Ҷавонон хушбахт хоҳанд шуд

Зиндагӣ ва рўзгори мардуми кишвари кўҳан барои инсон мактаби ҳаёт буда, бисёр масъалаҳои муҳими давру замонро дар асоси қонунҳо амалӣ мегардонад. Дар ҳалли ин муаммоҳо илм дар шароити муосир нақши калидӣ дорад ва ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Ҷомеаи инсонӣ дар тўли мавҷудияти худ вобаста ба донишу маҳорат, ақлу заковат ва фаҳмишу маърифатнокӣ ва аз ҳама муҳимаш, барои рангину хуш гузаронидани умр расму оин ва ҷашну маросимҳоро рўи кор овардааст. Агарчанде анъанаҳои мардуми ҳар сарзамин хурду ночиз бошанд ҳам, лек ифодагари таърихи бою рангини ҳамон маҳал ба ҳисоб мераванд.

Мулоқоту суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз оинаи нилгун тамошо кардам. Президенти мамлакат нақши Қонуни мазкурро дар пешрафти ҷомеа ба риштаи андеша кашида, натиҷаи онро дар давоми даҳ соли қабули он маънидод карданд. Бахусус, суханҳои Сарвари давлат дар бораи давоми даҳ соли амали Қонуни танзим ҷиҳати ободии диёр ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ, ҷудо шудани зиёда аз 43 ҳазор гектар замин ба 240 ҳазор оилаи эҳтиёҷманд, барпо шудани маъракаҳои хайриявии зиёда аз 100 ҳазор нафар кўдак ва тўи арўсию домодии беш аз панҷ ҳазор нафар ҷавон аз оилаи камбизоат моро шод гардонид.

Ҳамчун омўзгор ва тарбиятдиҳанда омўзиши ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар муассисаҳои таълимӣ ҷонибдорӣ менамоям. Дастури Сарвари давлат ҷиҳати ҳарчӣ зудтар омода кардани китоби дарсию барномаи таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли таҳсили нав ҷорӣ намудани омўзиши ин санадҳои муҳим дар муассисаҳои таълимии кишвар боиси дастгирист. Зеро тарбияи насли имрўз дар рўҳияи таҳаммулгароӣ, омўзиши касбу ҳунар, расидан ба қадри заҳмати волидон асоси зиндагии хушбахтонаи онҳо ба ҳисоб хоҳад рафт. Ҷавононро тавре тарбия бояд кард, ки ба қадри меҳнати падару модар бирасанд, аз ҳад зиёд дар талаби ашёву ҷиҳоз, ҷавоҳироту таҷҳизоти қимматбаҳо набошанд, баръакс, барои пойдории оила, устувории хонавода, эҳтироми ҳамдигарӣ ва бузургсолон андеша карда, ба хотири омўзиши илму дониш, касбу ҳунар ва дарёфти мавқеи муайян дар ҷомеа кўшиш намоянд.

«Ҷавононро мебояд дар зиндагӣ саросема нашуда, аввал илм омўзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд, аз мактаби рўзгордорӣ огоҳ шаванд, барои ҳаёти босаодати худ замина муҳайё сохта, баъд оила барпо намоянд. Агар ҷавонон зиндагии мустақилонаи худро аз рўи ҳамин меъёр ба роҳ монанд, албатта, хушбахт мешаванд» таъкид намуданд Пешвои миллат. Ба ин фикр низ ҳамовозӣ намуда, кўшиш менамоем, ки насли наврасро дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ватанпарвариву инсондўстӣ ба камол расонем.

Эркин Мамадқулов,
директори МТМУ №5,
ноҳияи Шаҳристон

Add comment


Security code
Refresh