Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Ҳузури муборак ва хуҷастаи Иди байналмилалии Наврӯзи Аҷамро бо накӯтарин таманниёти самимӣ ба куллиҳамватанони азиз муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо иқболу саодат, комгориву тавфиқ ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Сокинони шарафманди вилояти Суғд чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки даар шароити кунунӣ воқеан ташаббусҳои Сарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад. Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.

Таҷлили ин ҷашни ҳумоюнӣ дар соле, ки бо иқдоми Пешвои миллат ҳамчун «Соли рушди  сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, шукӯҳи онро боз ҳам бештар мегардонад, зеро Наврӯзи Аҷам беҳтарин падидаҳои фарҳанги аҷдодии моро дар худ ҳифз намудааст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид наамудаанд: “Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросими густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд”.

Аз ин рӯ, яке аз суннатҳои зиндагисози Наврӯз, ки тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, анҷом додани амалҳои хайру савоб, бахусус дастгирии ятимону барҷомондагон, шахсони муҳтоҷу ниёзманд ва маъюбону пиронсолон аз ҷониби шахсони саховатпешаву савобҷӯй ва ба ин восита таъмин намудани ҳамбастагии хосу ом, мустаҳкам гардонидани риштаи дӯстиву  рафоқат ва ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеа мебошад.

Дар арафаи Наврӯзи имсола бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба фаъолият шурӯъ кардани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва аз ҷониби сарони ду кишвари ба ҳам дӯст ба имзо расидани бастаи муҳими санадҳои дуҷониба, ки аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, барои таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ байни халқҳои дӯсту бародар ангезаи тоза бахшид.

Боварии комил дорам, ки имсол аз ҳарсола бештар шукӯҳу шаҳомати Наврӯз бо падидаҳои нодири фарҳангиву ҳунарии худ ҷилвагар хоҳад шуд.

Бо чунин орзуҳои нек бори дигар фарорасии Наврӯзи ҷаҳониро ба тамоми мардуми шарифи вилояти Суғд самимона таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар файзу баракат, дастархони пур аз нозу неъмат ва нусрату пирӯзӣ орзу менамоям.

Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

Add comment


Security code
Refresh