Ҷозибаи Ҳафткӯл

Ҳафткўл яке аз силсилакўлҳои табиии Тоҷикистон буда, дар кўҳистони Фони қаторкўҳҳои Зарафшон воқеъ аст.

Кўҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкўҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо Фон дарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кўлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дар кўҳҳои Фон беш аз 30 кўли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпўши кўҳӣ сарчашма мегирад. Кўлҳо дар бари кўҳ пораҳои наву кўҳнаи лағҷида ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи обшавӣ ва ҷойивазкунии пиряхҳо ба вуҷуд омадааст. Дар миёни онҳо кўлҳои Марғузор ё Ҳафтнозанини Шинг бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Кўлҳои Марғузор аз ҳафт кўли фирўзаранг иборат буда, силсиламонанд тавассути водии васеи дарёи Шинг ҷорӣ мешавад. Кўли аз ҳама пасттарин дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кўли дувум дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кўлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст ва тамошои кўлҳои баланд душвортар буда, роҳи он мушкилгузар аст. Кўли охирин дар баландии 2400 метр воқеъ гардидааст. Сокинони маҳаллӣ мегўянд, ки ҳар касе аз тамошои он баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кўлҳои Марғузор ва бахусус кўли Мижгон бо ранги ғайри оддии обаш хеле зебо мебошад. Нуриҳои минералии дар об ҳалгардида ҳатто ба кафки оби дарёи шўхи Шинг низ ранги осмонӣ медиҳад. Вақте дарёи саркаши Шинг ба кўл ворид гардида, ором мешавад, оби он ба худ ранги ғализи кабуд ва бунафшрангро мегирад.

Дар бораи пайдоиши кўлҳои мазкур ривояте мавҷуд аст, ки замоне дар ин дара оҳангаре сукунат доштааст, ки соҳиби 7 духтари нозанине будааст. Рўзе ҳокими ин мавзеъ духтари хурдии оҳангарро дида, ба ў ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ буд, ки ўро ба никоҳи ҳоким дарорад, вале худи духтар ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ҳамсари ин марди пир гардад. Ва духтари зирак ба чунин қарор омад, ки барои ба шавҳар баромадан назди хостгорон шартҳои худро мегузорад, зеро бовар дошт, ки ҳокими пир аз иҷрои шарти ў ҳеҷ гоҳ баромада наметавонад, ҳокими солхўрда гўё аз нерўи ишқ болупар гирифта бошад, ки шарти гузоштаи духтари оҳангарро дар зарфи 40 рўз ба ҷо оварда, як қасри зебои тиллоие бунёд намуд. Духтари ҷавон чораи дигаре наёфта, дар рўзи тўй бо либоси арўсӣ аз боми қаср худро ба замин меафканад ва ҷон медиҳад. Гўё дар ҷойи фавти ў кўли Мижгон пайдо шуда, кўлҳои дигар аз ашки хоҳарони ў ба вуҷуд омадаанд.

Ривояти дигаре ҳам ҳаст, ки дарёчаи Шинг беҳад беқарору шўх будааст. Ҳеҷ намехоҳад байни кўҳҳо ором ҷорӣ шавад. Аммо ин ба кўҳҳо намефорад ва дарёчаро сарзаниш мекунанд ва пеши роҳашро мебанданд. Акнун ба дарёча лозим меояд, ки дар ҳафт ҷо таваққуф карда, баъдан ба водӣ ҷорӣ шавад. Ҷиҳати илмии пайдоиши ин силсилакўҳҳоро ба заминларза вобаста медонанд, ки пас аз он дар чанд ҷойи Шинг даракўчиши кўҳ анҷом мешавад ва пеши роҳи дарёча баста мегардад. Ин ҳодиса айнан монанд аст ба ҳаводиси кўли Сарез ва ё Искандаркўл.

Мижгон

Мижгон ном дорад кўли аввал. Аз ҷиҳати сохт ва шакл ба Мижгон ҳеҷ рабте надорад, аммо дар зебоӣ беназир мебошад. Нисбат ба кўлҳои баъдӣ сад ранг асту хеле соф. Вобаста бо вазъи боду ҳаво ранги бунафш, нилобӣ, сурх, кабуд ва дигар рангҳоро низ мегирад. Нисбат ба дигар кўлҳои Шинг дара дар поён оби дарё аз сатҳи баҳр дар баландии1596 метр воқеъ аст. Аз эҳтимол дур нест, ки чанд бор вайрон ҳам шудааст. Чуқурии кўли Мижгон ба 20 метр мерасад ва дар 0,05 км мураббаъ масоҳати худро ҷой кардааст.

Соя

Номи кўли Соя бо виҷагиаш ҳамрадиф аст. Дар андаки рўз кўлро соя фаро мегирад ва ранги обаш тиратоб мешавад. Атрофи ҳар кўлро чанд деҳае печонидааст, аммо шояд аз камзаминӣ бошад, мардум гирди онро ҳамчу маскан барои худ написандидаанд. Кўл аз сатҳи баҳр дар баландии 1700 м ҷойгир шуда, 100 метр паҳно дорад.

Ҳушёр

Кўли ҳушёр бар ба бари кўли Соя ҷой шудааст, аз оби он мардуми деҳаи Гулдара истифода мекунанд. Воқеан ҳам, ин дара ғарқи гул аст ва гулистонро мемонад. Якбора чанд намуди зиркро аз ин дара ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Мардуми деҳоти гирду атроф тирамоҳ ба Гулдара барои зиркғункунӣ мефароянд ва ин шуғли асосии онҳо дар ин фасли сол мебошад. Ба зебоии Гулдара кўли ҳушёр ҳусни хосро зам кардааст. Ранги кўли ҳушёр бо кабудиаш андак аз кўлҳои дигар тафовут дорад, зеро рўшантар аст.

Нофин

Нофин - кўлест пур аз муаммо, сир ва ривояту устураҳои қадима. Ранги он сурх аст ва ривоят ҳам аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ва ҳамин тавр ҳар ҳафта ранги кўл моил ба сурхӣ мекардааст. Мардуми маҳаллӣ чандин бор инро мушоҳида кардаанд. Нофин маънои мобайн ва ё худ марказро дорад. Болои он деҳаи Рарз ҷойгир мебошад. Ин мавзеъ тобеи Панҷакенти қадим будааст. Ҳокимони Суғд аз Самарқанду Бухоро барои фароғат ва истироҳат ва фориғ шудан аз ташвиши корҳои давлатдорӣ меомадаанд. Ҳоло ҳам агар гузари нафаре аз сайёҳон ба инҷо афтад, пеш аз тамдиди роҳи сафар дар Рарз таваққуф мекунанд. Кўли Нофин аз сатҳи баҳр дар баландии1179 м. ҷойгир шудааст. Кўл 0,58 км мураббаъ масоҳат дорад. 2750 м тўл мекашад, бараш қариб, ки182, чуқуриш 41,3 метр аст. ҳадс мезананд, ки оби он қариб ба 6 млн. мукааб мерасад. Гурунтош ном муйсафеди маҳал замоне ба ин ҷо моҳӣ аз қабили гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ овардааст ва аз ҳамон вақт кўли Нофин шикоргоҳи моҳӣ аст.

Хурдак

Оби Нофин аз ҳисоби наҳрчаи Ангор пур мешавад, ки аз кўли панҷум Хурдак мерезад. Ин кўл бо исмаш тавъам мебошад, зеро дар байни ҳама кўлҳо кўчактар аст. Як бор дар ин кўл нерўгоҳ ҳам сохтаанд, ки тамоми дараи Шингро бо барқ таъмин мекард. Кўли Хурдак аз сатҳи баҳр дар баландии 1183 м. ҷой гирифта 240 м. дарозӣ ва 0,06 км. мураббаъ масоҳат дорад. Табиати ин ҷо то ҳадде нотакрор аст, ки гул даруни санг ҳам ҳоким аст.

Марғзор

Ин кўл нисбат ба дигар кўлҳои ҳафтгона калонтар аст. Дар баландии беш аз 2139 метри мураббаъ об гирифтааст, дар 2650 м тўл мекашад. Шоҳидон мегўянд, ки дар гузашта сатҳи об боз ҳам баландтар будааст ва аз сабаби боло шудан аз даргот сатҳи он 25 метр коҳиш ёфтааст. Дар аёми баҳору тобистон гирду атрофии он аз ҳисоби гулу гиёҳҳо сарсабз мешавад, аз ин хотиронро Марғзор номидаанд. Ҷои писандидаи сайёҳон аст. Мардум дар болои он деҳаи оби ҳаёт ва канораш деҳаи Чакиро обод кардаанд. Аз ин кўл пулакчамоҳӣ шикор кардан мумкин аст.

Ҳазорчашма

Об ба дохили кўли ҳазорчашма аз ду тараф аз дараи сурх ва Марғзор ҷорӣ мешавад. Ин кўл дар дараи нисбатан васеъ ҷойгир аст. Ин аст, ки сокинони маҳаллаҳои поёнии Оби ҳаёт, Сари сангпул, сойи Марғзор ин мавзеъро тобистони дароз (аммо ин ҷо он на он қадар дароз аст), ҳамчун чарогоҳ истифода мебаранд. ҳатто оғилҳои худро дар ҳаминҷо бунёд кардаанд. Кўли ҳазорчашма нисбат ба дигар кўлҳо сабуру ором аст ва рангаш сиёҳчатоб мебошад. Аҷиб он ки аз ҳафткўл танҳо кўли Марғзор ва ҳазорчашма дар фасли сармо ях мебанданд ва барои мардум ҳамчун пул хидмат мекунанд. Об дави ин кўлҳо касро мутаҳаййир месозад. Яъне, аз кўли 7-ум ба кўли 6-ум об ба таври муқаррарӣ тавассути дара ҷорӣ мешавад. Кўли 6-ум обрав надорад ва поёноби он гумм мешавад оби он бо тайи замин ба кўли 5-ум мерезад. Болои он мардум хона сохтаанд. Ва ин раванд то кўли поёнӣ айнан ҳамин хели дома меёбад. Хуллас, дар кафткўл омилҳои зиёде ҳастанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба хеш ҷалб мекунад.

Таҳияи
Шаҳноза ҲОМИДОВА

Add comment


Security code
Refresh