Маърифати шаҳрсозӣ аз нигоҳи мутахассисон

Сохтмони иншоот, аз ҷумла бунёд намудани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рўз аз рўз вусъати тоза гирифта истодаанд. Барои аз наздик ошно шудан бо кору фаъолияти идорае, ки бевосита ба корҳои сохтмонӣ вобаста аст, бо сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд Тоҳир Қудратзода сӯҳбат оростем.

- Ҳадафи асосии фаъолияти Идораи сохтмони асосии вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави вилоят мебошад, - изҳор дошт ҳамсӯҳбатам.

- Дар нимсолаи якуми соли 2017 Идораи сохтмони асосии вилоят аз маблағҳои ҷудошуда ба андозаи 77,8 млн. сомониро аз худ намуд. Ин маблағ барои иншооти соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла азхудкунии заминҳои бекорхобида ва дигар ҷодаҳо равона карда шуд. Дар азхудкунии маблағ сохтмони толори варзишӣ ва ошхонаҳо дар ҳамаи мактабҳои навбунёдшаванда, дар бахши кишоварзӣ бошад, обёрии заминҳои мавзеи дашти Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – минтақаи шаҳраки Сайҳун ва ноҳияи Деваштич тавассути обрасонии Даҳкатсой-Даҳанасой дар назар дошта шудааст.

Аз тарафи мутахассисони соҳа қайд гардид, ки нақшаи солонаи сохтмонҳои асосии вилояти Суғд ва бунёди иншооти дигар вобаста ба иҷрои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, супоришу қарорҳои Раиси вилоят тартиб дода мешавад. Назорати техникии иншооти сохташаванда аз оғоз то ба истифода супоридани иншоот ба зиммаи Идораи сохтмони асосии вилоят вогузор шудааст. Ошкор намудани камбудиҳои бунёди иншоот бошад, бар дўши Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии вилоят вобаста аст.

Сохтмони иншооти сохташавандаи баландошёнаро дар шаҳри Хуҷанд Идораи мазкур мусбат арзёбӣ намуда, боиси қайд аст, ки хонаҳои истиқоматӣ мутобиқ ба нақшаи дурнамо ва нақшаи кулли шаҳр ва таҷдиди инфрасохтори атроф бояд қомат афрозанд.

Чун имсол Соли ҷавонон аст, шоёни тазаккур аст, ки 90 фоизи кормандон дар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, бахусус дар шӯъбаҳои истеҳсолӣ ва техникӣ мутахассисони ҷавон мебошанд.

Мушкилоти соҳа болоравии нархи масолеҳҳои сохтмонӣ ва норасоии таҷҳизоти иншооти сохташаванда ба ҳисоб меравад.

Идораи сохтмони асосии вилоят соли 2016 дар маркази вилоят бунёд гардидани ду иншоот - Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» бо боғи истироҳатиаш ва «Қасри фарҳанги Суғдиён»-ро аз дастовардҳои муҳим меҳисобад.

Вақтҳои охир иштироки шаҳрвандон дар бунёди иншоот афзудааст. Ҳамзамон саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳрсозӣ зиёд гардидааст. Онҳо низ чун шаҳрвандони маҳал - пудратчиён ва сохтмончиён пешқадами замони муосир ҳисоб мераванд.

Оид ба баланд бардоштани маърифати шаҳрсозии шаҳрвандон дар сӯҳбат мутахассисони Идораи сохтмони асосӣ қайд намуданд, ки бояд нишасти якҷояи меъморону сохтмончиён бисёртар доир гардад ва ба таври васеъ фикру мулоҳизоти мутахассисони соҳаи шаҳрсозӣ ба воситаи васоити ахбори омма паҳн карда шаванд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh