Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад

Аз 21 то 26-уми августи соли 2017 дар вилояти Суғд ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор мешавад.

Дар доираи ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузории як қатор чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Исфара дар назар аст. Фарҳангиёни ВМКБ бо баргузор намудани маҳфилҳои фарҳангӣ ва пешниҳоди намоишномаҳо дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”, Маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мавзеи таърихии ёдгориҳои Саразм, Қасри Арбоб, Маҷмааи Ҳазрати Шоҳ ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Мирраҷаб Додхоҳ, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва ғайраҳо боздид хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh