Наврӯз ва об рукни ҳаётанд!
- Details
- Published on Monday, 02 April 2018 15:42
Ҷомеаи меҳнатии КВД «Хуҷанд-обуканал» рӯзҳои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази вилоят дар иншооти обрасонии №7 чорабинии идонаи наврӯзӣ доир намуданд.
Ба ин муносибат деги суманак дар ҷӯш шуду дастархони наврӯзӣ боз гардид. Дар оғози тадбир аз тарафи роҳбарияти коргоҳ якчанд нафар коргарону мутахассисони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.
- Иштироки фаъолонаи коргарон ва мутахассисон, тамошои саҳначаҳои мухталиф табъамонро басо болида сохт. Хоса, ки ин чорабинӣ дар рӯзҳои ташрифи Пешвои миллат ба шаҳрамон баргузор шуд, боиси рӯҳбаландии кормандон гардид, - гуфт мутахассиси коргоҳ Бароатхон Мирмуллоева.
Сардори муассиса Абдуносир Қодиров зимни суҳбат иброз дошт, ки мо аз пазируфта шудани ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби ҷаҳониён басо шоду мамнунем. Воқеан ҳам дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин чорумин ташаббуси Сарвари давлатамон аст, ки марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ҷонибдорӣ мешавад ва ин ҳама далели боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Оғози даҳсолаи навбатӣ моро водор месозад, ки фаъолиятамонро дар самти боз ҳам беҳтару хубтар таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ тақвият бахшем.
Бозиву озмунҳои гуногун, аз қабили «Беҳтарин хаймаи наврӯзӣ», «Дастархони наврӯзӣ», саҳначаҳои мухталиф ва базми шеъру суруд ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданд.
А.АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»