Дастовардҳои шоистаи фарҳанг

Дар Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд бо иштироки масъулин ва хабарнигорони васоити ахбори омма доир гардид.

Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ориф Набиев гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят якчанд барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шудааст.

Ҳамчунин ў зикр намуд, ки дар шаш моҳи аввал ҳунармандони театрҳои касбии вилоят намоишномаҳои солинавии ҷолибро таҳия намуда, пешкаши мухлисон ва ҳаводорон гардониданд.

Дар Театри давлатии мазҳака - мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ давоми соли ҷорӣ чор барномаи фарҳангӣ, ҳунармандони Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон бошад, ду барномаи фарҳангӣ, дар Театри драмавии мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт се намоишнома таҳия ва манзури тамошобинон гардонида шудаанд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Осорхонаи таърихии вилоят ду конфронси илмӣ ва се вохўрӣ, нўҳ маротиба намоишнома ташкил карда шуд. Аз Осорхонаи таърихии вилоят 21609 нафар аз он 3158 нафар ройгон боздид намуданд.

Дар интиҳои нишаст рўзноманигорон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

У.Махфирализода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh