Мулоқоти Раиси вилоят бо занону бонувони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои вилоят
- Details
- Published on Thursday, 12 April 2018 17:40
Рӯзи 12 апрели соли 2018 бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Қасри Арбоб мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо доираи васеъи ҳунармандони шаҳру ноҳияҳо, ки дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда мегузоранд, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, мудирони бахши кор бо занон ва оила, директорони литсейҳои касбӣ-техникӣ, мутахассисони муассисаҳои давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ”-и шаҳру ноҳияҳо, гирандагони грантҳои Президентӣ ва грантҳои Раиси вилоят дар соҳаи ҳунармандӣ, ҳунармандону тарроҳон ва дигар фаъолону фаъолзанони аҳли ҳунар иштирок намуданд.
Пеш аз оғози мулоқот дар саҳни Қасри Арбоб номгӯи зиёди маҳсули дасти ҳунармандон ба намоиш гузошта шуд. Раиси вилоят зимни боздид аз растаҳои гуногун ба маҳсули дасти ҳунармандон баҳои баланд дод.
Зимни суханронии худ дар ҳузури иштирокчиёни мулоқот Раиси вилоят таъкид намуд, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва ин тадбири наҷиб бешак барои эҷоди як марҳилаи муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат асос гузошт.
-Шаҳомати таърихии аҳли ҳунар ва умуман ҳунармандӣ дар фарҳанги мардуми мо бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ниёгони мо на танҳо ба ривоҷи ҳунар ва ҳунармандӣ нақши муассир гузоштаанд, балки ҳамчун мардумони фитратан соҳибҳунар аз касбу пеша ва ҳунарҳои мухталиф барои таъмини рўзгор ва беҳдошти авзои иҷтимоии хеш ба шоистагӣ истифода намуда, баробари ин миллати моро ҳамчун соҳиби падидаҳои нодири фарҳангӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Дар канори ин, мардуми тоҷик дар тӯли ҳастии таърихи хеш дар ихтироъ ва эҷоди навъҳои мухталифи ҳунарҳои дастӣ низ саҳми муносибе гузоштаанд, ки имрўз бо номи ҳунарҳои сирф миллии мо дар таркиби тамаддуни ҷаҳонӣ номнавис шудаанд, - таъкид намуд Раиси вилоят.
Зикр гардид, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҷдиду такмили онҳо дар баробари арзиш ва аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, яъне ба яке аз воситаҳои таъминоти зиндагонии аҳолӣ қарор додани ҳунармандӣ сабақҳои омўзандаи таърихиро низ соҳиб аст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин афзуд, ки натиҷаи ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мусоидат ба рушди ҳунармандӣ, хоса дар миёни бонувон буд, ки тайи чанд соли охир барои ба омўзиш ва таълим фаро гирифтани ҷавондухтарону бонувон, хоса дар деҳот корҳои муайяне ба сомон расонида шуда, имрўз шумораи умумии ҳунармандони вилоят ба 22 300 нафар расидааст. Ҳоло дар миқёси вилоят 264 марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ муваффақона фаъолият мекунанд, ки аз он 193 адад марказҳои адрасбофӣ ва 71 адад марказҳои қолинбофии дастӣ ба шумор мераванд. Дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят дастгоҳҳои матоъбофию қолинбофӣ насб гардиданд, ки шумораи онҳо имрўз 1081 ададро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади татбиқи муваффақонаи ҳадаф ва барномаҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин ҷиҳати эҳё, рушд ва истифодаи самарабахши ҳунарҳои мардумӣ, тараққӣ додани ҳунармандӣ тибқи қарори Раиси вилоят аз 16 феврали соли 2018 таҳти №40 Барномаи вилоятии “Рушди ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2018”-ро қабул намуд.
Ҳадафи асосии қабули ин барнома пеш аз ҳама таъмини рушди устувори ҳунарҳои мардумӣ дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят, қонеъ гардонидани талабот ба маснуоту маҳсулот, молҳову корҳо ва хизматрасонии самти ҳунармандӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа ба шумор меравад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шумораи грантҳои вобаста ба самтҳои ҳунармандӣ афзун гардида, барои бонувони ҳунарманду эҷодкор 60 гранти Раиси вилоят ба маблағи умумии 420 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд, ки занону бонувон метавонанд бо пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси худ дар озмун ширкати варзида, грантҳоро дарёфт намоянд.
Баъди суханронии Раиси вилоят дар вазъияти тантанави ба ғолибони озмуни вилоятии “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» туҳфаҳои моливу пулӣ супорида шуд.
Дар поёни мулоқот барои болидахтории иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд