ҶИЛВАҲОИ ДИЛРАБОИ СИДҚУ ВАФОДОРӢ
- Details
- Published on Monday, 06 August 2018 11:29
Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо фурӯғи сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон иқтисодиёти иҷтимоии устуворашро пеш мебарад, таҳким мебахшад ва дар ин замина таҳкурсии маънавӣ ва сатҳи зиндагии сокинонашро қавиву маҳкам мегардонад ва баланд мебардорад. Алалхусус, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 аз қатори ҳамин ҳадафҳо, заминаҳо ва мақсадҳои воло мебошад. Ба ин маъно дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Дар ҳошияи ин таъкид коршиносон, мутахассисон ва олимони соҳа чунин андеша доранд, ки «барои расидан ба ин нишондиҳанда – рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи муътамади иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ, албатта, зарур аст, ки аз аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳон, заминаҳои қонунгузорӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва тадбирҳои зарурию имконпазир ва дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат бархӯрдор бошем».
Заминаҳои устувор, захираву имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистони биҳиштосоямон афзунанд, онро дарёфту роҳандозӣ ва мавриди истифодабарӣ қарор додан аз чӣ вобаста аст? Пеш аз ҳама тадбирҳои зарурӣ ва имконпазир бояд амалӣ гарданд, дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат амиқу равшан ва амалан татбиқ карда шавад. Дар ин маврид низ ба ҳидоятҳои Пешвои миллатамон ихлос меоварем. «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст», - зикр намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Захираҳо кашф мегарданд
Ба ёд меоварем ва ифтихорманд ҳастем, ки қариб як сол пеш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, ки барои иштирок дар Ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ оид ба рушди устувор, вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боздид аз кишвари ташаббускор ва иқдомовари ҳадафманд ба Тоҷикистони азизамон омада буд, изҳор дошта, ки «Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».
Аз расонаҳои хабарӣ мардуми сарбаланди тоҷик огаҳ мебошанд, ки меҳмони олимақом – Дабири кулли СММ аз тамошои табиати зебову нотакрори Тоҷикистонамон, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои нуқрафому мусаффо, алалхусус, тамошои кӯли зебову фараҳовари Сарез ба ваҷд омад, ки ин боиси ифтихору сарфарозии ҳар фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Ҳақиқатан ҳам Тоҷикистони биҳиштосоямон дар қатори мамлакатҳое қарор дорад ва устувор қадам мегузорад, ки захираҳои афзун, зиёд ва ғании сайёҳӣ, ба мисли мавзеъҳо ва минтақаҳои таърихию фарҳангӣ, табиати ҳайратангезу дилкушо ва ҳаловатбахш, шаҳрҳои қадим ва тозабунёд, сохтмонҳои азиму нави муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, қасрҳои фарҳангу кохҳои таваҷҷуҳпазир, боғу майдонҳои пурмева, гулгашту хиёбонҳои таърихиву навсохт дошта, шавқу рағбати зиёди сайёҳон – дилбастагони сайру саёҳат ва мардумонро ҷалб кардааст. Вобаста ба ин бино ба андешаи коршиносон, мутахассисони ин соҳаи муҳими иҷтимоиёт, захираҳои сайёҳии кишварамон ҳанӯз на танҳо барои сайёҳон, балки инчунин барои шаҳрвандони мамлакат кашфношуда боқӣ мондаанд. Замон талаб менамояд, ки захираҳо марҳала ба марҳала дарёфт гарданд.
Ниёгонамон дар гузашта ва насли муосир дар замони ҳозира шавқпешаи сайру саёҳат, дӯстдори фарҳангу маърифат буданду ҳастанд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, агар онро ба як шоҳбулути азиме, паҳнову сербаргу тар ташбеҳ диҳем, насли ҷавони Тоҷикистон ба дидану тамошои ҷойҳои таърихӣ, шаҳрҳои замонавӣ, мавзеъҳои қадимаву пурасрор – ба ифодаи Амир Хусрави Деҳлавӣ «Ба боғ сояи бед асту об дар соя» завқи баланду хоҳишу шавқи афзун доранд. Аммо ҳама чиз ва ҳама беҳбуди кору амал ба шароит, имконият ва захираву дурнамо алоқаманд, вобаста ва тавъаманд.
Захира, имконият ва шароит дар чӣ зоҳир мегардад? Коршиносон таъкид ва пешниҳод месозанд, ки захираҳои мавҷудаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама ба истифодаи васеи шаҳрвандони ватанӣ бо шароити фароҳам пешниҳод карда шаванд, то барои қабули сазовори меҳмонон, алалхусус, сайёҳони хориҷӣ аҳли ҷомеа омода гардида, маданияти муносиб, шарқиёна ва инсондӯстонаи сайёҳиро, чунонки мегӯянд, меҳмондории сатҳи заруриро азхуд намоянд, омӯзанд ва бо донишу маърифати соҳавӣ мусаллаҳ бошанд.
Захираву имконот, гумон мекунем, ки ба тору пуди меҳмондорӣ, меҳмоннавозӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон – ба завқу рағбат, хоҳишу фаҳмиши кормандони сайру саёҳат ҳам вобастагии комил дорад ва тадбирҳои судмандро тақозо мекунад.
Шароит ба густариши сайру саёҳат мутобиқат дошта, мафҳумҳои сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ мазмуну моҳияти маданияти сайёҳиро аён месозанд. Зимнан, захираву шароит барои равнақ гирифтани сайру саёҳат вобаста буда, дурнамои соҳаро муайян мекунанд. Омӯзиши таъриху фарҳанги кишвар барои сайёҳони ватанӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ин раванд низ ташаккули захираҳоро ба бор меоварад. Маданияти сайёҳӣ ин на танҳо доштан, бархӯрдор будани дониш оид ба самту рукнҳои тахассусии сайёҳист, балки огаҳӣ, шиносоӣ доштан аз фарҳанг, таърих, тамаддун, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои замони муосир, мавзеъ ва маконҳои сайёҳӣ, минтақаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ҷойҳои табобативу истироҳатӣ, фароғативу боғу водиҳои дилкушои сердолу дарахт мебошад.
Сайру саёҳат ва омилҳои соҳаи сайёҳӣ дар радифи нерӯи зеҳнӣ ва қобилияти ақлонии захираи инсонӣ, ки дар умум маданияти сайёҳӣ унвон мешавад, қарор мегирад.
Ҳоло, ки ҷомеаи муосиру соҳибихтиёри мо дар замони муносибатҳои бозоргонӣ ҳамқадам мебошад, амалӣ гардонидани тадбирҳои муайян тақозои бозори ҷаҳонии сайёҳӣ буда, бо назардошти ҷолибият ва аҳамияти иқтисодии он азму талош варзидан манфиатбахш хоҳад буд.
Самти иҷтимоии муносибатҳои ҷамъиятӣ
Сайёҳӣ, агар дар миқёси калонтаре, ин соҳаи муҳим ва афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии рӯзгори имрӯзаро ҳамчун як рукни муносибатҳои ҷамъиятӣ маънидод намоем, манбаъ ва воситаи махсусу манфиатбахш дар самти шуғлнокии ҷомеа зеҳннишин мегардад. Коршиносони соҳаи сайёҳӣ бо факту далелҳо исбот кардаанд, ки дар ҷаҳон нӯҳ фоизи ҷойҳои корӣ – аз ёздаҳ ҷой як ҷой ба соҳаи сайёҳӣ ба сифати шуғлҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин кору молрасонӣ рост меомадааст. Ё худ таҳлили дигар: дар ҷаҳон баъди нефт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он сӣ фоизи содироти хизматрасониро ташкил медиҳад.
Дар самти иҷтимоии муносибатҳои ҷамъиятӣ як нуктаи муҳим – воситаи аёнии муаррифии фарҳанг ва тамаддун дар ҷараёни сайру саёҳат ва соҳаи сайёҳиро махсус бояд зикр бояд намуд: шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи афзуни сайёҳонро ҷалб мекунад – ин молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакл, намуд ва тарзи савғотӣ – туҳфа, руқъа, фита, мисоли нишон, намуна, як ҷузъи маданияти ҳамон маҳал ва макон мебошанд. Мегӯянд, ки дар кулли мамлакат ва кишварҳои ҷаҳон ба ин намуди кору маҳсулот аксар вақт дар маҳалҳо оилаҳои ҳунарманд машғул мегарданд, чун маҳсулоти дастӣ бо назардошти сатҳу сифат, шаклу намуд ва ҷаззобияш маъруфият, аҳамият ва ҷолибияти хосро доро мебошад ва талаботи бозор низ ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ зиёду фузун аст. Бо ифодаи дигар – ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории чунин кору чунон фаъолият – рушду нумӯъ ва пешрафти ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва басо муҳим, мукаррам, зарурӣ арзёбӣ мегардад, ки дар навбати худ он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойи корӣ ва ба ин воситаву васила беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимои иқтисодии оилаҳо сабаб гардад.
Кишвари азизамон дар масири «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шоиста муаррифӣ мегардад. Ҳамагӣ чанд муддат муқаддам дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти унвони «Аҳамияти ташаббуси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши таҷрибаи вилояти Суғд» ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид, ки ин тадбир ба аҳамияти калон молик буд. Дар ин ҳамоиши ҳадафманд зикр карда шуд, ки алҳол дар вилоят фаъолияти бисту чаҳор ширкати сайёҳӣ дар асоси меъёрҳои мутобиқ ба талаботи стандарти давлатӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва мавзеъҳои таъриху бостоншиносӣ ба қабули сайёҳон омода гардидаанд. Муҳайё ва омода гардидани шароит, захираву имконоти мусоид ба рушди сайёҳӣ имкон фароҳам овард, ки дар ин муддат ва дар ин марҳала бештар аз панҷсаду бисту ҳафт ҳазор сайёҳ аз кишварамон – Тоҷикистон, аз ҷумла сесаду ҳафтод ҳазор нафар дилбастаи сайру саёҳат аз вилоятамон, ки як гӯшаи биҳиштосо, дорои табиати нотакрору беқиёс ва мавзеву маҳалҳои таърихист, боздид карданду шинос шуданд, дар дил аз онҳо меҳру ихлос ва муҳаббати фузун гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст».
Кунун, ки домани сайру саёҳат ва соҳаи сайёҳӣ дар қуллаи қутбнамо қарор гирифтааст, ташаккули намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии экологӣ, саёҳати нақлиётӣ, фароҳам овардану мутобиқ гардонидани шароити мусоид барои иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ташкил гардидани намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ муҳим дониста мешавад ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Ба андешаи мо, вақти гулшукуфти майдони зардолу, рӯзҳои пухта расидани ин меваи биҳиштӣ, агар шавқмандони сайру саёҳат ба вилояти мо оянд, ҳаловате бигиранд, рӯҳу илҳоми наву тозаи зиндагӣ барояшон насиб гарданд. Дар ин радиф Миробид Сайидои Насафӣ дар тасвири боғ ва меваи он гуфтааст:
Бувад зардолуи ӯ дар ҷаҳон фард,
Шукуфта аз сари шохаш гули зард.
Ва ё худ, дар ҷои дигар:
Зи себаш мунфаил себи занахдон,
Шуда дар орзуяш об дандон.
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳарду тавъаманду ҳаммазмун – яке дигареро мазмуни амиқ медиҳад, рангу ҷилои нав мебахшад.
Ҳидоятҳои миллии башардӯстона ва иқдомҳои бунёдии Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати «дарҳои кушод» раванди сайёҳиро дар кишварамон тақвият бахшид. Бинед, дар самти сайру саёҳат чӣ нек аст факту рақам, ки ҳатто ба қиёс ҳоҷат намемонад: танҳо кифоя аст зикр намоем - беш аз ҳазору ҳафтсад сайёҳи хориҷӣ аз мавзеи Баҳри Тоҷик боздид намуда, ба манзилу маконашон бо таассуроти афзун баргаштаанд, ки ин нишони ифтихордориву ҳуввияти миллии тоҷикон ва Тоҷикистони соҳибихтиёр буда, таҳкими раванди худшиносӣ дар даврони Истиқлолият аст.
Ифтихори миллӣ ва фарҳанги мардум
Ҳидоятҳо, дастуру супоришҳо ва ташаббусу иқдомҳои башардӯстона, инсонпарварона ва муҳаббатбори Пешвои миллат мактаби бузурги ҳаётшиносӣ, мардумшиносӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии шоиста барои хурду бузурги сокинони Ватанамон маҳсуб меёбанд ва ҳама ин амали некро бо чашми дил дидаву дар вуҷуди хеш эҳсос менамоянд.
Истиқлолияти давлатӣ роҳи сайёҳӣ, сайру саёҳатро ба шоҳроҳи фазилатшиносӣ, ифтихори миллӣ ва фарҳанги мардум шабеҳ овард. Дар кишварамон - дар ҳар гӯшаву канор, манзилу макон ҳунарманде ҳасту сайёҳе аз он лаззати маънавӣ бурдааст.
Ба ёд меоварем: то солҳои ҳаштодуми қарни бист ба Тоҷикистони офтобиамон, аз ҷумла вилоятамон сайёҳон аҳён – аҳён барои дидану шинос гардидан бо ҳунарҳои мардумӣ – асосан матоъофарӣ, нақшу нигорбандӣ дар рӯи матоъ, кулолгариву устоҳои аҷубасоз таваҷҷуҳ мекарданд, аммо ба мавзеъҳои фарҳанги қадимаву таърихӣ рағбате надоштанд.
Зимнан зикр менамоем: сайёҳ - мухбири расонаи расмии ҳамонвақта АПН тахминан моҳи марти соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштодум ба вилоят омада, аз таваҷҷуҳаш ба ҳунари гулпартоӣ ба матоъ ва кулолгарӣ ба масъулони сатҳи вилоятӣ изҳори назар намуда буд. Ва яке аз муаллифони ин мақола вазифадор карда шуд, ки ҷурналисти сайёҳро ба шаҳрҳои Ӯротеппаи ҳамонвақта (ҳоло Истаравшан) ва Исфара ҳамроҳӣ намояд. Ӯ бо оилаи ҳунармандони читгарӣ дар яке аз маҳаллаҳои қадимаи Истаравшан ва тарзу усули аз пӯстлохи дарахтон ва ҳар гуна растаниҳои табиат, меваву баргҳои буттаҳо тайёр кардани рангҳои табиӣ, қолабҳои гулпартоӣ, бо ҳунари кулолгарон – бародарон Соҳибовҳо дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва кӯзаҳои бузургу пурнақши сохтаи онҳо шинос шуд, шавқмандона ҳар як маҳсули меҳнати ҳунармандонро ба навор гирифт.
Боз ба ҳолатҳо ва воқеоти гузашта рӯ меоварем: бистучаҳоруми сентябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду ҳаштум сайёҳ - нависандаи номдори Полша ба вилоят омада буду ӯро ҳамонвақта котиби масъули рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд») нависанда Қурбон Алӣ (равонаш шод!) ба шаҳрҳои Панҷакент ва Истаравшан, ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод давоми панҷ рӯз роҳбаладӣ карда буд. Шунида будем, ки сайёҳ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба навъҳои пилла ва кирмакпарварӣ мароқ зоҳир кардааст. Як нафар кирмакпарвар тахмин ба ӯ чунин шарҳ додааст: ҳамон нахеро, ки кирмак ҳангоми пилла танидан бо чунон нозукӣ аз даҳон мебарорад, - ана ҳамон нахро ҷудо карда, наканда, калоба кардан лозим аст. Ин пеш аз ҳама талаб мекунад, ки пилла нағз пухта бошад, баъд дар коргоҳи абрешимтобӣ бояд дастгоҳ пурра ба кор тайёр бошад, бесифат накунад ва пилла корношоям нагардад.
Имрӯз сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ ба сифати меҳмони гиромии мо, ба табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумие, ки таърихи чандҳазорсола доранд, муҳити фарҳангӣ, шеъру шоирӣ, мардуми адабпарвару меҳмоннавози кишварамон шинос мешаванд, ғизои маънавӣ мегиранд ва бо таассуроти бой ба диёри хеш бармегарданд. Бо як сухан, онҳо ошиқи мардуми пурҳунару меҳмондӯст ва табиати дилрабои Тоҷикистон ҳастанду ба расму оину ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ, шавқу рағбат доранд. Зеро Тоҷикистони соҳибихтиёру хуррами мо сол аз сол мероси табиӣ ва фарҳангии хешро барои ҷаҳониёне, ки аз ин неъматҳои моддӣ ва маънавӣ баҳра бурдан мехоҳанд, пешниҳод менамоянд.
Раванди сайёҳӣ барои мардуми кишварамон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки онҳо бо омадани сайёҳони хориҷӣ бо андешаву афкор, фарҳанг, муносибату муоширати хубу гуворои мардумони гуногуни олам ошно мегарданд, дар ин рабт ифтихори миллӣ ва фарҳанги мардум қавитар мегардаду сатҳи боло мегирад.
Заминаҳо, таҳкурсӣ ва роҳнамои соҳаи сайёҳӣ
Соҳаи сайёҳӣ, албатта, дар замина, таҳкурсӣ ва амали қонунҳо ва қонунгузориҳо пеш меравад, рушд меёбад, ташаккул мегирад. Заминаи қонунгузорӣ барои ҳар намуди амалиёт ва маҷмӯи муносибатҳо басо муҳиму зарурист.
Аз расонаҳои хабарӣ аён аст ва худи ҳаёт шоҳид аст, ки дар кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонамон заминаҳо, таҳкурсӣ ва ё худ чунонки мегӯянд, чаҳорчӯби қонунгузорӣ дар самти танзими муносибатҳо ва фароҳам овардани шароити инкишоф рӯз аз рӯз такмил ва рушд меёбад. Чунончӣ, дар самти иҷтимоию иқтисодӣ, ки соҳаи сайёҳиро низ дар бар мегирад, солҳои охир имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳои зиёд роҳандозӣ шудаанд. Яъне, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ заминаҳо, роҳнамо ва таҳкурсӣ – қонунгузориҳо, ҷиҳатҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ташаккул ёфта, тадбирҳои амалӣ, ҳадафманд ва мушаххас андешида шудаанд.
Тадбирҳои муҳим кадом самтҳоро фаро мегиранд?
Якум: аз пардохтҳои андозу гумрукӣ озод гардидани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ.
Дуюм: аз пардохти андоз аз фоида озод гардидани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият.
Сеюм: ташаккул ёфтани низоми соддакардашудаи раводид – шабакаи ягонаи электронӣ – барои шаҳрвандони 80 давлати ҷаҳон.
Чаҳорум: муқаррар гардидани беш аз 10 имтиёзи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ».
Агар ба ифодаи таҳлил рӯй оварем, равшану возеҳ мешавад: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин давлате ба ҳисоб меравад, ки ба сайёҳии дохилӣ афзалият дода, бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартибот дар бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон тадбири муҳиму заруриро роҳандозӣ кардааст. Яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шудааст. Боиси зикр аст, ки Қонун давоми ду сол таҳия гардида, моҳи июни соли 2017 ба тасвиб расидааст.
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – нишонаҳои фарҳанги бостонии миллати тоҷик буда, дар назар зебову дилфиреб, хотирмону хуш ҷилвагар мешаванд. Сайру саёҳати қадимаи ниёгонамон, ҳунарҳои мардумии миллатамон имрӯз бо сатҳу мазмуни нав, маърифату заковати тоза ва ҷилои пурнақшу тобиши замонавӣ то замони мо расидаанд. Дар ин самт аз Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон чунин иқтибос меоварем: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Дар асл ҳам ҳунарҳои мардуми тоҷик хеле зиёданду гуногунхеланд, бо ҳазор рангу ҷило зуҳур мекунанд, дидаву дил мерабоянд. Дастони ҳунармандон зебоӣ меофаранд, ки мазмуни болиғ доранд, ҳар кадом намуди касбу косибӣ саргузашт, қисса ва фасонае дорад, Аз ҳунар рӯзгори моддии мардумонамон таъмин мешавад, аз сайёҳӣ дар дохили кишвар низ ҷойҳои нави корӣ пайдо мегарданд, аз ҳама муҳим – тоҷикону Тоҷикистонамон ба ҷаҳониён бештар, хубтар ва пурфайзтар мероси ғании фарҳангиву маърифатӣ, табиӣ ва неъматҳои моддиву маънавии хешро пешниҳод ва муаррифӣ мекунанд.
Бузургон гуфтаанд, ки эҳтиёҷ модари имконият аст. Имрӯз сайёҳӣ эҳтиёҷ ба рушду таҳким дорад.
Ҳунарҳои мардумӣ эҳтиёҷ ба эҳё дошта, касбу кори касбҳои мардумӣ ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ватандориро ба таври густурда бедор менамояд. Ба ин маъно ишора намудан равост, ки сайру саёҳат, сайёҳиву боздид ва косибиву ҳунарҳои мардумӣ, агар ташбеҳ диҳем, монанди оби софу зулол аст, зеро об ҳеҷ гоҳ ба кас зарар намерасонад. Сайёҳӣ ва касбу косибӣ, ки ҳаётро пургулбун месозанд, ҳидоят бар сидқу вафодории меҳан менамоянд, мисли санг устуворанд.
Мухтори АБДУЛЛО,
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
аъзои Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон