Нерўи зеҳнӣ дар тарбияи маънавии ҷомеа

Санаи 20 июли соли 2017 зимни баргузории нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шоир ва рўзноманигори шинохта Толиб Карими Озарахш, нависанда ва рўзноманигор Анвар Мирзоҳакими Олим барои хизматҳояшон дар рушди адабиёт бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравиро ба Толиб Карими Озарахш ва Анвар Мирзоҳакими Олим Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тақдим намуда, ба саҳми онҳо дар тарбияи маънавии ҷомеа ва эҷодкорони ҷавон баҳои баланд дод.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Озарахш яке аз шоирони маъруф аст ва китобҳои шеъраш бо номҳои «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», «Чархболи офтоб», «Ҷўйбори сари хирман» ва «Девони ишқ» чоп шудаанд. Намунаҳо аз ин китобҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, арабӣ ва ўзбекӣ тарҷумаву нашр шудаанд. Ў соли равон барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардид.

Анвар Мирзоҳакими Олим низ аз нависандагони номдор буда, ў муаллифи маҷмўаҳои қиссаву ҳикояҳои “Вақти гули зардолу”, “Бачаи лалмӣ”, “Моҳмомо” мебошад. Осори Анвар Олим ба забонҳои русӣ, украинӣ ва ўзбекӣ тарҷума шудааст. Мавсуф барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh