«ОБ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН»
- Details
- Published on Wednesday, 11 April 2018 10:39
Бо ташаббуси клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Об дар ҳаёти инсон” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гардид. Мақсади тарғиб намудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ ва истифодаи самараноку сарфаҷӯёнаи ҳар қатра об мебошад.
Аксияи мазкур дар тамоми кӯчаву хиёбон, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва бозорҳои шаҳр аз ҷониби волонтёрон бо тақсими беш аз 250 адад маводҳои тарғиботӣ дар соҳаи об бо фарогирии сокинони Хуҷандшаҳр доир гардид.
Шодмон НУРМАТОВ