Кафолати зиндагии шоиста

Мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», суханронӣ ва дастуру ҳидоятҳояшон бобати такмил ва риояи бечунучарои он имрўзҳо мавриди таваҷҷўҳи кулли мардум мебошад. Мухбирамон бо чанд нафар аз одамони касбу кори гуногун ҳамсўҳбат гардида, фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба ин мулоқот пурсон шуд.

Қосимҷон Юлдошев, кишоварз: - Солҳои охир як раванди нохубро тахмин кардам, ки дар арафаи иду айёми саид нарх дар бозор якбора боло рафта, ба ҷойи арзон шудан хусусан маводи ғизо, баръакс қиммат мешавад. Иловатан дар бозорҳо нисбат ба хариди маводи ғизоӣ чунон шўру шар бармехезад, ки дар ҳақиқат чун гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Гўё имрўз ё пагоҳ зиндагӣ ба охир мерасида бошад». Ҳол он ки шукр замонаҳо тинҷу ором, сериву пурӣ аст. Мо - офарандагони неъматҳои моддӣ ба қадри кофӣ донаи умед ба замин киштаему Худованд насиб гардонида бошад, ҳосили фаровон хоҳем гирифт. Самараи қабул ва амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун деҳқон ман дар файзу баракати корҳои деҳқонӣ мебинам. Ба шарофати қабули ин Қонун меҳру муҳаббат байни мардум, хусусан, мо - кишоварзон бамаротиб афзуд, ки заминаи ба даст овардани ҳосили фаровон гардид. Шояд вақти он расидааст, ки тавассути қонунгузориҳои амалкунанда масъулияти корчаллонҳои бозорнишин, ки рўзҳои арафаи иду айём дар фурўши маҳсулоти ниёзи аввал ба беинсофӣ роҳ медиҳанд, муайян карда шавад?!

Саҳобахон Ҳусейнова, алоқачӣ: - Дар он мулоқоти бонуфуз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мақоми зан дар танзими расму оинҳо басо муассир садо доданд: «Бонувони моро зарур аст, ки ба қадри оила ва заҳмати ҳамсарони худ расанд ва нагузоранд, ки онҳо баъд аз маъракаҳои серхарҷу серташвиш қарздор ва ба азобҳои рўҳӣ гирифтор шаванд».

Мо, занон иқрор мешавем, ки гоҳо паи ҳавову ҳавас ва таассуб ба ҳамсоягон ҳамсарони худро ба хароҷотҳои барзиёдӣ, ҳатто бо қарз гирифтан «орзуҳои худу фарзандон»-ро амалӣ месозем. Ҳол он ки зиндагӣ худ ҳаками бузург аст ва борҳо нодурустии ин амалро исбот намудааст. Кам нестанд, ҳодисаҳое, ки баъди тўй ҷавони навхонадор маҷбур аст, ҳамсарашро монда, барои баргардонидани маблағҳои қарзи тўй ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад. Ё ин ки байни қудоҳо дар бобати ин масъала баҳсу мунозира то ба ҳадди ҷудошавиҳои навхонадорон рух диҳанд. Аз ин рў, таклиф мекунам, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъулияти бонувон дар масъалаи фавқуззикр ба инобат гирифта шавад.

Маъруфшех Холшехов, омўзгор: - ман сад дар сад ҷонибдори ҷорӣ кардани омўзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба барномаи муассисаҳои таълимӣ ҳастам. Зеро мактаб ячейкаи асосии таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонист.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамоянд: «Ба роҳ мондани омўзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда барои такмили донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, дар рўҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ ба камол расонидани насли наврас, ҳамчунин аз синни наврасӣ истифода намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳои конститутсионии онҳо мусоидат мекунад».

Мо бояд мутахассисони варзидаи қонуншиносро дарёфт кунем ва таълими онро ба таври самаранок ба роҳ монем, то ки хонанда ба моҳияти ин ду қонуни ҳаётан муҳиму зарур дуруст сарфаҳм равад.

Тоҳирҷон Қудратзода, сохтмончӣ: - Дуруст аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар заминаи сарфаи маблағ тавассути ихтисор намудани хароҷотҳои беҳуда ба афзоиши барпошавии оилаҳои ҷавон мусоидат кард. Вале маро ҳамчун як шаҳрванд дар ин замина вайроншавии оилаҳои ҷавон сахт ба ташвиш гузоштааст. Ин нукта дар баромади Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид гардид: «ҳар сол аз шумораи умумии ақди никоҳи оилаҳои ба қайд гирифташуда 10 фоизи онҳо, бахусус оилаҳои ҷавон бекор мешаванд».

Сабаби он боз ҳам дар суханронии Пешвои миллат таҳлили амиқ ёфт, ки барҳақ мегўянд: «Зану шавҳар дар ягон ҷо таҳсил накарда, касбу ҳунар наомўхтаанд, падару модаронашон ба онҳо эҳтироми калонсолон, нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, пастиву баландии рўзгор ва дигар масъалаҳои мустақилонаро ёд надодаанд».

Пешниҳод мекунам дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба масъулияти волидон нисбат ба соҳибҳунар ва ё соҳибмаълумот намудани фарзандон то ба ҳаёти мустақилона баромадан, банде илова гардад.

Нодира Абдураҳмонова, ҳуқуқшинос: - Мулоқотро тавассути оинаи нилгун тамошо кардаму аз маълумоти омории дар суханронии Пешвои миллат оварда оид ба қонуншиканиҳо дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сахт ба ҳайрат омадам: «Вайронкунии талаботи Қонун сол ба сол тамоюли афзоиш дорад. Соли 2007 судҳо ҳамагӣ 60 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар ин самт баррасӣ намудаанд. Вале ин рақам соли 2017 ба 784 расидааст, ки нисбат ба соли 2007-ум 13 баробар зиёд мебошад». Ҳол он ки асоси заиф гардидани пояҳои давлатдорӣ ва пастравии сатҳи некўаҳволии мардум ана ҳамин гуна қонуншиканиҳост.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор сохтанд, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин бамаротиб зиёд намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки талаботи Қонунро риоя намекунанд, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. Ҳамчун ҳуқуқшинос таклиф мекунам, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вайронкунандагони Қонун қатъитарин ҷазоҳо муқаррар карда шавад, то ки он ба дигарон сабақ гардад.

Мафтуна Қуддусова, донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров: - Дар мулоқоти бонуфуз бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷи- кистон» Пешвои миллат ба мо - ҷавонон насиҳати падарона карда гуфтанд: “Онҳо бояд дар интихоби ҳамсар ва ҳифзу пойдории оила низ кўшиш намоянд ва дар риояи муқаррароти танзими ҷашну маъракаҳо ҳиссаи худро гузоранд”.

Ман имрўз аз номи ҷавонони вилояти Суғд гуфта метавонам, ки ин панди Пешвои миллатро мо чун дастури раҳнамо дар ҳаёти минбаъда истифода хоҳем кард. Ба андешаам қабул ва татбиқи ин Қонун пеш аз ҳама, ба мо - насли ҷавони кишвар, ба таъмини ояндаи пурсаодати зиндагиамон нигаронида шудааст. Зеро сарфаю сариштакорӣ аз омилҳои асосии пешрафти рўзгори инсон маҳсуб мешавад.

Чун пешниҳод шудааст, ки омўзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда шавад, дар навбати худ таклиф мекардам, ки омўзиши ин ду Қонуни ҳаётан муҳим тариқи машғулиятҳои иловагӣ дар макотиби олӣ низ ташкил карда шавад.

Мусоҳиб
Абдуғафур АМИНЗОДА,
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh