Равнақи соҳибкории бонувон
- Details
- Published on Wednesday, 09 August 2017 08:29
Дар Ҷамоатҳои шаҳраки шаҳри Гулистон, аз ҷумла Адрасмон, Консой, Гулистон, Зарнисор, Сирдарё, Навгарзан баҳри рушди ҳунарҳои миллӣ, меҳнати хонагӣ марказҳои ҳунаромўзӣ таъсис дода, занону духтарон ба касбомўзӣ ҷалб карда шуданд. Дар ҳар марказ 2-3 ададӣ дастгоҳҳои бофандагӣ гузошта шудаанд.
То ин вақт 206 нафар бонувон ҳунарҳои алоча, атласу адрас, беқасаббофӣ, ҳамчунин тайёркунии ашёи хомро аз пахта ёд гирифта, соҳиби сертификат ва ҷойи кор шуданд. Бо эъҷози дастони бонувони шаҳри Гулистон 2560 метр атласу адрас, 450 метр алоча бофта шуда, дар ҳудуди шаҳр ба фурўш бароварда шуд.
Адибахон Бобоҷонова-устоди касби атласу адрасбофӣ ба қарибӣ ғолиби озмун ва соҳиби гранти Раиси вилоят ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ гардид. Бо ин маблағ ин бонуи соҳибкор дар лагери «Уқобча»-и Ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов сехи бофандагӣ таъсис дода, ба духтарони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон адрасу атласбофиро омўзонида истодааст. Ман низ соли равон соҳиби гранти Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гаштам ва ба шогирдон бофтани нусхаҳои қадимии атласу адрас, беқасаб, алоча, кешбофӣ ва дигар касбҳоро омўзонида истодаам.
Адолат ҲОҶИЕВА,
сарвари Маркази таълимӣ-
истеҳсолии шаҳри Гулистон