Фарҳанг - оинаи рӯзгор
- Details
- Published on Tuesday, 14 August 2018 09:32
- Бахшида ба 21-солагии таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шаҳристон Қасри фарҳанг бо 600 ҷойи нишаст ба истифода дода, аз ҷониби аҳли санъат ва ҳунар барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳамарӯза сайругаштҳои оммавӣ, барномаҳои консертӣ дар Боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳо ташкил ва гузаронида шуд.
- Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати фарҳанги вилоят ҷиҳати баланд бардоштани фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» гузаронида, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Бӯстон ва Спитамен ғолиби озмун дониста шуданд, - қайд гардид дар нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018.
Сардори Раёсат Ориф Набиев иброз дошт, ки давоми шаш моҳи сипаришуда ба Осорхонаи таърихии вилоятӣ 29104 нафар меҳмонони хориҷиву ватанӣ ташриф оварда, бо бозёфту нигораҳои осорхона шинос шуданд. 6724 нафар мухлис ва дӯстдори каломи бадеъ бошанд, аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва 9854 нафар тамошобин аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкоми шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов ва экспонатҳои он шинос шуданд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки кушодашавии марзҳои ҷумҳуриҳои бародаркишвар - Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бастани шартномаҳои ҳамкорӣ байни ду давлат барои рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоид гардид. Ҳамчунин, ташрифи зиёиён ва аҳли фарҳанги ӯзбек ба кишвари тоҷикон, баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва иштироки аҳли санъату ҳунар, зиёиён ва шоирону нависандагон бо барномаҳои ҷолиби адабиву фарҳангӣ дар ҳамоиши мазкур шаҳодати боз ҳам мустаҳкамтару қавитар гаштани дӯстию рафоқати мардуми ҳар ду кишвар буд.
Сардори Раёсат тазаккур дод, ки ба ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят азм доранд, бо намоишномаҳои нав ва пурмазмун ба Ӯзбекистон сафар намоянд.
Рӯзноманигорон дар фарҷом аз масъулини соҳа бобати анъанаҳои эҳёшуда ва ёдгориҳои таърихӣ, мавҷуд набудани кинотеатрҳо, таъмирталаб будани муассисаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо ва дигар мушкилоти соҳа суол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»