Истироҳатгоҳ дар анбӯҳи арчазорон
- Details
- Published on Thursday, 23 August 2018 10:41
Туризм дар бештари кишварҳои ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба он зиёд гардидааст. Тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва бунёди иншооти санаторию курортӣ дар ақсои олам, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо аҳамияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳам маънавӣ дорад. Сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди нисбатан нав ба ҳисоб меравад ва аз рӯи хусусиятҳои хосаш аз дигар соҳаҳои мавҷуда фарқ мекунад.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки инкишофи босуръати соҳаи сайёҳӣ зарурати ба миён омадани ҳудудҳои нави туристӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳангоми ҷудо кардани минтақаҳои туристӣ бояд онҳоро ҳаматарафа омӯхта, вобаста ба меъёрҳои байналмилалӣ махсус гардонида шаванд.
Минтақаҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғд асосан чашмаҳои шифобахш, ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ ба ҳисоб мераванд. Солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ дар самти истироҳату табобат босуръат инкишоф ёфта истодаанд. Айни ҳол базаҳои сайёҳӣ ва санаторияҳо, истироҳатгоҳҳо ташкил меёбанд, ки ҳамасола ба садҳо нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат хоҳанд расонид.
Ба ин монанд қитъаи замини дар мавзеи Қаровулхонаи минтақаи ҷангали Қаромазори Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъбуда диққати шаҳрванди ноҳияи мазкур, соҳибкор Одилҷон Абдухалиловро ба худ ҷалб сохт. Ӯ барои сохтмони истироҳатгоҳ дар ин мавзеъ дархост намуд, ки оид ба масъалаи вобаста кардани қитъаи замини ҷангал мақсад дорад аз ҳисоби маблағҳои худ хонаҳои истироҳатӣ, хаймаҳои миллӣ ва инфрасохторҳои дигар бунёд намояд. Ин иқдом дар соли равон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, дастоварди хубест. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки хона, хайма ва дигар иншооти хурди сохташаванда дар ин макон тариқи замонавӣ бунёд ёфта, ба дарахтони ҷангалзор ягон осебе намерасонанд.
Ин мавзеи дорои арчазорони бебаҳо ва табиати нотакрор заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд мебошанд. Қитъаи замини дархостшуда ҳамшафати дарёчаи Қаровулхона, байни ду сойи хурд ҷойгир аст. Қад-қади ин дарёча роҳи мошингарди хурде, ки дар шароити кӯҳӣ барои равуои ҳама намуди нақлиёт мувофиқ нест, мавҷуд мебошад. Инчунин, соҳибкор иқдом пеш гирифтааст, роҳи ҷангали ин мавзеъро аз ҳисоби худ пурра таъмир намояд, ки барои истифодаи минтақаи ҷангал низ аҳамияти калон дорад.
Истироҳатгоҳи мазкур дар масоҳати 0,52 гектар сохта шуда, аз таваққуфгоҳи мошинҳо, хонаҳои чорҳуҷрагии хурд, суҳбатҷойҳо, майдончаи варзишӣ, ду хаймаи миллӣ иборат мебошад. Оғози сохтмон аз моҳҳои март-апрел сурат гирифта, аллакай як қисмати он ба истифода дода шудааст, ки бахшида ба соли рушди сайёҳӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ саҳм ва иқдоми хубест.
Мавзеи Қаровулхона ба минтақаи ҷангали Қаромазор дохил шуда, марзи маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Рӯзи ба истифода додани истироҳатгоҳи сайёҳӣ, ки аввали ҳамин моҳ сурат гирифт, намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳо ширкат варзиданд. Алҳол чор хонаи истироҳатӣ ба истифода дода шудааст. Айни ҳол корҳои таъмирӣ идома доранд. Дар саҳни истироҳатгоҳ фаввораҳои зебо сохта шуда, атрофи онро суҳбатгоҳҳои замонавӣ зеб медиҳанд. Инчунин, сохтмони як ҳавзи оббозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик бояд мавриди истифода қарор бигирад. Ба ғайр аз ин, дар самти болои хонаҳо, яъне дар бағали кӯҳҳои арчазор се хаймаи миллӣ ва бошишгоҳҳо сохта мешаванд. Чор хонае, ки мо дар боло қайд кардем, панҷнафарӣ сайёҳро ҷойгир карда метавонад. Баъди ба истифода додани бошишгоҳҳои болоӣ меҳмонон метавонанд дар он ҷой бигиранд, яъне дар як баст истироҳатгоҳ то 35 нафарро қабул менамояд.
Ин минтақа аз қадим табиати нотакрору сарватҳои пурасрори табиӣ дошта, диққати сайёҳони рус ва хориҷиро ба худ ҷалб сохтааст. Бояд қайд намуд, ки мавзеи номбурда барои тамошои меҳмонон ва сайёҳон табиати бениҳоят зебо дорад. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, анбӯҳи арчазорони ба ҳам пайвасти сабз андар сабз, чашмасорон ва олами набототу ҳайвоноташ бемисл ҳастанд. Натанҳо сайёҳон, балки аксари сокинони вилоят огаҳ нестанд, ки минтақаҳои мо чӣ қадар ҷойҳои дорои табиати нотакрору маконҳои истироҳатӣ мебошанд.
Ин мавзеи нави истироҳатӣ ва сайёҳӣ «Ҷаҳонгир» ном дошта, аз шаҳри Истиқлол то он ҷо ба масофаи 20 километр тариқи мошинҳои кӯҳгард рафтан мумкин аст. Масоҳати ҷангали ин минтақа зиёда аз 2000 гектар буда, бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад.
Ба хулосае бояд омад, ки инкишофи босуръати соҳаи сайёҳӣ дар кишвар бо шарофати эълони рушди ин соҳа дар соли равон дар тамоми минтақаҳо сохтмони як қатор иншоотро ба миён оварда истодааст. Ин ҷо сухан дар бораи меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, истироҳатгоҳу минтақаҳои туристӣ ва ҳуҷраҳои шахсии ба сайёҳон пешниҳодшаванда меравад. Ҳангоми сохта, ба истифода додани чунин инфрасохторҳо дар мавзеъҳои зебои табиати Тоҷикистон мо метавонем ба пешравии ин соҳа андаке бошад ҳам саҳм гузорем. Рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама аз баланд шудани сатҳи зисту зиндагонӣ дарак медиҳад. Ҳаматарафа омӯхтани табиати Тоҷикистон ва бунёди чунин истироҳатгоҳҳои сайёҳии замонавӣ дар навбати аввал аҳамияти иқтисодӣ дорад.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»