Бӯстон: Боғи Айнӣ навсозӣ мегардад

Нишасти матбуотӣ оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, намояндагони сохторҳои гуногун ва рӯзноманигорон маълум сохт, ки нақшаи даромадҳои умумии буҷет 117, 8 фоиз иҷро гардид, ин нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 63,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давр ба 96 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин марҳалаи соли гузашта 14 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз 24 корхонаи саноатии шаҳр 17 - тоаш суръати афзоишро баланд намуд. Инчунин, дар ин муҳлат 3 иншоот ба истифода супорида шуда, ахудкунии фондҳои асосӣ 4 миллиону 514 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Раиси шаҳр аз вазъи соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва варзиш маълумот дода, афзуд, ки дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон 105 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 8 адад кам мебошад.

Дар шаҳр азнавсозии пурраи Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, ки зиёда аз 7 гектарро ташкил медиҳад, ба нақша гирифта шудааст. Ду Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ бо 20 дастгоҳ фаъолият намуда, зиёда аз 100 нафар занону духтарон бо таълим ва омӯзиши шартномавӣ фарогир ҳастанд.

Мушкилоти асосӣ дар шаҳр норасоии оби нӯшокӣ ба ҳисоб мерафт, ки хушбахтона аз рӯи лоиҳаи “Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” ҳалли худро ёфтааст ва аҳолӣ бо оби нӯшокии доимӣ таъмин гардидаанд.

Хабарнигорон оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва имрӯзу фардои шаҳр суолҳои худро ироа доштанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh