Ҳунар – қосиди таърихи муштарак

Шукри давлати соҳибистиқлол ва пайдо шудани робитаҳои дўстиву ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки ҳунармандзанони маркази таълимӣ-истеҳсолии «Дугонаҳо» ва «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Монадҷон Осимова ва Иноят Орифова тавонистанд ба давлати ҳамсоя сафар карда, аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Тошканд дидан намоянд, дар баробари шиносоӣ бо маданияту фарҳанги ин кишвар аз нозукиҳои ҳунари адрасбофии ўзбекистониён аз наздик шинос шаванд.

Иноят Орифова бо хурсандӣ иброз медорад, ки алҳол барои давом додани касби аҷдодӣ-адрасбофӣ шароит муҳайё гашту насли навин метавонад бо ин ҳунари ниёгон ошно шавад, барои худ шуғли доимӣ пайдо намояду дараҷаи некўаҳволии хонаводаашро баланд бардорад. Адрасбофӣ барои оилаи Орифовҳо аҷдодӣ буда, ин ҳунари волоро Инояти ҳанўз замони наварўсӣ аз хусуру хушдоманаш ба пуррагӣ омўхта буд. Нусхаҳои «Пахта», «Таманно», «Шоми Хуҷанд», «Коса», «Анор» ва ғайраҳо он замон маълуму машҳур буда, харидорони зиёд доштанд. Муддате чанд ин ҳунари аҷдодӣ аз байн рафта бошад ҳам, боиси хушнудист, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомўзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир чанд сол инҷониб бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, атласу адрасбофӣ рушд карда, дар ин муддат дар вилоят зиёда аз 150 маркази таълимию истеҳсолӣ таъсис ёфтааст. Наздик 250 нафар ҳунарманд ин ҳунари аҷдодиро ба беш аз 1200 нафар шогирд омўзонида, нозукиҳои адрасбофиро сари наздик 500 дастгоҳи атласу адрасбофӣ нишаста, аз худ намоянд.

Ба Иноятҷони ҳунарманд, ки то имрўз ҳатто аз ҳудуди зодгоҳаш берун набаромада буд, таклифи сафари Ўзбекистон як қадар ҳаросро дар дилаш бедор кард. Аммо шавқу завқи шуғли пешакарда ва меҳру муҳаббати беандозааш нисбат ба ҳунари адрасбофӣ ўро ба ин сафар ҳидоятгар шуд. Зиёда аз ин мехост бо расму оин ва анъанаҳои мардуми кишвари дўсту ҳамсоя аз наздик шинос шавад.

- Бо тайёра парвоз доштему худро хушбахттарин дар ҷаҳон тасаввур кардам. Борҳо ба ҳамсафаронам, ки аз Хуҷанду Хатлон, Қўрғонтеппаву дигар мавзеъҳои ноҳияҳои тобеи Марказ буданд, муроҷиат карда, хурсандиамро пинҳон дошта наметавонистам. «Наход мо дар осмони Тоҷикистони азиз қарор дошта бошем» мегуфтам ба онҳо. Тавассути қатораи истеҳсоли ватании «Афросиёб»-и Ҷумҳурии Ўзбекистон сайри шаҳрҳои Марғелону Бухоро ва Тошканд доштем. Сари ҳар қадам дидани биноҳои истиқоматии қадимасохт, мағозаю марказҳои фурўши маҳсулоти дастӣ, аз қабили қолинбофиву гилембофӣ ва дигар маҳсулоти абрешимӣ шаҳодатгари он буданд, ки Тошканду Бухоро ва Самарқанд шаҳрҳои сайру тамошо ҳастанд. Шиносоӣ бо ҳунармандони Ўзбекистон ва маҳсули эҷоди онҳо бароям хеле писанд гашту бардоште барои худ намудам, - иброз дошт Иноят Орифова.

- Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2015 иқдоми неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи эҳёи анъанаҳои миллиро тамоми мардуми Суғдзамин ба некӣ пазируфтанд. Ҳоло шумораи марказҳои таълимию ҳунаромўзӣ ба маротиб зиёд гашта, занону духтарон бо омўзиш ва истеҳсоли ин ҳунари қадима машғуланд. Пас аз истироҳату фароғат ва сайри мавзеъҳои таърихӣ мо, як гурўҳ ҳунармандзанони суғдӣ бо нозукиҳои ҳунари адрасбофони тошкандӣ шинос шудем. Дар аввал гумон кардам, ки матоъҳои истеҳсолкардаи ўзбекистониён мисоли ҳунармандзанони мост. Аммо баъди шиносоии чандинрўза дарк кардам, ки фарқият байни матоъҳо дар ҳақиқат вуҷуд дорад.

Бофтани матоъ аз тарафи ҳунармандони тошкандӣ сурат гирифт, маро беихтиёр ба олами наврасию ҷавониам бурда, дилам лабрези шодию нишот гардид. Баробари ба кишвар омадан мо ҳамроҳи Иноятҷон ба зудӣ он чӣ, ки дида будему омўхтем, дар амал санҷиданӣ шуда, ба кор шуруъ кардем, ки натиҷаи хуб овард. Минбаъд кўшиш менамоем, ки матоъҳои нафису ҷилодорро пешкаши харидорон ва ҳаводорони либосҳои миллӣ гардонида, атласу адраси ватаниро дар тани духтарону занони тоҷик бубинем, - қайд намуд Монадҷон Осимова.

Таассуроти Монадҷону Иноятхон дар бобати сафари худ ба кишвари ҳамсоя ба андозае зиёд аст. Онҳо боварии комил доранд, ки ин ду халқи ба ҳам дўсту бародар бо эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ-сўзанидўзиву қуроқдўзӣ, кашидадўзиву гулдўзӣ, атласу адрасбофӣ метавонанд, пеш аз ҳама, рўҳи гузаштагонро шод гардонанд, маҳсули дастони онҳоро аз нав зинда карда, барои имрўзиён муаррифӣ намоянд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh