Ҳаловати созҳои миллӣ

Пешрафти ҷомеаи мутамаддин дар замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда вобаста аст. Аз ин рў, кор бо технологияи ҷадиди компютерӣ, воситаҳои муосири сарояндагӣ ва сабти овоз дар сар то сари ҷаҳон омили асосии номбарорӣ ва даромади иқтисодии ҳунармандони касбӣ ва ҳаваскорон мегардад. Мафҳуми «овози зинда» ё ибораи «бо овози зинда хондан» далели равшани мурдаҷониву берўҳии баъзе аз асбобҳои электронӣ ва ҳатто, садои табиии инсон метавонад бошад.

Дар кишвари мо ҳам доманаи истифода аз чунин имкониятҳо торафт васеътар мегардад. Албатта, ин падидаи хуб аст, аммо паҳлўҳои манфӣ ҳам дорад. Нохубии ин зуҳурот дар санъати тоҷик, пеш аз ҳама, дар он дида мешавад, ки ба майдони санъат ҳаваскорон ворид гардида, санъати асилро хор месозанд. Сарояндагони маъруфи мо на фақат овозхон, балки навозандаи моҳири асбобҳои мусиқӣ буданду ҳастанд. Ҳунармандони бузурги тоҷик, устодони санъат Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷўрабек Муродов созҳои миллиро ба дараҷаи ниҳоят баланди касбӣ менавохтанд. Дар гурўҳи эҷодии онҳо созҳои миллӣ: рубоб, доира, дутор, ғиҷҷак, най, танбўр, чанг ва ғайра, ки нишона аз фарҳанги волоанд, навохта мешуд. Имрўзҳо чун на ҳамаи аҳли санъат аз ўҳдаи навохтани асбобҳои мусиқӣ баромада метавонанд, анъанаи сознавозии суннатӣ ба рамз мубаддал шудааст. Сароянда, агар созеро навохта натавонад ҳам, овозашро сабт карда, вақти ҳунарнамоӣ дар саҳна он асбобро ҳамроҳи худ мегирад, то худро ҳунарманд вонамуд созад.

Аз тарафи мардуми оддӣ истифода нашудани созҳои миллӣ ба он оварда расонд, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги кишвар фаъолияти мактабҳои мусиқии шаҳру навоҳии мамлакатро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, ба истеъдоду ихтисоси муаллимон такя ва онҳоро бо созҳои миллӣ таъмин намоянд.

Ин тадбири хушоянд хеле саривақтӣ ва амри зарурист. Теъдоди ками аҳолии шаҳру деҳоти мамлакат ба навохтану шунидани асбобҳои мусиқии тоҷикона рағбат доранд ва дар хонаи худ созҳои миллиро нигоҳ медоранд. Қишри бештари ҷомеа, ба виҷа насли ҷавону наврас таҳти таъсири санъату фарҳанги хориҷӣ монда, аз ҳаловати табиии созҳои миллӣ бебаҳра ва дур гаштаанд. Онҳо намедонанд, ки навохтану шунидани оҳанги созҳои миллӣ одамро ба ваҷд меорад, илҳом мебахшад, роҳат месозад.

Иброҳими Шариф,
ноҳияи Айнӣ

Add comment


Security code
Refresh