Истироҳатгоҳ ё партовгоҳ?
- Details
- Published on Tuesday, 25 July 2017 08:43
Боғи фарҳангиву фароғатии «Наврўзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд аз дигар боғҳои маркази вилоят бо он фарқият дорад, ки ягона мавзеи ҳам истироҳативу ҳам дилхушии калону хурд мебошад. Ягона маконест, ки аксар чархофалакҳояш аз замони Шўравӣ боқӣ мондаанд. Ба ин макон меҳмонон ва сокинони шаҳру навоҳии вилоят барои истироҳату фароғат меоянд. Он ҷо дар замони Шўравӣ бо номи «Чумчуқ-арал» машҳур буд.
Ҳафтае қабл, бегоҳӣ бо аҳли оила барои сайругашт ба «Наврўзгоҳ» рафтем. Аз даромадгоҳ то охири боғ маҳсулоти хўрданиву бозичаҳо ва нўшокиҳои ташнашикан ба фурўш гузошта шудаанд, ки кас баробари ворид шудан гумон мекунад, ки ин ҷо макони истироҳатгоҳ неву ярмарка-фурўши маҳсулот аст. ҷои шикояте надорад. Чунин ҷойҳоро бештар кўдакон дўст медоранд.
Ба ростӣ, вақте ки ба «Наврўзгоҳ» омадем, соат тақрибан 18:35 дақиқа буд. Шом фаро расиду дар ҳақиқат мардуми зиёд барои сайр ва дилхушӣ омаданд.
Мутаассифона, мардуми мо ончунон бефарқ шудаанд, ки пас аз харид қоғазу селофан ва пўстлохи ҳар гуна маҳсулоти хўрданиро беибо ба ҳар ҷои ростомада мепартоянд.
Бовар дорам, ки волидон чунин рафтори фарзандашонро дар манзили хеш роҳ намедиҳанд. Аммо мебинанд, ки фарзандашон коғазу дигар партовҳоро ба зери пояш мепартояд, ҳарфе ба забон намеоранд. Гўё ягон коре нашуда бошад, ҳатто аҳамият намедиҳанд. Ҳол он ки дар ҳар ҷо-ҳар ҷои боғи истироҳатӣ қуттиҳои махсуси партов ба чашм мерасанд, аммо кам касонеро метавон мушоҳида намуд, ки партовашонро ба қуттӣ партоянд.
Хусусан, гирду атрофи фурўшандаҳои пахтақанд, ҷуворимакка ва картошкаи бирёншуда серхаридор буданд.
Наход дар «Наврўзгоҳ»-и номдор ягон масъул набошад, ки аз паи рўй додани чунин бесарусомониҳо гардад? Ин як тарафи масъала. Масъалаи, дигаре, ки моро ба тааҷҷуб овард, ҳолати гигиении нуқтаҳои яхмосфурўшӣ, коктейл ва нўшокии квас буд. Дар бобати нигоҳдориву ҷойи шустушўи стакон, косачаҳои яхмосхонаҳо ҳоҷати гап набуда, онҳо тамоман ба талабот ҷавобгў нестанд. Худ шоҳиди шустани косачаҳои яхмос гардидам, ки корманди он баъди рафтани мизоҷ лавозимоти истифодашударо дар як сатили оби хира дошта шуста, ба лаълӣ фурў гузошта, рўйпўш намуд. Худ қазоват баред, дар як рўз чандин одамон аз қошуқчаҳою косачаҳо истифода мебаранд? Ҳамон сатили об ҳеҷ тағйир намеёбад. Дар як сатил рўзи дароз такрор ба такрор шустани зарфҳо оё ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгў аст? Чунин рафтор аз тарафи коктейлфурўшон низ ба назар мерасид.
Мутаассифона, камбудиҳо дар мавзеи истироҳатии «Наврўзгоҳ» хеле зиёданд ва ин ҷо мо шаммаеро ёдовар гардидем. Боварии комил дорем, ки пас аз ин масъулини истироҳатгоҳ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, мисли мо ба Наврўзгоҳ шояд «ташриф» оваранд?!
Шаҳнозаи РУСТАМ