Маблағи як маърака 5127 сомонӣ

Оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2017 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов раиси ноҳия Комил Салимзода зимни нишасти матбуотӣ ба рўзноманигорон маълумот дод.

- Натиҷаи олимпиадаҳои фаннии вилоятӣ нишон дод, ки сатҳи донишомўзии хонандагони ноҳия сол аз сол боло меравад. Дар олимпиадаҳои даври вилоятӣ 102 нафар хонанда иштирок карда, 19 нафарашон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд. Аз 14 нафар иштироккунандаи олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 5 нафар хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ дар кишвар гардиданд,- зикр дошт Комил Салимзода.

Ҳамчунин қайд гардид, ки ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда яке аз мақсадҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб ёфта, айни ҳол шумораи занони роҳбар дар ноҳия 225 нафар мебошад.

Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бонувон ба атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар шаш ҷамоати шаҳраку деҳот марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ амал мекунанд, ки дорои 20 дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 28 дастгоҳи қолинбофӣ мебошанд. Ҳунармандони марказҳо ба 209 нафар занону бонувон ҳунарҳои аҷдодӣ омўхта, дар ин раванд онҳоро ба идомаи кори мустақилона ҳидоятгар мешаванд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Дар ин давра дар ноҳия 296 адад тўи домодию арўсӣ, 167 адад хатнасур, 159 адад маъракаи чил, 117 адад маъракаи сол, дар маҷмўъ 739 адад тўю маърака гузаронида шуданд.

Хароҷоти умумии маъракаҳо ба се миллиону 789 ҳазору 335 сомонӣ баробар буда, хароҷоти миёнаи як маърака ба маблағи 5127 сомонӣ рост меояд.

Кишоварзони ноҳия ба майдони 585 гектар картошка, 8020 гектар ғалладонагиҳо, 5075 гектар зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 4966 гектар пахта, 1395 гектар сабзавот, 126 гектар полезиҳо, 2474 гектар зироатҳои хўроки чорво кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ кишти зироатҳои такрорӣ 2090 гектар ба нақша гирифта шуда, то миёнаҳои моҳи июл иҷроиши он 1931 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 92, 4 фоизро дар бар мегирад.

Суолу ҷавоби рўзноманигорон бо масъулини соҳаҳо анҷомбахши нишасти матбуотӣ гардид.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh