Экотуризм: Ҳадаф ва дурнамои он

Ба ақидаи коршиносон ва олимону мутахассисон дар вазъияти мавҷуда яке аз соҳаҳои афзалиятноки баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ – иҷтимоии минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон рушди туризм ҳисоб меёбад. Туризм имрўзҳо аз ҷумлаи соҳаҳои босуръат инкишофёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисон айни ҳол туризм баъди саноати коркарди нафт ва техникаи компютерӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҷойи 3-юмро ишғол мекунад. Маҳз бо рушди туризм Ҳиндустон, Непал, Бутан, Туркия, инчунин як қатор мамолики Араб, Аврупо ва Амрико босуръат тараққӣ карда, аз даромади сайру саёҳат дар рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ самаранок истифода мебаранд. Дар 40 мамлакати ҷаҳон туризм сарчашмаи асосии буҷет ба ҳисоб рафта, дар 70 мамлакати ҷаҳон бошад, яке аз се манбаи асосии буҷети давлат маҳсуб мешавад.

Аз ин рў, мушкилоти таъсис додани шаклҳо ва усулҳои нави хоҷагидорӣ дар фаъолияти сайёҳӣ, такмил додани системаи фароғату сайёҳӣ ҳамчун яке аз механизмҳои такрори истеҳсолӣ ва таблиғоти арзишҳои табиӣ – экологӣ ва маданӣ – таърихии минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон аз ҷумлаи рушди иқтисодӣ – иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Туризми ҳозиразамон дорои соҳаҳои зиёде мебошад ва шумораи онҳо сол ба сол вобаста аз талаботи аҳолӣ афзуда истодааст. Дар байни соҳаҳои сершумори туризм, соҳаи нав ва афзалиятноки он – туризми экологӣ солҳои охир рў ба тараққӣ ниҳодааст.

Бо назардошти аҳамияти хоси ин соҳа солҳои охир дар ҷумҳурӣ марказҳои нави сайёҳӣ ташкил шуда, рушд ёфта истодаанд. Марказҳои кўҳна таҷдиду барқарор ва шумораи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи табиат, аз қабили мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, паркҳои миллии тамошобоб сол ба сол зиёд мешаванд. Шумораи сайёҳоне, ки ба тамошои чунин ҷойҳои шоёни таваҷҷўҳ ва аҷоиби табиат мароқ доранд, беш аз пеш меафзояд.

Минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон дорои нерўи бойи сайёҳӣ буда, қисми ҷудонашавандаи раванди ҷаҳонии сайёҳӣ ба шумор мераванд ва нисбат ба дигар минтақаҳои кўҳии Осиёи Марказӣ ин ҳудуд бо мақсади туризм камтар истифода шудааст.

Имрўз вобаста аз боигарӣ ва гуногунии захираҳои экотуристӣ, минтақаҳои гуногуни кўҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла дар болооби водии Зарафшон- кўҳистони Фон, кўлҳои Аловиддин, Пиёла, Хиратоб, Искандаркўл, Кўли калон, Чуқурак ва Бибиҷаннат, ҳафткўли дараи Шинг ва ағбаҳои Аловиддин, Лодан, Чуқурак, Зурмеч, мамнўъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Ромит» ва дараи Варзоб дар мавзеъҳои ҷануби ҷумҳурӣ, Боғи ботаникии «Бадахшон» ва кўлҳои Сарез, Қарокўл, Рангкўл, Зоркўл, Булункўл, Яшилкўл, Тузкўл дар Кўҳистони Бадахшон, минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҷолиби таваҷҷўҳ қарор гирифтани табиати минтақаҳои кўҳистони Тоҷикистон дар он аст, ки дар ин ҷо кўҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои бузург, кўлҳои баландкўҳ, биёбонҳои алпӣ, намудҳои сершумори набототу ҳайвоноти эндемӣ ва реликтӣ, обҳои минералию нарзании хунук ва гарм, ҳайкалҳои таърихӣ – маданӣ, ландшафтҳои кўҳӣ ва кўҳию ҷангалӣ, ҳудудҳои беҳамтои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ – кўҳӣ ва ғайра мавҷуданд.

Аз давраҳои қадим одамон саёҳат мекарданд. Лекин чунин саёҳат аз мақсад, ҳайати иштироккунандагон, вақт ва ҷойи он, мундариҷа, характер, давомияти саёҳат ва ғайра вобастагӣ дорад.

Ҳамин тариқ фаҳмиши маънии туризми экологиро чунин номбар кардан мумкин аст: экотуризм – ин намуди махсуси фаъолияти сайёҳӣ мебошад, ки он ба қонеъ намудани талаботҳои соҳа оид ба азхудкунии табиат ва гузоштани саҳми худ дар ҳифзи системаи экологӣ бо эҳтироми ҳатмии мақсадҳо, риояи қоидаҳою урфу одатҳои халқҳои маҳаллӣ равона шудааст.

Дар айни ҳол мушаххасоти зиёди экотуризм мавҷуд аст, ки ҳар кадоме аз онҳо ин ва ё он тарафҳои муҳимро муайян мекунад.

Дар байни мушкилоте, ки назди экотуризм қарор доранд, хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ ба шумор меравад. Доираи касбу коре, ки барои соҳаи экотуризм хос аст, ниҳоят васеъ мебошад. Хусусиятҳои асосии барои шахсони дар соҳаи экотуризм шуғлдошта ин муносибати доимӣ бо одамон аст.

Аз ин лиҳоз, ҳар касе, ки дар соҳаи экотуризм фаъолият кардан мехоҳад, бояд дорои чунин сифатҳои нозук, ба монанди сабру таҳаммулпазирӣ, хушмуомилагӣ, хайрхоҳӣ ва боэътимодӣ бошад. Дар аксарияти касбу корҳое, ки бо экотуризм вобастагӣ доранд, донистани забонҳои хориҷӣ ниҳоят муҳим аст.

Дар экотуризми байналхалқӣ амалиёти сифатноки хизматрасонии сайёҳон – яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Дар бозори байналхалқии сайёҳӣ сифат ва маданияти хизматрасонӣ аз ҳама аслиҳаи пурқувват дар муборизаи рақобатнок ба шумор меравад. Мақсади асосии фирмаҳои сайёҳӣ ин қаноатманд намудани талаботҳои мизоҷон мебошад.

 Холиқ ШУКУРОВ,
мудири шўъбаи Осорхонаи
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ,
 шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh