Истаравшан ба шаҳри сайёҳӣ табдил меёбад

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан нишасти матбуотии раиси шаҳр Баҳром Иноятзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Нахуст раиси шаҳр доир ба ҷамъбасти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2017 ба ҳозирин маълумот дод. Зикр карда шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷроиши нақшаҳои пешбинишудаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 102,2 фоиз иҷро гардид. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ба буҷет ба ҷои 68,1 млн. сомонӣ 69,6 млн. сомонӣ маблағ ворид гашт. Нақшаи пешбинишудаи даромад ба буҷети маҳаллӣ бошад, ба андозаи 104,1 фоиз иҷро гардид.

Дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар соли 2016-ум 432,7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар ин давра Майдони Ғалабаи шаҳр пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, дар мавзеи таърихии “Қалъаи Муғтеппа” айни замон корҳои ободонӣ ва азнавбарқароркунӣ бомаром идома доранд. Инчунин дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳр 4 корхонаи саноатии хурду миёнаи нав, аз ҷумла, ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Нигин 5” (истеҳсоли пойафзол), “Адл” (истеҳсоли бозичаҳои бачагона), ҶДММ “Суруш 77” (истеҳсоли орд) ва “Шукронаи илҳом” (истеҳсоли хишти пухта) ба фаъолият шурўъ намуданд.

Ҳамзамон, бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61, деҳаи Найман сохтмони се синфхонаи иловагӣ, дар деҳаи «Кунҷок» сохтмони чор синфхонаи иловагӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21, деҳаи Чорбоғ шаш синфхонаи иловагӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №59 се синфхонаи иловагӣ, деҳаи Сўфи Ориф чор синфхонаи иловагӣ, деҳаи Ругунд шаш синфхонаи иловагӣ ва деҳаи Боғи Калон ҳашт синфхонаи иловагӣ бо маром идома доранд.

Ҳамчунин Баҳром Иноятзода доир ба мушкилот, дастовард ва нақшаҳои соҳаи сайёҳии шаҳри Истаравшан, ки метавонад бо фароҳам овардани инфрасохторҳои зарурӣ ба як шаҳри сайёҳӣ табдил ёбад, маълумот дод. Дар охир раиси шаҳр ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои мушаххас дод.

Шералӣ Ҷалолов,
шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh