаботи бозори истеъмолӣ ва ороиши хоса истеҳсол намудани қолинҳо тавсияҳои муфид дод. Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Исмоил Самадов бунёд ёфтаву дастгоҳҳои он аз мамлакати Олмон харидорӣ ва васлу насб карда шудааст. Коргоҳ имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 180 метри мураббаъ қолин истеҳсол намояд. Баробари ба истифода додани коргоҳ то 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд