Машъали рахшони адолат

Шоир, нависанда, рӯзноманигор, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар байни халқ мақому манзалати бузургеро соҳиб шудааст, устод Садриддин Айнӣ мебошад. Халқи тоҷик ин фарзанди фарзонаи миллатро на чун як сарвари сиёсӣ ё саркардаи низомӣ, балки ҳамчун як қаламкаши бемислу фаромӯшнопазир мешиносаду дар ҳар давру замон аз суханони пурҳикмати ӯ ёдовар мешавад. Воқеан, дар худшиносиву пойдории миллат, ваҳдату ягонагии мардум нақши хомаи ин нависандаи беназир назаррас аст ва моро пайваста мебояд аз навиштахои ин устоди сухан сабақ гирем.

Устод С.Айнӣ фаъолияти рӯзноманигорӣ ва публитсистии худро ҳангоми дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ ихтиёр карданаш оғоз намуда, ин пешаро то охири умр давом додааст. ӯ ба сифати муҳаррири адабӣ ва мушовир дар рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик» фаъолият карда, ҳануз солҳои 1919-1920 дар рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» бо имзоҳои мустаори «С.М.», «С.Х.», «К.А.», «С.К.», «С.А.», «М.» мақола, фелйетон ва шеърҳои ҳаҷвӣ навиштааст. Аммо фаъолияти публитсистии устод С.Айнӣ маҳз дар рӯзномаи «Овози тоҷик» инкишоф ёфтааст.

Ҳар нафаре, ки хунаш ҷӯш мезанаду «ман тоҷикам»,-гуфта фахр мекунад, биандешад, ки оё боре бе ҳеҷ баҳона, ақаллан «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ё «Ёддоштҳо»-и устод С.Айниро хондааст ё на? Агар на, биштобад, зеро ифтихори эшон бе мутолиаи ин ду китоби арзишманд ҳеҷ аст.

Сайёра Абдуллоева,
омӯзгори МТМУ №27-и ноҳияи Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh