ЭЪЛОН: Озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» доир мешавад
- Details
- Published on Monday, 31 July 2017 16:25
Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, тарғиби ғояҳои олии худшиносии худогоҳӣ, ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки ниёгон нисбат ба китобу арзишҳои маънавӣ ба муносибати ҷашнҳои 25-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 100 - солагии китобхона ва Соли ҷавонон бо иштироки фаъолонаи толибилмони мактабҳои миёна, хонандагони литсею гимназияҳо озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ»-ро эълон менамояд.
ШАРТҲОИ ОЗМУН:
1. Толибилме, ки дар озмун ширкат кардан мехоҳад, бояд ҳамчун истифодабарандаи расмии китобхонаи ин ё он деҳа, шаҳрак ва ё шаҳр ба қайд гирифта шуда, соҳиби варақаи хонанда (формуляр) бошад.
2. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон ва кумитаи тадорукот рӯйхати китобҳои мутолиакардаашро ҳамроҳ бо шарҳи мухтасари мундариҷаи асари бадеӣ (то як саҳифаи чопӣ барои як асар) пешниҳод намояд.
3. Ба ҳар иштирокчӣ ҳайати ҳакамон интихобан 5 савол аз рӯи мазмуну мундариҷа, сюжет, персонажҳо, муаллиф ё тарҷумони асар медиҳанд.
4. Ба ҳар як ҷавоб то 10 хол гузошта мешавад.
5. Барои ширкат дар сабқат хонандае роҳ меёбад, ки на камтар аз 20 китоби бадеӣ хонда бошад.
Даври аввали озмун аз 15.06.2017 то 5.10. 2017 доир гардида, даври ниҳоии он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷамъбаст мегардад.
Fолиби асосии озмун бо планшет ва дигар иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ қадрдонӣ мешаванд.
Дар ин бора маълумоти муфассалро дар саҳифаи эълонҳои сомонаи www.asiri.tj пайдо карда метавонед.