Баҳри пойдории оила
- Details
- Published on Thursday, 10 August 2017 10:36
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шўъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ин мусоидат ба барпо намудани оилаҳои пойдор ва пешгирии вайроншавии он ба ҳисоб меравад. Давоми шашмоҳаи аввали соли 2017 дар вилоят 50967 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида шуданд.
Аз ҷумла 27237 сабти таваллуд, 7505 сабти ақди никоҳ, 1977 қайди берун аз мўҳлати таваллуди кўдакони навзод, 2109 сабти бекоркунии ақди никоҳ, 1340 ҳолати сабти муқаррар кардани падарӣ, 139 ҳолати сабти фарзандхонӣ, 4656 сабти иваз кардани ном ва номи падар ба қайд гирифта шудаанд.
Ин нукта зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби сардори шўъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Муқаддама Ҳошимзода қайд гардид. Ҳамчунин гуфта шуд, ки вазифаи дигари шўъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ин расонидани ёрии амалӣ ба ҷамоату шаҳракҳои деҳот мебошад.
Тавассути нақшаи кории ҳар як шўъба ё бахш дар нимсолаи соли 2017 аз 113 ҷамоати шаҳраку деҳот дар 72-тои он оид ба иҷрои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самти соҳа ёрии амалӣ расониданд.
Дар ин давра 16 ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд дар шўъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Боиси таассуф аст, ки дар натиҷаи бекоркунии 2109 ҳолати сабти никоҳи оилаҳо 1502 нафар кўдаки ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо дур мондаанд.
Суолу ҷавоби рўзноманигорон бо масъулини соҳа анҷомбахши нишасти матбуотӣ гардид.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”