“Дастархондорӣ” асири қарз шудан аст
- Details
- Published on Wednesday, 26 July 2017 09:15
Аз қадимулайём мардуми тоҷик чун меросбарони фарҳангӣ дорои расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки чунин маъракаҳо дар худ ҷавҳари покиву ахлоқиро таҷассум мекард. Боиси таассуф аст, ки бо гузашти солҳо ин расму оини мардумӣ дар такя ба фарҳанги бегона моҳият ва арзиши миллии худро каме гум намуд. Мардуми мо мутаассифона, ҳанўз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияташон ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва ғайра ба сарфи маблағҳои зиёд роҳ медиҳанд.
Соле пеш дар роҳ шиноси деринамро дидам, ки чеҳраи ғамолуд дошт. Чун сабаб пурсидам, бемориашро баҳона кард. Аммо аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки аз чизе ғам мехўрад. Самимона аз кору рўзгораш пурсон шудам. Иқрор шуд, ки пас аз тўйи арўсии духтараш аз бонк қарздор шудааст. Азбаски фоизҳои бонк баланданд, имкони саривақт супоридани маблағро надорад. Барои ҳамин ба ғаму андўҳ печидааст. Ба ў гуфтам, наздики 10 сол мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад ва мувофиқи он исрофкорӣ дар тўй мумкин нест, дўстам бо ҳасрат иброз дошт, ки ҳамин қонунро худи сокинон дидаву дониста, сарфи назар мекунанд, банди таассубу тақлид гардида, худрову оилаашонро ба кўчаи сарбаста ва навмедӣ мебаранд. Агар ҳол чунин мебуд, имрўз ман ва ман баринҳо дар домони қарз намеғўтидем.
Мутаассифона, солҳои охир махсусан дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он муносибати таассуб кардан мушоҳида гардидааст. Рўирост бояд иқрор шуд, ки имрўз масъалаи баргузории тўйи арўсӣ дар хонадони духтар мушкилоти рақами як шудааст. Ба ҷуз он ки волидайн 18-20 сол духтари хонаводаро бо меҳру муҳаббати зиёд тарбия намудаву хононда, рисолати падариву модарии худро анҷом медиҳанд, боз ҳини хонадоршавии духтарашон вазифадоранд, ки шурўъ аз волидони домод то додару хоҳарони ў, гузашта аз ин, авлоду аҷдоди қудоҳоро бо либосҳои гароннарх таъмин намоянд.
Ҳамчунин волидони духтар вазифадоранд, ки тамоми ашёву анҷоми рўзгори навхонадоронро таъмин намоянд. Аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ки мардум побанди таассуб гардида, маросимҳои домодталабону келинталабонро бо маросими хатнасур рўйпўш мекунанд.
Дар ин маросимҳо аз ҷониби волидайни арўс тақдими тилловориҳо, калиди мошин, хона ва дигар бисоти зану шавҳар гўё расм шудааст. Аҷибаш ин ки ягон нафар аз ҷониби падар ва модар, хешовандони арўс аз ин шикоят намебаранд, мўҳри хомўшӣ ба даҳон мезананд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи ҳама бадбахтиҳо, нофаҳмиҳо маҳз аз ҳамин пулу мол, аз бисоти хонадон сар мезанад.
Инро фаъолияти яксолаи гурўҳҳои «Мушоҳидон» ва «Муросо»-и назди кумиҷроияи шаҳрии ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муайян намуд. Аз 30 оилае, ки дар ҳоли пошхўр қарор доштанду ба кумиҷроия барои ҳалли мушкилиашон муроҷиат намуданд, наздики 20 оила маҳз ба хотири таънаву маломат дар мавриди бисоти рўзгордориву тақсими мерос аз ҷониби хушдоман ё дигар узви хонадон сар задааст. Зеро ҳатман зимни баргузории чунин маъракаҳо занон қиёс мекунанд. Мо борҳо аз забони чунин занон «Фалонӣ дастархондор будааст»-ро шунидаем. Аммо модарони азизро дар ин маврид мебоист ба ҷои шумурдани либоси навхонадорон, хушбахтии онҳоро орзу мекарданд.
Дигар аз исрофкориҳое, ки имрўз метавон мушоҳида кард, ин ҳатман баргузор намудани тўй дар ин ё он базмгоҳ мебошад. Базмгоҳро барои он оилаҳое бунёд кардаанд, ки воқеан ҳам, имкони баргузории чунин маъракаро надоранд. Яъне дар хонаҳои баландошёна иқомат доранд. Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки ҳама, новобаста аз имконияти худ, тўйро дар базмгоҳҳо мегузаронанд. Магар намешавад, ки харҷи иҷораи чунин тўйхонаҳоро сарфа намоему онро дар ҳавлии худ гузаронем ва маблағи ба тўйхона сарфмекардаамонро дар рўзгори оилаҳои ҷавон истифода барем? Пештар дар саҳни биноҳои серошёна тўйҳо мегузаштанд. Магар баргузории чунин базмҳо ягон камӣ доштанд?
Аз мушоҳидаҳои солҳои охир бармеояд, ки рўи дастархон гузоштани пистаҳои эронии нархи ҳар килояш аз 100 сомонӣ кам набуда ё себу меваҷоти хориҷӣ расм шудааст. Намешавад, ки ҷойи чунин анворо мо бо себу зардолу, гелос ва бодирингу помидор, бо шириниҳои худӣ аз қабили мураббою нишолло зеб диҳем? Тоҷикистон ватани меваҳои шаҳдбори зардолуст. Ҳол он ки дар ягон маърака табақи қоқи зардолуро надидаам. Дар мавсими пухтупази он нархи ҳар кило қоқ аз 10 сомонӣ кам аст. Ғизонокии зардолу аз писта кам нест. Ин сарфакорӣ низ бар манфиати оилаҳо хоҳад буд.
Ҳашамату дабдабаи маросими ақди никоҳи навхонадорон бошад, торафт зиёд мешаваду кам не. Ҳоло миёни ҷавонон расм шудааст, ки аз саҳар то вақти базми арўсӣ мошинҳои гаронарзиши тамғаҳои хориҷиро бо нархи беш аз 150-200 доллар киро намуда, сайругашт намоянд. Мо тарафдори хушбахтии навхонадоронем. Ва ин рўзи саодат дар тўли умр як бор муяссар мешавад ва ҷавонон ҳақ доранд ин рўзро аз рўзҳои муқаррарӣ хубтар гузаронанд. Аммо кадоме аз мо боре андешидаем, ки солҳо моли андўхтаи волидайнамонро дар андаке вақт ба боди фано медиҳем.
Имрўз, хушбахтона, вазъи иҷтимоӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле беҳтар шудааст ва шукрона, ки дар ҳар хонадон як ё ду мошин ҳаст. Пас чаро мошинҳои худро дар ин маъракаҳо истифода намебарем? Киро кардани ду-се видеокамера, аккоси касбӣ низ маблағи калон талаб менамояд. Дар базмгоҳ низ аз чанд камераҳои муосир ва тариқи онлайн пахш кардани сабти тўй низ ба ҳукми анъана даромадааст. Охир на ҳар кас қудрати баргузор намудани чунин тўйро дорад. Дар натиҷа хонаводаҳои камбизоат ба таассубу суханҳои дигарон гирифтор шуда, солиёни зиёд асири қарз хоҳанд шуд.
Дигар аз нуктаҳое, ки имрўз воқеан ҳам бояд бигўем, ин ҳаққи хизмати ҳофизону барандагон аст. Бояд иқрор шуд, ки ҳаққи хизмати ҳофизон, хусусан онҳое, ки имрўз дар ҷомеа ном баровардаанд, аз ҳадди инсоф гузаштаанд. Номи чунин ҳофизонро оварданӣ нестам. Инсофу тавфиқро ба онҳо Офаридгор диҳад. Зеро то ҷое иттилоъ дорам, онҳо барои хизматонаи худ маблағи калон талаб менамоянд. Ҳол он ки аксари чунин ҳофизон дар базмҳо бо садои зинда намехонанд. Яъне, хизмати софдилона намекунанд. Акнун зарур аст, ки фаъолияти санъаткорон низ ба танзим дароварда шавад.
Он мушкиливу муаммоҳое, ки рўи қоғаз овардам, даҳ сол қабл дучанду сечанд буд. Кӣ медонист, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирандешӣ намекарданд, имрўз вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум то ба кадом ҳолат мерасид. Маҳз диду назари хоса, дилсўзии Роҳбари давлат ба сокинон буд, ки бо назардошти 6 ҳазор таклифу пешниҳодҳои муфиди сокинон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоҳ доштани захираҳои пулии онҳо дар бонкҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Ахиран ба муносибати 10-солагии қабули қонун мақомоти дахлдори соҳа дар як ҳамоиш гуфтанд, ки Қонуни танзими маросимҳои миллӣ дар тўли даҳ сол 18 миллиард сомонии мардумро сарфа кард ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳонид.
Ибрози он камбудиҳое, ки дар мақола омадааст, маҳсули бардошт ва мушоҳидаҳои шахсии ман буданд. Шояд дигарон низ дар ин ҷода мушоҳидаҳои шахсии худро доштанд, аммо ба ифшои он хоҳиш ё ҷуръат накарданд. Ба ҳар ҳол вазифаи мо аст, ки бояд камбудиҳоро гўем. Зеро роҳандозии қонуни мазкур, ки бо иқдоми Роҳбари муаззами давлат ва ҳизб, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўи кор омадааст, танҳо бо як мақсад рў овардани мардум ба зиндагии муваффақу шоиста мебошад. Ва вазифаи ҷониву имонии мост, ки ба раванди татбиқи қонун бетараф набошем.
Маликисломӣ
Наим Мунаввар,
раиси Комиҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд