Ғолибон соҳиби Грант шуданд

Субҳи бистуми июли соли равон 45 нафар занону духтарони ҳунарманд аз шаҳру навоҳии вилоят соҳиби Гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардида, минбаъд бо маблағи ба даст овардаашон 464 нафар занони хонанишинро соҳиби касб ва ҷойи корӣ хоҳанд кард.

Маросими супоридани грантҳо дар Қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба ғолибони озмун Гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид.

Зимни суханронӣ Раиси вилоят қайд кард, ки таъсис ёфтани Гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят имкон медиҳад, занони хонанишин соҳиби касб шуда, бо ин васила вазъи иқтисодии хонаводагии хешро беҳтар созанд, ҳамчунин шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба давлатҳои хориҷ кам мегардад. Дар ин муддат тавассути таҷдиди сохтори кишоварзӣ 64 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфта, ҳамчунин ташкил гардидани 226 Маркази таълимӣ - истеҳсолӣ сафи бонувони хонанишинро коста гардонд.

Ҷиҳати масъалаи ба фурўш баровардани маҳсулоти омодакардаи занон бошад, Раиси вилоят соҳибкор Муҳаммадҷон Ёқубовро вазифадор сохт.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни суханронӣ қайд кард, боиси қаноатмандӣ ва сарфарозист, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ роҳи васеъ кушода шуд ва бо ҷонибдории Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳру навоҳии вилоят аксар занони хонанишин ба касбомўзӣ рў оварданд. Соли 2014-ум 337 нафар ва соле пас 428 нафар занону духтарон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Аз ҷониби бонувон сеху коргоҳҳои адрасбофӣ, коркарди пашм, омодасозии қаннодиҳо, дўзандагӣ, сўзанидўзӣ, йўрмадўзӣ, гилембофӣ, маҳфилҳои манзаранигорию рассомӣ, нақшбандию рангуборкунӣ, расмкашию ҳунарҳои халқӣ вусъат ёфта, маҳорату санъати дастони сеҳрофари эшон сайёҳони зиёдеро ҷалб карда истодааст. Имсол 16 нафар соҳиби Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 45 нафар Гранти Раиси вилоятро соҳиб гардиданд, ки шумораи занон нисбат ба соли 2016- ум 50 фоиз зиёд мебошад. Чунин иқдомҳои нек имкон медиҳад, ки нафарони зиёде шароити иҷтимоии оилавии хешро беҳтар созанд. Аз ҷумла, Бибифотима Оқилова аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои рушди асалпарварӣ, Анварой Раҳимова аз шаҳри Панҷакент барои ташкил намудани маҳфили қолинбофӣ, Ҳабиба Ғозиева аз ноҳияи Деваштич барои сехи қолинбофӣ, Марҳабо Раҳимова аз шаҳри Конибодом барои ташкили сехи адрасбофӣ соҳиби даҳ ҳазор сомонӣ ва Муқаддам Насриддинова аз шаҳри Бўстон барои ташкили маҳфили манзаранигорӣ ва рассомӣ, Муҳайё Солиҳова аз ноҳияи Зафаробод барои ташкили сехи дўзандагӣ ва гулдўзӣ, Шаҳноза Ниёзова аз ноҳияи Мастчоҳ барои ташкили дўзандагӣ ҳар яке соҳиби ҳашт ҳазор сомонӣ гардиданд.

Аз 226 маркази таълимӣ - истеҳсолӣ, ки 66 адад ба қолинбофӣ ва 160 адад ба истеҳсоли атласу адрас машғул мебошанд, дар ин муддат беш аз 2670 нафар шогирдон соҳиби касбу кор гардиданд.

Имрўз, ки даҳ нафар ғолиби озмуни Гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соҳиби 10 ҳазор сомонӣ, 10 нафар соҳиби 8 ҳазор сомонӣ ва 15 нафар соҳиби панҷ ҳазор сомонӣ шуданд, онҳо низ касби аҷдодии хешро ба бонувону духтарон меомўзонанд.

Гулпарвар ва аврбанд (тайёр намудани асос барои атласу адрас) аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқаддасҷон Ҷўраева ва Иноятхон Орифова, дўзанда аз ноҳияи Мастчоҳ Рўзиҷон Холиқова ва сўзанидўз аз шаҳри Хуҷанд Мафтунахон Пўлодова арзи сипоси аҳли нишастро баён карда, изҳор доштанд, ки минбаъд коргоҳи хешро васеъ намуда, нафарони зиёдеро боз бо ҷойи кор таъмин хоҳанд кард.

Дар анҷом Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои рушду равнақ ёфтани ҳунарҳои аҷдодии миллӣ чанд пешниҳодот ва маслиҳати хешро баён кард.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh