Гулбоғи ман аст дашту саҳрои Ватан

Санаи ёздаҳуми августи соли равон маро насиб гардид, ки ҳамроҳи 45 нафар кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ ба се шаҳри бузурги ҷумҳуриамон – Душанбеи ҳамешаҷавон, Ҳисори Шодмон ва Турсунзода, зодгоҳи шоири ширинкалом, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода сайр намоям.

Саёҳат бори нахуст дар дохили Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқўъ пайваст. Ростӣ, ин мавзеъҳо бароям ошно буданд, аммо имрўз пас аз сайругашт дарк кардам, ки ҳоло ман Ватанамро бо чашми дил нашнохтаам. На танҳо ман, балки дигар ҳамсафаронам низ бо таърихи кишвари биҳиштосоямон аз наздик ошно гардида, дар қалби ҳар яке эҳсоси сарфарозӣ аз Ватан, ифтихор аз Истиқлолияти миллӣ бедор мешуд, ки аз насими он имрўз баҳра бардошта истодаем. Чун ба ҳамсафаронам дида медўзам, онон аз айёми гул – гулшукуфоии диёр меболанду аз хирадмандпешагиву инсонпарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муддати на чандон тўлонӣ кишвари фаношудаистодаро чунон ободу зебо карда, мардуми парешонгаштаашро аз ҳар канору гўшаи олам ба зодгоҳ овардаанд, фахр доранд. Ва имрўз халқи сарбаланди тоҷик бо илҳоми саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба макони биҳиштосоямон кору зиндагии хуррамона доранд. Аз чашми ҳар як сокиноне, ки мо дар ин се шаҳри кўҳандиёр бо онҳо мулоқот оростем, сафои ризомандиро дарёфтем ва шукри Истиқлол, шукри даврони осоишта намудем.

Он субҳ нақлиёти мусофиркашони мо бо дуои пири кор, омўзгори варзидаи деваштичӣ Абдуазиз Абдурасулов ҷониби пойтахти Ватанамон – Душанбеи ҳамешаҷавон роҳ паймуд. Намояндагони се табақаи пешбарандаи ҷомеа – омўзгор, табиб ва кишоварз бо сўҳбатҳои гуворою пур аз меҳру муҳаббат, қаноатмандӣ аз фаъолият ва шукрона аз зиндагӣ бо роҳе, ки бо иқдоми Пешвои миллат хеле кўтоҳ гардидааст, тавассути нақбҳое, ки фарҳодсиратон синаи кўҳро шикофта, роҳ сохтаанд, ҷониби Душанбеи азиз рафтем. Вақте нақлиёти мо дар бағали кўҳҳои ноҳияи Айнӣ роҳашро идома дода истода буд, аз рў ба рўямон бо навиштаҷоти “Сафари сокинони Хатлонзамин ба вилояти Суғд” корвони нақлиёт омад. Аз роҳбалади мо - корманди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Зоҳиров фаҳмидем, ки Кумита мардуми Хатлонзаминро ба вилояти Суғд раҳсипор намудааст. Баробари наздик шудани ду корвони сайёҳӣ, гарчанде аз нақлиёт нафаромадем, аммо ҳар яке самимият ва меҳрубонии худро бо ишораи “дастафшонӣ” ҳадя кардем. Ба мардуми Хатлонзамин роҳи сафед хоста, дохили нақби “Истиқлол” гардидем. Дохили нақб чароғон, роҳҳо ҳамвор, дар муддати на бештар аз шаш дақиқа нақлиёти мо боз аз бағали кўҳ роҳро убур кард. Ин дам ҳамсафарони солдида ба ҷавонони мо – Нилуфархон Тоҷибоева – донишҷў аз шаҳри Бўстон, Нозимҷон Фатҳуллоев - омўзгори забони англисии мактаби ноҳияи Шаҳристон, Анвархоҷа Ҳасанов - мудири шўъбаи мутахассисони соҳавии КАТС-и шаҳри Исфара, Саидҷаъфар Азизов - мудири шўъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ гузаштаи роҳҳои пурпечутоб ва хавфноки Хуҷанд – Душанберо ёдовар гаштанд.

Дар қади роҳҳо чунин навиштаҷотро хонда будам: “Масофаро тай карда, қалбҳоро васл менамоем” ва ё “Роҳ – васлгари дилҳо”, ҳамин нақбҳои кандашуда буданд, ки масофаи байни вилояти Суғд ва пойтахтро наздик сохт ва рафтуомади мардум зиёдтар гашта, қалбҳо наздиктар шуданд. Мушоҳида кардам, ки баъди азнавсозии роҳҳо шумораи сайёҳони хориҷӣ низ зиёд гаштааст .

Табиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуғанӣ Юсуфов дар бораи хатти барқии 500 кВт, ки аксари симчўбҳои он дар бағал ва ё пастхамиҳои кўҳҳои осмонбўс гузошта шуда, то ба вилояти Суғд кашида шудааст, ёдовар гашта, мушкилоти солҳои қаблӣ, танқисӣ аз барқ ва имрўз чунин пешравиҳоро аз насими  Истиқлол донистанд.

Пас аз чанд муддат аз мавзеи ҳамешасабзи ноҳияи Варзоб ва оби мусаффои он, ки диққати моро ба худ кашида буд, дур шуда, вориди пойтахт гардидем. 

Душанбе - шаҳри ҳамешаҷавон

Мо, Суғдиёнро мардуми Душанбешаҳр бо нону ширинӣ ва навои карнаю рақсу суруду тарона пешвоз гирифтанд. Рубобу доира дар дасти наврасон бозӣ доштанд. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нўъмон Абдуғаффорзода ва ҳамроҳонаш самимона моро пешвоз гирифта, пас аз хайрамақдам арз дошт, ки чунин корвони сайёҳӣ дар дохили кишвар бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст рўи кор омад ва минбаъд бо мақсади аз наздик ошно гардидан аз диёри хеш ва дастовардҳои минтақаҳои гуногуни кишвар чунин сафари сайёҳиро зиёд хоҳем кард.

Сипас мо дар фазои замзамаи суруду тарона ба яке аз меҳмонхонаи қадимтарин бо номи “Вахш”, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст, маскан гирифтем. Баъди нисфирўзӣ аз шоми Душанбе – пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллӣ, Хонаи радио, Парчами давлатӣ, фаввораҳо, ки зери мусиқӣ “рақс” доштанд, дидан намудем. Зебогии шоми диёри сафед хастагиеро, ки дар роҳ бардошта будем, бартараф сохт.

Ҳисори Шодмон

Субҳи дигар нақлиёти мо бо роҳбаладии корманди Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ҷониби диёри қадимтарин, ки умри беш аз сеҳазорсола дошта, тавре ҳангоми пазироӣ раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Шарифзода қайд кард, соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо ЮНЕСКО сеҳазорсолагии он ботантана ҷашн гирифта шуда, соли пешин бошад, бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия ба шаҳри Ҳисор табдил ёфт. Ҳисор мавзеъҳои таърихии зиёд дорад ва яке аз шаҳрҳои қадима маҳсуб меёбад.

Корвони сайёҳӣ пас аз анҷоми мулоқот бо раиси шаҳр ҷониби Қалъаи Ҳисор роҳашро идома дод ва ҳамсафари мо - мудири шўъбаи эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон Ҷамшед Дадобоев, ки пас аз хатми донишкадаи тиббӣ муддате дар ин диёри бостонӣ фаъолият доштааст, аз дастовардҳои даврони Истиқлол моро ошно сохт. Қалъаи Ҳисор моро ба таърихи дур раҳовард гашт. Пеши назар асри кўҳан, корвони уштурҳо, хонигарии даврони асрҳои гузашта падидор гаштанд. Дар ин диёри кўҳан моро кормандони шўъбаи фарҳанги шаҳр бо рақсу таронаҳо дар васфи Ҳисори Шодмону дўстии халқҳо гарм истиқбол гирифтанд. Зикрулло Ҷобиров - директори мамнўъгоҳи таърихӣ - фарҳангии Муассисаи давлатии “Қалъаи Ҳисор” аз таърихи қалъа, дар баландӣ ва офтобрўя, дар болои теппа ҷойгир шуданаш, тибқи навиштаҷоти сайёҳи чинӣ Суан Сиян қаблан Шумон ном доштани Ҳисор нақлҳои зиёд намуд.

Қалъа девори мустаҳкам, бурҷҳо ва дарвозаи боҳашамат дошта, он аз се қисм – Куҳандиз, Уштурхона ва қўрғони кўлоба иборат аст. Дарозии мавзеи Куҳандиз 200 метр ва бараш 150 метр буда, дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ он қароргоҳи беки Ҳисор ва дар солҳои аввали инқилоби Шўравӣ аскарони сурх маскан гирифта буданд. Ҷануби ғарбтари Куҳандиз Уштурхона ном дошта, дар он биноҳои истиқоматӣ мавҷуд буда, хешу пайвандони бек истиқомат мекардаанд ва дорои чашмаҳои фаровон буд. Дар ҳудуди Қўрғончаи кўлоба бошад, аз рўи тадқиқоти бостоншинсон ҳаёт дар се давра ошкор гардидааст. Давраи аввал ба охири давраи Кўшониён (нимаи дуюми асри V), давраи дуюм ба ибтидои замони Кўшониён (асрҳои III – V-и милодӣ) ва давраи сеюм ба замони Юнони Бохтар (асрҳои III – II-и то милод) мансуб будааст.

Директори маҷмааи мазкур инчунин ба мо дар бораи мадрасаҳои кўҳна ва нав, ки дар муқобили қалъа ҷойгир шуда буд, маълумот дод.

Иқдоми нек

Мо вориди қалъа гардидем. Дар дохили қалъа растаҳо гузошта шуда буданд.

Вақте яке аз кулбаҳоро дидан намудем, риштаи пайвасти аҳолии минтақаҳоро ҳам аз ҷиҳати ҳунармандӣ ва ҳам фарҳангӣ дарк кардам. Чанд сол қабл бо ташаббуси Пешвои миллат дар саросари кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд марказҳои бозомўзии ҳунармандон дар бахшҳои гуногун таъсис дода шуда буд. Дар қаламрави вилоят он рушд ёфта, баҳри аз назар гузаронидан аҳолии шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он ба вилояти Суғд ташриф оварда буданд. Дар ҳамин сафар чанд нафар хоҳишмандон аз шаҳрҳои Душанбе, Ҳисору дигар вилоятҳо дар бобати омўзиш ба марказҳои ҳунаромўзии шаҳру ноҳияҳои вилоят номнавис гардида, аз ҳунари бофандагию дўзандагӣ, ресандагию сўзанидўзӣ воқиф шуданд. Духтараки ҳисорӣ Гулнора Муҳаммадиева давоми ду моҳ дар Маркази омўзишии шаҳри Конибодом аз касби бофтани матои атласу адрас огоҳ гардида, бо ду дастгоҳ ба зодгоҳаш баргашта, сехи бофандагӣ таъсис дода, модару хоҳарон, инчунин чор нафар ҳамсояҳоро бо касби адрасбофӣ ошно сохтааст. Ин чанд нафаре, ки дар ин ҷо фаъолият доштанд, аз чунин иқдоми шоистаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сипосгузории хешро изҳор доштанд. Ҳангоми аз дўкон берун баромадан овози шодиомези се нафар сайёҳони кореягӣ диққати моро ба худ кашид: онон ба рангҳои гуногуни атласу адрас бо ҳавас нигариста, аз онҳо харидорӣ намуданд. Бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки дар даврони соҳибистиқлолият нақбҳои бунёдгардида, на танҳо роҳ, балки қалбҳоро пайваст сохт.

Ваҳдат ин осоиши ҳар хонадони тоҷик аст,

Рўшании эзидӣ дар ҷисму ҷони тоҷик аст.

Осорхона – бозгўи саҳифаҳои таърих

Дар даромадгоҳи шаҳри Турсунзода корвони сайёҳии моро бо садои карнаю таронаҳо намояндагони соҳаи фарҳанг бо роҳбарии мудири шўъбаи кор бо ҷавонони шаҳр Умед Халилов пешвоз гирифтанд. Пас аз пазироӣ аз осорхонаи яке аз коргоҳи бузургтарин – Корхонаи воҳиди давлатии алюминии Регар (Талко) дидан намудем. Ҳар як аксҳову маводҳои гузошташуда, сипосномаҳову ҳарфи дили намояндагони табақаҳои гуногун аз шаҳру навоҳӣ ва давлатҳои хориҷӣ нишон аз саҳифаи таърих буданд ва мо он рўз тавонистем дар бораи фаъолияти коргоҳи мазкур дар солҳои мухталиф огоҳӣ ёбем. Намунаҳои маҳсулоти истеҳсолкардашуда дар солҳои гуногун аз сехҳои прокати варақаҳои алюминий, васли созаҳои филизӣ, зарфҳои тефлонӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Боғи фирдавс аст ин ҷо...

Боғи фирдавсро агар ҷустан, дидан хоҳед, ба мулки ҳамешабаҳор, ки бо дасти марди кор, боғбон, ангурпарвари асрҳои ХХ ва ХХI Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов рўи кор омадааст, ба шаҳри Турсунзода қадам ранҷа фармоед. Гўиё дар биҳиште қарор дошта бошем. Ва ин ҷо роҳбалади мо аз вилояти Суғд Акмалҷон Оқилов - мутахассиси пешбари шўъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят гуфтореро ёдовар шуд: “Худо аз хўрдану ошомидан дур, агар мехўрд, мехўрд нону ангур”. Баробари ба боғи фирдавсмонанди Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ворид гардидан аксарият ҳамин гуфтаҳоро ёдовар шуданд.

Воқеан, вақте тавассути нақлиёт шаҳри Турсунзодаро гузар доштем, дар назди ҳавлии ҳар як сокини маҳаллӣ токзорҳо буданд ва бе муҳобот ҳар як сар ангур аз 2 то 5 кило вазн дошт. Мардуми ин диёр бо ангурпарварӣ шўҳрат доштаанд ва дар бозори он ангурҳои хуштаъми гуногун ба фурўш бароварда шуда, аз ҳамсоямарзи Ӯзбекистон харидорони зиёде бо нақлиёт равуо доштанд. Шукри даврони Истиқлол, ки риштаи дўстии халқҳо боз бо ҳам пайваст гардида истодааст.

Ангури “Мерседес”

Гоҳо аз оинаи нилгун ташрифи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин диёр медидем ва имрўз аз шаҳомати дасти мўъҷизаофари деҳқонон аз наздик ошно гардидем.

Воқеан, тавре мушоҳида кардем, ангурпарварӣ хоси мардуми шаҳри Турсунзода будааст, зеро ҳавлии ҳар яке аз ин сокинонро токзорҳои на он қадар баланд, вале дорои навъҳои гуногуни ангур зеб медоданд. Ва чун ба манзили ин пири хирад наздик шудем, он биҳиштро мемонд. Аз як ҷониб майдони калону васеи ангурзор ва дар ҷониби дигар гулу буттаҳое парвариш меёфтанд, ки аз давлатҳои хориҷӣ оварда шудааст, ба монанди беди саҳроӣ, манголия, тагреша, заранг, нахли банан, шоҳбулут, булданеҷ, реестра, ёсумани русӣ ва ғайра чашмрабову хеле зебо буданд. Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ин навъи гулу буттаҳоро аз ҳар сафаре, ки аз ин ё он давлат анҷом додааст, бо худ овардааст. Майдони ангурзор 150 гектар масоҳат дошта, дар он навъҳои гуногуни ангур - шоҳона, ҳусайнӣ, тоифӣ, то ҳатто ангури парваришкардаи худи деҳқони рўзирасон бо номи Мерседес диққати ҳамаи моро ба худ кашид.

Барои дар фасли сармо ба сокинон пешниҳод кардани ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ даҳ адад яхдони ғунҷоиши ҳар яке 6 бар 12 метр мавҷуд буда, дар онҳо аллакай яшикҳои ангур ҷой дода шудаанд. Дар ин яхдонҳо дар мавсим беш аз панҷсад тонна ангур ҷойгир мешудааст. Мутаассифона, мо натавонистем бо пири кор аз наздик ошно гардем, зеро ў дар чорабинии кишоварзии шаҳри Сочии Федератсияи Русия ширкат доштааст ва бо фотеҳаи фарзанди Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов - Раҳмоналӣ роҳро идома додем.

Атри гул аст мавҷхез, анбару мушк мавҷрез,

Корвони мо боз ҷониби шаҳри ҳамешабаҳору ҳамешаҷавон – Душанбе равон гардид. Саёҳати навбатии мо дидани ҶДММ Маҷмааи Кохи Наврўз буд. Баробари дидани шаҳомату зебогии Кохи Наврўз хаёлан худро дар олами афсона эҳсос кардам. Ин қасри бошукўҳи кохи фарҳангӣ- фароғатӣ собит сохт, ки сарзамини биҳиштосои мо дорои ганҷҳои нуҳуфтае ҳаст. Исботи ин гуфтаҳо қаср пурра аз сангҳои нодиру қимматбаҳои ватанӣ, ба монанди лоҷуварду ёқути кабуду фирўза бунёд гардидааст.

Дохили бино аз чанд толор иборат буда, ҳар яке бо санъати хоси миллӣ ороста шудааст. Тавре роҳбалади маҷмааи фарҳангӣ - маишии Кохи Наврўз арз дошт, қаср бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкорону бонки “Ориёнбонк” бунёд гардида, дар он тамоми ҳунармандони гўшаву канори ҷумҳурӣ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Дар ин бино, ки онро осорхона низ метавон номид, бештар аз 40 ҳазор метри мураббаъ нақши дастии ҳунармандони тоҷикро дидем. Вақте дар бораи меъмори он замон бисту ҳафтсолаи истаравшанӣ Самеъҷон Азизов ва истеъдоди нотакрори ў дар бунёди ин қасри афсонавӣ роҳбалад нақл кард, Акмалҷон Оқилов аз он, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардидааст ва чунин иқдом нишони эҳтироми Сардори давлат нисбат ба ҷавонони саодатманди диёр мебошад, ки онро ҳанўз чанд сол муқаддам дар симои чун Самеъҷон аламбардорони диёр эҳсос намудаанд. Аз ин рў, ҷавонон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, онон нерўи ояндасози ҷомеа мебошанд. Саидҷаъфар Азизов, мудири бахши ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ гуфтаҳои А. Оқиловро қувват дода, арз дошт, ки бахшида ба Соли ҷавонон дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор шуда истодаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббус ва пешниҳоди ояндасози ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам месозад. Бар ивази чунин ғамхориҳо мо, ҷавононро зарур аст, ки даст ба даст дода, аз ҳарвақта бештар корро ҷонноктар намоем.

Роҳбалад моро ба ҳамаи толорҳо, ки яке аз дигаре зеботару пур аз нақшу нигори гуногун буданд, роҳнамоӣ дошт. На танҳо сохтмон ва нақшу нигори он, балки ҳар як толор рамзи худро дошт. Ба қавли шоире: “Атри гул аст мавҷхез, анбару мушк мавҷрез”.

Толори Гулистон аз чўби кедр, ки аз Федератсияи Русия дастрас гардидааст, дар назари аввал бўи ҷангалзорро мемонд. Дар як худи ҳамин толор дар масоҳати 6,5 ҳазор метри мураббаъ кори дастӣ масраф шудааст. Дохили он 16 метр ва 16 сутун дорад, ки он низ рамзан бо рақамҳои баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар санаи 16 ноябр дар Қасри таърихии Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мувофиқат доштанд. Сутунҳои кандакорӣ кардашуда яке ба дигаре монандӣ надоштанд, ба қавле устоҳои чирадаст дар ҳунармандӣ байни худ мусобиқа варзидаанд. Дар рўи фарш бошад, наздик 60 навъи чўб истифода шудааст.

Чароғакҳову сутунҳои толори баландтарини маҷмааи Кохи Наврўз Зарандуд ном дошт. Чўбҳои кандакоришудааш аз дарахти чормағзи сурх иборат буда, он аз худи сарзамини мо истифода шудааст. Баландиаш 36 метр ва диаметраш ҳам 36 метрро дар бар мегирад. Он гумбази калонтарин дар Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, он ҷо ҳам 16 сутуни карнайшакл дорад ва маҳсули меҳнати гаҷкорони шаҳри Хуҷанд мебошад. Вазни қандилаш 6 тоннаю 700 кило буда, 1600 дона чароғак дорад ва бо технологияи махсус барои иваз кардан ва тоза кардани чароғакҳо поён фароварда мешавад. Фарши он ҳам бо як санъати хоса аз чўб чида шудааст.

Маҷмааи Кохи Наврўз дорои толорҳои оинабандӣ, тўйхона, сабти наво, билярд, боулинг, маркази савдо, мағозаи ҷавоҳирот, клуби шабона ва ошхонаи миллӣ буда, ҳамеша дар хизмати халқ мебошанд.

Чанд ҳарфи дил

Мо дар ин чанд рўзе, ки ба сифати сайёҳ мавзеъҳои таърихии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзодаро давр задем, дар худ таассуроти бой гирифтем ва чанд нафар аз ҳамроҳонам андешаи хешро иброз доштанд:

Зебоҷон Аминова, - директори литсейи ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд:

- Қаблан толибилмонро барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии фаннӣ меовардем ва азбаски фикру хаёламон ба озмун банд буд, чунин манзараҳои дилрабои пойтахти азизамонро гўиё бори аввад дида истодаам.

Шўҳрат Зиёбоев - табиб, номзади илмҳои тиб, мудири шўъбаи Беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд:

- Шукри Истиқлолияти давлатиро дорам, ки имрўз ба чунин дастовардҳо ноил гардидаем. Шаҳри бостонии Ҳисори Шодмон, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, бароям бисёр хотирмон буд.

Лутфӣ Неъматзода-шоираи русзабон аз шаҳри Гулистон:

- Пеш аз ҳама ман дар ин сафар ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ ва соҳибистиқлолии кишварро дарк кардам. Маро насиб гардид, ки яке аз аввалинҳо шуда чун сайёҳи дохилӣ ба шаҳрҳои овозадори Тоҷикистон сафар намоям. Аз ин шаҳрҳои таърихӣ тавассути навиштаҳо дар нашрияҳо огоҳ будам, вале имрўз аз таърих ва комёбиҳои он аз наздик воқиф гаштам.

Ҷамшед Дадобоев-мудири шўъбаи эҳёи Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон:

 - Ман соли 2013 донишкадаро хатм карда, муддате дар пойтахт фаъолият доштам ва ба сифати табиб ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода ҳам омадаам. Аммо тағйироте, ки дар тўли чор соли охир рух додааст, маро чун шаҳрванди Тоҷикистон хеле шод гардонид. Аз чеҳраи мардуми ин мавзеъҳо, аз сайругашти ҷавонону наврасон метавон гуфт, ки ҳамагон дар фазои Истиқлол зиндагӣ доранд. Ташаккур, ба ташкилкунандагони чунин чорабинии бошукўҳ.

Шоми он рўз дар саҳни Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт ба муносибати Рўзи байналмилалии ҷавонон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе консерт баргузор шуд ва субҳи дигар муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода моро гусел карданд, ҳамагон арзи сипос намуданд.

Саёҳати хотирмон

Субҳи рўзи сенздаҳуми августи соли равон корвони сайёҳии мо аз ҷониби шаҳри Душанбе ва корвони вилояти Хатлон аз ҷониби вилояти Суғд ба роҳ баромада, боз дар ҳамон мавзее, ки бо ҳам рў ба рў гардида будем, бо ҳам омадем ва аз симои ҳар яке маълум буд, ки саёҳат хотирмон гузашт.

Гулбоғи ман аст дашту саҳрои Ватан,

Дунёи ман аст рўи зебои Ватан.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
барандаи Ҷоизаи вилоятии журналистон
ба номи Ҳоҷӣ Содиқ.
 Хуҷанд - Душанбе - Ҳисор - Турсунзода – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh