Саёҳати як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд ба шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода саёҳат намуданд.

Гурӯҳи 45 нафараи сокинони касбу кори гуногуни вилоят, аз ҷумла кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҷавонони фаъол нахуст ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии пойтахти мамлакат боздид намуданд. Сокинони вилояти Суғдро дар шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода низ гарму самимӣ истиқбол намуданд ва саёҳати гурӯҳ дар ин шаҳрҳо низ хотирмон сурат гирифт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки як гурӯҳ сокинонои вилояти Хатлон низ иборат аз 45 нафар омӯзгорон, табибон, кормандони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷавонон ба вилояти Суғд ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ боздид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh