Нахустнамоиши филми «Тангно»

Филми ҷадиди «Муассисаи давлатии Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо номи «Тангно» моҳи Сентябр ба экранҳои калон мебарояд.

Нахустнамоиши ин филм санаи 4-ум Сентябр дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Бино ба  иттилои продюсери филм Дилошӯб Орифзода филми «Тангно» санаҳои 4-ум ва 5- уми сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

 Сипас, аз санаи 11-ум то 18- ум Сентябр  филми мазкур дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд,  аз 12- уми сентябр то 13- уми октябр дар шаҳри Конибодом ва  аз 14- ум то 30- юми сентябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент пешкаши ҳаводорони синамои миллӣ хоҳад шуд.

Филм аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и нависандаи маҳбуби тоҷик Сорбон ва дар коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия ва пешниҳод шудааст. Дар зодгоҳи нависанда, деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент дар давоми 96 рӯз сабт ва қариб ҳашт моҳ танзим, садогузорӣ ва оҳангпардозӣ гардидааст.

Филм муамоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосирро инъикос намуда, мушкилот ва пайомадҳои мухоҷирати меҳнатиро бозгӯ шудааст ва аз вазнинии рӯзгори писараке бо номи Армон, ки падараш ба Рассия рафта, дигар барнагаштааст қисса мекунад. Нақши марказии филмро Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст.

Ҳунарманди маҳбуб Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова низ аз чеҳраҳои марказии ин филм мебошанд. Гуфтанист, ки дар филми «Тангно» симоҳои нав хеле зиёд муаррифӣ шудаанд, ки тариқи кастинг ба синамо роҳ ёфтанд. Беш аз 10 нафар кӯдаки синни  аз 4 то 13 сола низ  дар ин филм нақш бозидаанд.

Ҳайти ҷавони киностудияи «Суғдсинамо» директории филм Осими Орифпур, наворбардорон Комил Урунбоев ва Акмал Абдураҳмонов, рассом Тоҳири Назар, пардозгар ва рассоми либос Абдуазиз Абдураҳмонов, ёварони коргадон Темур Султонов, Абдусафо Қосимов, ёвари продюсер Карамтуллои Нор, ёвари наворбардор Қобилҷон Шарпов, ёвари рассом Сӯҳроб Муллошоев, нурпардозон Фаридуни Музаффар ва Даврон Восидӣ, оҳангсоз Зайнидин Каримов, танзимгар ва созандаи эфектхои везуалӣ Фарҳод Ғаффорпур, садобардор ва садогузорон Фаррух Мамадов ва Алишер Каримов таҳияи филмро дар соли ҷавонон тӯҳфаи арзанда барои тамошобинон медонанд.

Гуфтанист, ки «Суғдсинамо» аз 1-уми марти соли 2015 ба фаъолият оғоз карда то имрӯз се филми ҳунарӣ- «Коса», «12 соли интизорӣ» ва «Тангно», филми хуҷатии «Духтари сайхун»-ро ба навор гирифтааст.

 Мадина ҲАКИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh