Истаравшан: Осорхонаи кушоди таърихӣ
- Details
- Published on Tuesday, 03 April 2018 11:39
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 муайян гардида, ҳамзамон ба масъалаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ дода шудааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо таърихи ғании минтақаҳояш халқи аз азал меҳнатқарину созанда, бунёдкор, ҳунармандон ва мавзеъҳои тамошобоби истироҳатию фароғатиаш дар арсаи ҷаҳон ифтихор карда метавонад.
Яке аз чунин шаҳри қадима Истаравшани бостонӣ мебошад, ки онро «Осорхонаи кушоди таърихии Тоҷикистон» номем, хато намешавад. Истаравшан кишвари ғаллаҳои таърифии обӣ ва лалмӣ буда, қисми молии онҳо дар ӯротеппа ҷамъ шуда, аз он ҷо ба ноҳияҳои атрофи вилоятҳои ҳамсоя тақсим карда мешудааст.
Калимаи «теппа» маънии тал, пушта, кӯҳи паст, тӯдаи баландии хок ва регро дорад.
Дар топографияи таърихии ӯротеппа маҳз қисми теппаи он аҳамияти фавқуллода ва мақоми мудофиавию хоҷагӣ дошт. қатори ҳисорҳо ва хандақҳои мудофиавӣ аз нишебии теппаҳои шаҳриён мисли амфитеатр (тамошогоҳи болокушоди нишастгоҳаш гирда) зинамонанд аз соҳилҳои рӯди Сойи Калон то ҷониби теппаҳои Талу Муғ, ҷой гирифта буданд.
Теппаи ҷониби Fарб - Тал ва теппаи тарафи Шарқ - Муғ ном дошта, мувофиқи тадқиқоти бостоншиносон «Теппаи Муғ» маънии «Баландии марди рӯҳонии (коҳини) Зардуштиён (оташпарастон)»-ро дорад.
Одатан маъбади зардуштӣ-оташгоҳ ё худ оташкада дар болои теппа сохта мешудааст ва муғҳо ибодати тӯлонии худро дар болои он иҷро менамуданд.
Дар давоми 1500 сол (аз асри VI-и то милод то асри Х-и баъди милод) теппаи ҷониби шимолу шарқии ӯротеппа қароргоҳи муғон, ҷойи ибодатгоҳи зардуштиён буд.
Бинобар он, мавзеи мазкур то ба имрӯз бо номи «Теппаи Муғ» машҳур аст ва бисёр хурсандиовар аст, ки бо иқдоми неки роҳбарияти имрӯзаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан алҳол дар ин минтақа корҳои азими ободонию созандагӣ оғоз гардида, сохтмони «Амфитеатр»-и замонавӣ ва растаҳои ҳунармандӣ идома дорад, ки аз татбиқи бомароми дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии осорҳои таърихӣ ва ба сайёҳони дохилию хориҷӣ бо далелҳои асоснок муаррифӣ кардани таърихи куҳанбунёди давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Тибқи маълумоти мавҷуда шаҳри ӯротеппа дар асарҳои бостоншиносон бо номҳои Курушкадаю Киропол низ зикр гардида, ҳангоми таҷлили ҷашни 2500-солагии шаҳр (10 ноябри соли 2000) номи таърихии он – Истаравшан аз нав барқарор карда шуд.
Тадқиқотҳои илмии бостоншиносон ва дигар олимони бузурги сатҳи байналмилалии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, алалхусус, дар нимаи дуюми асри ХХ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Истаравшан дар тӯли мавҷудияти хеш дар арсаи ҷаҳонӣ бо таърихи куҳанбунёд, доираи васеи шоирону адибон, косибону ҳунармандони гулдаст, сокинони ҷасуру меҳнатқарин ва инсонҳои фозилу ободкораш маълуму машҳур буд ва ба арсаи сиёсату давлатдорӣ бисёр чеҳраҳои шинохтаро тарбия намудааст.
Доир ба таърихи гузарҳои Истаравшан китоби хеле пурмазмуни олими зиндаёд академик Аҳрор Мухторов таҳия шудааст, ки дар он номгузории маҳаллаҳои ин шаҳри бостонӣ бо касбу кори сокинонаш вобастагӣ дошта ва бисёр далелҳои раднопазир оиди саҳми мардуми Истаравшан дар бунёди осорҳои таърихӣ, рушди ҳунарҳои мардумию арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон баён гардидааст.
Яке аз гузарҳои марказии шаҳр Намозигоҳ ном дошта, он маънои идгоҳи шаҳрро дорад, яъне намози идҳои саиди Фитр ва Қурбон танҳо дар масҷиди «Ҳазрати Шоҳ»-и ин минтақаи шаҳр хонда шуда, таҷлили ин идҳо дар ҳудуди ҳамин маҳалла мегузаштааст.
Истаравшан аз қадимулайём маркази илму адаб ба ҳисоб мерафт.
Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хеле хуб мебуд, агар осори таърихии Истаравшан ва ҳунарҳои мардумии он ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ карда шуда, дар оянда ин минтақаи Тоҷикистони азизи мо низ ба маркази сайёҳии мамлакат табдил ёбад.
Ҷоизи зикр аст, ки алҳол бо ибтикору дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода китоби «Энсиклопедияи Истаравшан» таҳия гардида истодааст ва боварӣ дорем, ки он боз як асари бузург доир ба муаррифии таърихи ин шаҳри куҳанбунёд, ҳунарҳои аҷдодии он ва фарзандони барӯманди ин диёр гардида, роҳнамои меҳмонони дохилию хориҷии давлати мо баҳри дақиқтар шинос шудан ба мавзеъҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ хоҳад шуд.
Рушди босуботи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинон, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети маҳаллию умумидавлатӣ ва дар ин асос тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва ҳалли муаммоҳои дигари иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватанпарвар ҷиҳати сари вақт амалигардонии талаботҳои дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат (аз ҷумла, соҳаи сайёҳӣ) бояд саҳмгузор бошад.
Карамулло ОДИЛОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон