Шиносоӣ бо рафти корҳои таъмиру барқарорсозии Хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ
- Details
- Published on Sunday, 08 April 2018 13:42
Имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ корҳои таъмиру барқарорсозии Хонаи фарҳанги ҷамоат идома дорад.
Хонаи фарҳанг дорои 300 ҷойи нишаст буда, солҳои охир дар ҳолати хароб қарор дошт. Бо назардошти ҳолати ногувори иншооти фарҳангӣ он мавриди таъмир қарор дорад. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои навсозӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмон дастур дод, ки корҳоро бо сифати баланд ба анҷом расонанд ва ҷиҳати ободонии муҳити атроф низ чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ба ин иншооти фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 300 дона курсии нав ва қолин дастрас карда мешавад.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ кашидани хатти оби нӯшокӣ барои наздик 10 ҳазор аҳолии деҳа ҷараён дорад. Ин тадбир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва саҳми сокинон амалӣ гардида истодааст. Дар аснои шиносоӣ бо рафти корҳо Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар муҳлати пешбинигардида ба анҷом расонида шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд