Писанди сайёҳон

- Шаҳри Хуҷанд дар байни даҳ шаҳрҳои ҷаҳон чун шаҳри озодаву зебо шинохта шуд, - қайд кард намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар нишасти матбуотии ҷамъбасти соли ду ҳазору шонздаҳум. Дар ҳақиқат чанд соли охир маркази вилоят дар тозагӣ, озодагӣ, ободонӣ чун мавзеи писандидаи сайёҳон дониста шуда, аксари хориҷиён ҷиҳати ободонӣ, бунёди иншооти нав ва хизматрасонӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо баҳои арзанда доданд. Боиси ифтихор аст, ки имрўз Қасри фарҳанги бошукўҳу таърихии Арбоб, Боғи ҳамешасабзи ба номи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи фарҳангии «Истиқлол» ва гирду атрофи он, Маркази фарҳангии Суғдиён ва дигар мавзеъҳои шаҳр зебову дилрабо гаштаанд. Ба мушоҳида мерасад, ки дар мавзеъҳои фароғатгоҳ сокинони маркази вилоят ва гирду атрофи он ҳамроҳи пайвандони хеш то бегоҳ сайругашт доранд. Чароғонкунии кўчаҳо ва гулгаштҳо, бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёнаи замонавӣ ҳамаи ин аз соҳибистиқлолии Ватан, беҳ гаштани вазъи иқтисодии кишвар, ба истифода додани даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, сол аз сол зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ дарак медиҳанд.

Дар корҳои ободонӣ ва тозагии шаҳр дар қатори муҳандисон, сохтмончиён, корхонаҳои хизматрасонанда, аз ҷумла саҳми Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд низ назаррас аст. Имрўз дар ин коргоҳ 30 нақлиёти партовкашон ба 175 нуқтаи партовпарто хизмат мерасонанд. Ҳоло дар ин нуқтаҳо 780 қуттии партов мавҷуд аст, ки аз он 400 ададаш ба корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои тиббӣ ва маориф гузошта шудаанд.

Гарчанде мувофиқи талаботи стандарти ҷаҳонӣ нуқтаи партовгоҳ аз биноҳои истиқоматӣ дар масофаи 15 метр бояд дур бошад, мутаассифона, он на дар ҳамаи хонаҳои баландошёна риоя карда шудааст. Шояд дар баъзе мавзеъҳо бунёди номураттаби биноҳои баландошёнаи замонавӣ низ ба он боис гардида бошад. Дар ин бобат ҳангоми мусоҳиба бо намояндагони идораи оташхомўшкунӣ низ эрод гирифта шуда буд. Зеро баъзе соҳибкорон ҳангоми сохтмон масофаи байни биноҳоро риоя накардаанд, ки дар натиҷа дар ҳолатҳои нохуш нақлиёти оташхомўшкунӣ низ бемамониат аз байни хонаҳои баландошёна убур карда наметавонад. Ва ҳамин ҳолат боис гардидааст, ки масофаи байни биноҳои истиқоматии баландошёна ва нуқтаҳои партовгоҳ сарфи назар карда шаванд. Бо вуҷуди мавҷудияти монеаҳо кормандони КВДК хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд баҳри тозагии маҳаллаҳои истиқоматӣ, корхонаю ташкилотҳо кўшиш ба харҷ дода, партовҳоро сари вақт ҷамъоварӣ менамоянд. Нақлиёти партовкашон барои сокинони хонаҳои баландошёна ҳар рўз ва дар маҳаллаҳо тариқи бонгӣ ҳафтае як маротиба хизмат мерасонанд. Тавре сарвари коргоҳ Ҳайдарҷон Ишонқулов қайд мекунад, ҳафтае як маротиба ба маҳаллаҳо гаштан мувофиқи матлаб нест, вале аз рўи лоиҳаи тасдиқгардида, дар назар аст, ки гаштузори нақлиёти партовкашон дар маҳаллаҳои истиқоматӣ ҳафтае ду маротиба сурат хоҳад гирифт.

- Мо кўшиш ба харҷ медиҳем, ки хизматрасониро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар созем, хосатан дар маҳаллаҳо, зеро баъзе аз партов вобаста ба таркибаш ба саломатии инсон хатар дорад. Азбаски шумораи аҳолӣ рў ба афзоиш ниҳодааст, миқдори партовҳо ҳам зиёд аст. Хосатан, солҳои охир партовҳои сохтмонӣ, полиэтиленӣ, кимиёвӣ бештар ба назар мерасанд, ки ҳамаи он ба саломатӣ зараровар мебошанд.

Пурсида мешавад, ки партовҳои ҷамъоваригардидаро ба куҷо мепартоянд? Аз соли 1974 инҷониб партовҳо тибқи стандарти ҷаҳонӣ дар минтақаи шимолу шарқии мавзеи Мевағул дар чуқурии 10-20 метр гўрондаи шуда, болои он бо материали махсуси геотекстил, 30 сантиметр хоку 50 сантиметр шағал пўшонида мешавад. Ҳар рўз аз нуқтаҳои партовкашон 50 метри мураббаъ ва дар рўзҳои шанбе то ба 80 метри мураббаъ партов мекашонанд.

Алҳол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки таҷдид ва рушд созишнома баста шуда, чанде пас имкон пайдо мегардад, ки партовҳоро ба навъҳо ҷудо созанд. Чунин тарзи корбарӣ ба мо имкон медиҳад, ки баъзе аз навъҳои ҷудогардидаи партовҳо пас аз коркард дуюмбора мавриди истифода қарор бигиранд, - қайд кард зимни суҳбат Ҳ.Ишонқулов.

Дар коргоҳ 180 нафар фаъолият мебаранд, ки аксари онон собиқаи кории зиёда аз чилсола дошта, имрўз дастпарварони хешро доранд. Тавре кормандони коргоҳ, собиқадорони арсаи меҳнат, ронандагон Абдулаҳай Худойбердиев, Ҳомид Тўхтаев, таъмирчиён Ашрафбой Исломов ва Ҳусейн Дадоҷонов изҳор медоранд, баъзе аз бемориҳо аз ифлосиҳо сар мезананд, бинобар ин кормандон саъй доранд, кўчаҳои шаҳр ҳамеша тозаву дилкаш бошанд.

- Ба мо ҳам он хабари хуш расид, ки шаҳри мо чун яке аз беҳтарин ва тозатарин шаҳрҳои ҷаҳон шинохта шудааст, аз ин рў, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки тозакориро идома дода, дар озода нигоҳ доштани он, ки «Тирози ҷаҳон» меноманд, саъю кўшиш намоем, - гуфт дар анҷом сарвари коргоҳ Ҳайдарҷон Ишонқулов.

Т. АЛИЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh