Шаҳри Хуҷанд - шаҳри сайёҳон

- Тибқи назарсанҷӣ шаҳри Хуҷанд дар миқёси давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ мақоми нўҳум дар ва миқёси давлатҳои Осиёи Миёна ҷойи чорумро ҳамчун шаҳри сайёҳӣ ишғол мекунад. Бо мақсади ободонии диёр дар маҳаллаи 32 Боғи истироҳатӣ – фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ бунёд хоҳад шуд.

Дар асоси лоиҳаи омодагардида барои таъмири пули кўҳна 8 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида бошад ҳам, аз рўи тадқиқоти мутахассисон таъмири он ба соли оянда вогузор гардидааст, - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма.

- Дар шаш моҳи аввали соли 2017 нақшаи буҷети давлатӣ 160,7 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 64,9 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки ин мутаносибан 104,4 фоиз ва 105,0 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зист марҳалаи дуюми лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» оғоз гардида, бо ин мақсад 5910,0 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ пешбинӣ гардид, ки 3410,0 ҳазор доллари он грант ва 2500,0 ҳазор доллар қарзи дарозмуддат мебошад. Дар самти беҳтар кардани ҳолати оби нўшокии маркази вилоят бошад, тибқи лоиҳаи интвеститсионӣ «Оид ба беҳтар кардани вазъи оби нўшокӣ дар шаҳри Хуҷанд» ду марҳалаи аввала ба анҷом расида, дар марҳалаи сеюм ба миқдори 239,24 ҳазор доллари амрикоӣ корҳо ба сомон расонида шуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд 154 корхонаи калону миёна фаъолият мебарад ва дар ин муддат ба маблағи 449,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 22,1 дарсад зиёд мебошад. Корхонаҳои саноатӣ дар нимсола ба маблағи 124,1 миллион сомонӣ маҳсулот содир намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра баъзе шўъбаҳо, биноҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳ, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои физиотерапевтии Таваллудхонаи шаҳрӣ, Маркази мубориза бар зидди бемории сил, Маркази саломатии шаҳрии рақами якум, Беморхонаи шаҳрии рақами якум, Беморхонаи бачагона ва Стансияи ёрии таъҷилӣ таъмири пурра ва шиферпўш гардиданд.

Барои рушди ҳунарҳои миллии ниёгон ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар асоси қарори раиси шаҳр 15 гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ муайян гардид.

Рўзноманигорон ҳамчунин оид ба мавзўъҳои вазъи ҷиноят дар маркази вилоят, баргардондани шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд аз давлатҳои хориҷӣ, ояндаи соҳаи саноат, таъминоти аҳолии баъзе маҳалҳо бо оби нўшокӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ, бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда, дар соли нави хониш аз байн бурдани ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва кўдакистонҳо аз ҷониби волидон, ободонии соҳили Сирдарё ва ба дигар саволҳои хеш посух гирифтанд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА

Add comment


Security code
Refresh