Зеварҳои «Марямбибӣ»

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Марямбибӣ», ки сарвариашро ба ўҳда дорам, дар шаҳри Қўрғонтеппа воқеъ буда, аз соли 2012-ум инҷониб бо тайёр кардани марҷон, дастпона, гўшвору занҷира, ангуштарӣ ва дигар маҳсулот аз тилло ва нуқра бо истифода аз сангҳои қимматбаҳои сарзамини Тоҷикистон машғул аст. Муаррифгари муҳими коргоҳ сифати баланди маҳсулоти заргарии он аст.

Ба шарофати фазои орому осуда ва созгори кишварамон ба эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ роҳи васеъ кушода шуд. Инак, чандин сол аст, ки ҳунарҳои мардумии қариб ба фаромўшӣ рафтаи қолинбофии дастӣ, мўҳрабофӣ, сўзанидўзӣ, кашидадўзӣ, тоқидўзӣ, заргарӣ ва дигарҳо байни мардуми диёрамон аз нав эҳё гардида, торафт рушд карда истодаанд.

 Ба қавле, идомабахши касби модар ҳастам. Модарамро дар қаламрави вилояти пештара Кўлоб бо номи «Марям- заргар» мешинохтанд. Гўшвора, дастпона, зебигардан, ангуштариҳои омоданамудаи модарам зебу ороиши бонувони вилоят буданд. Ҳанўз духтараки кўчак будаму назди модар нишаста, ба кори ў зеҳн мемондам ва асрори касби заргариро азхуд менамудам. Алҳол чанд муддат инҷониб худ пешаи модарро гирифтааму аз тиллову нуқра зару зевар омода мекунам. Имрўз зеварҳои омоданамудаи коргоҳи мо зеби бонувони тамоми қаламрави мамлакатамон мебошад. Бо маҳсулоти ороишии худ дар Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратии «Суғд-2017», ки 16-17-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди бостон баргузор гашт, иштирок намудам. Дар вилояти Суғд моро хеле хуш қабул карданд ва ман аз ин даъват басо ризоманду хушнуд гардидам.Ин ҷо ба зару зеварҳои мо мароқ зоҳир карданд ва растаи мо хеле серхаридор буд.Ба маҳсулоти мо харидорон ва фармоишгарони зиёд пайдо гардиданд. Бояд зикр намоям, ки мо бо коргоҳҳо ва соҳибкорони вилояти Суғд ҳамкории доимӣ дорем ва ашёи хомро аз коргоҳи истеҳсолии нуқраи Консой ва дигар корхонаҳо дастрас менамоем.

Ширкати мо кўшиш ба харҷ медиҳад,ки нусхаву намудҳои қадимаву миллии зару зеварҳо нигоҳ дошта, истеҳсол карда шавад. Ҳамчунин дар коргоҳ бо фармоиши мардум низ истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Дар шаҳри Қўрғонтеппа инчунин Ширкати мо мағозаи фурўши маҳсулот ва либосҳои миллии тоҷикиро аз қабили куртаи чакан, қуроқи қадимаи Хатлон ба роҳ мондааст. Ин маҳсулот низ дар коргоҳи худамон тайёр карда мешавад. Минбаъд ният дорем, доираи фаъолияти коргоҳро васеъ намуда, дар дигар манотиқи мамлакат низ нуқтаҳои фурўш таъсис диҳем.

Ҳусния ШОҲИНОВА,
сарвари коргоҳи заргарии
«Марямбибӣ», шаҳри Қўрғонтеппа

Add comment


Security code
Refresh