Ҳусни назаррабои шоҳроҳи Хуҷанд – Fафуров
- Details
- Published on Thursday, 19 April 2018 09:17
Роҳ воситаи наздик кардани байни мардум ва пайвандгари дилҳост. Тавассути он инсон метавонад аз ҷое ба ҷои дигар сафар карда, барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи худ кӯшиш намояд.
Шоҳроҳи Хуҷанд - Fафуров роҳест, ки ҳамарӯза садҳо ҳазор нафар пиёдаву савора аз он гузашта, роҳи худро наздик ва мушкилоташонро бартараф менамоянд. Ободии роҳ агар барои тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароити хуб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва равуои пиёдагардон бошад, аз тарафи дигар идомаи кори бузургест, ки бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар анҷом дода мешавад.
Тайи чанд сол аст, ки бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои бунёдкориву созандагӣ босуръат идома доранд. Сол аз сол Ватани азизамон обод гардида, ба худ ҳусни зебое мегирад, ки воқеан, бунёдкору ташаббускор будани миллати тоҷикро бозгӯй менамояд.
Роҳи ҳафткилометраи Хуҷанд - Fафуровро шурӯъ аз оғози мавсими баҳорӣ гулпӯшу гулбасар мебинем. Кормандони муассисаи давлатии Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Бобоҷон Fафуров кӯшиш доранд, ки шоҳроҳ ҳамеша тозаву озода ва гулпӯш бошаду диққати ҳамагонро ба худ ҷалб созад.
- Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” моро зарур аст, ки ҳарчӣ бештару беҳтар ба мардум хизмат расонем. Агар ҳар нафари тавассути ин шоҳроҳ равуокунанда лаҳзае бошад ҳам, аз зебоии гирду атроф ва ободии роҳ баҳраманд гардад, худро хушбахт эҳсос хоҳем кард, - мегӯяд директори сарраёсат Мирзоғанӣ Эргашев.
Алҳол дар ин шоҳроҳ беш аз 53 ҳазор бех гули садбарги сафед, 52 ҳазор бех канаи сурх, инчунин гулҳои голландии питуния ва пагет шинонида шудаанд. Гулҳои ороишии кана, ёси ҳиндӣ ва ниҳолҳои сӯзанбарг қадди роҳро назаррабо гардонидаанд. Ҳамчунин, чароғи равшанидиҳанда, ки ба 210 симчӯб насб шудаанд, азнавсозӣ гардида, чароғакҳои ороишии намуди лола бо баргаш фурӯзонанд.
Болои симчӯбҳо мавҷудияти рамзи Нишони давлатӣ ва Тоҷ аз миллати тамаддунофар ва хештаншинос будани мардуми Суғдзамин гувоҳӣ медиҳад. Шиору овезаҳои 1300-рӯзи ободонӣ ва кабудизоркунӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ваҳдати миллӣ ва навиштаҷоти таблиғотӣ таҷассум ёфта, ҳусни шоҳроҳро дучанд зебо гардонидаанд.
Имрӯзҳо 30 корманди муассисаи давлатии Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзили коммуналӣ дар ҳамкорӣ бо 12 Ҷамоати деҳот баҳри ободию кабудизоркунии маҳалли зист заҳмат мекашанд. Ҳамчунин, имрӯзҳо дар майдони назди муҷассамаи Бобоҷон Fафуров корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дошта, масъулин мекӯшанд, то таҷлили ҷашнҳои миллӣ ин мавзеъро ободу зебо гардонанд.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”