Боздиди намояндагони вилояти Самарқанд аз "Қалъаи Муғтеппа"-и шаҳри Истаравшан

Нимаи дуюми рӯзи 27 март намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо мақсади иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба вилоят ташриф оварда буданд, аз шаҳри Истаравшан боздид намуданд. Ҳайати меҳмононро роҳбарияти шаҳр дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳр зери садои карнаю сурнай ва бо нону асал пешвоз гирифтанд.

Сипас, дар тарабхонаи “Се додарон” – и шаҳр бо иштироки сарояндагони шинохта чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ меҳмононро хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки бо ибтикори сарони давлатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз гардид ва муносибатҳои миёни тоҷикону ӯзбекҳо дубора барқарор гардид.

Нормурод Ҳасанов, раиси фонди “Нуронӣ” –и вилояти Самарқанд низ зимни суҳбат аз барқароршавии робитаҳо изҳори хушҳолӣ намуда, барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарият ва мардуми шаҳри Истаравшан изҳори сипос намуд.

Худи ҳамин рӯз ҳайати меҳмонон бо рафти корҳои сохтмониву барқарорсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қаълаи Муғтеппа” шинос гардида, бо дӯстони тоҷики худ расми хотиравӣ гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh