Ҳафтранги ҷилои атласи Хуҷанд
- Details
- Published on Thursday, 13 July 2017 09:46
Шодравон модарам вақте соли ҳазору нўҳсаду чилу якум ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд, духтараки сенздаҳсола буданд. Ду бародарашон, ки бори асосии оилаи калонро мекашиданд, ба фронт сафарбар шуданд. Аҳли хонадонро солҳои вазнини ҷанг ҳунари азхудкардаи модарам-атласбофиашон наҷот бахшид.
Он кас рўзона дар коргоҳи атласбофии «Хуҷандатлас»,воқеъ дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд кор мекарданду шабона дар дастгоҳи бофандагиашон нусхаҳои атласи «Подшоҳӣ», «Хосиятхон», «Барги карам»-ро мебофтанд. Аз панҷ ҷўра (либосворӣ) атласи давоми ҳафта бофтаашон бои маҳалла як ҷўраашро ба худашон медод ва онро дар бозори Чоршанбеи шаҳр фурўхта, бар ивазаш ғизо мехариданд ва ҳамин тавр аҳли оилаи онҳо айёми вазнини гуруснагиҳои ҷангро эҳсос накарданд…Модарашон доимо дуо мекарданд, ки шиками сери онҳо аз дастони эъҷозофари ҷигарбандашон Биҳоҷара аст…
Ҳини сафари навбатии худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду такомули ҳунарҳои миллӣ, дар қаламрави мамлакат паҳн гаштани либоси миллӣ ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли атласу адрас оғоз бахшиданд. Аниқтараш, собиқ иттиҳодияи «Хуҷандатлас» бо номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» аз нав ба фаъолият шурўъ кард.
Инак, имрўз дар ин коргоҳ наздик панҷоҳ нафар бо ҷои кори доимӣ фаро гирифта шудаанд, ки понздаҳ нафарашон мутахассисони соҳибихтисосу донандаи тарзу усул ва асрори бофтани матои атлас мебошанд. Дар коргоҳ алҳол беш аз 60 намуд атлас ва 20 намуд адрас истеҳсол гардида, коргоҳ бо пешкаш намудани навъу намудҳои қадима ба сокинони кишвар ва намудҳои нав ба нав торафт шўҳрати пешинаи худро дарёфта истодааст. Феълан дар назди Универмаги марказии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар бозорҳои ҳудуди вилоятамон - «Баҳор», «Бадри мунир», «Сомон», дохили мағозаи «Авесто»-и шаҳри Хуҷанд нуқтаҳои фурўши атласу адрас кушода шудаанд. Асрори зуд байни мардум шўҳрат пайдо кардани атласи Хуҷанд он аст, ки нусхаҳои қадима-«Подшоҳӣ», «Намози шом», «Барги карам», «Тирукамон», «Яҳудӣ», «Миҷгон» бо нақши қадимаву таровати нав истеҳсол гардида истодаанд. –Барои ихтироъ ва истеҳсоли нусхаҳои наву замонавӣ бошад, дар назди коргоҳ Шўрои бадеӣ иборат аз ҳафт нафар мутахассисони донандаи ин пешаи кўҳан-рассом, нусхапарто, рангуборчӣ, моделйер-зеббахш амал мекунад, ки алҳол бо тахайюли онон нусхаҳои нави «Шоми Душанбе», «Арўсак», «Гулшан», «Гулхан», «Гули анор», «Маҳина», «Сабза», «Таманно» ва дигарҳо пешкаши бонувон карда шудааст. Зикр кардан ҷоиз аст, ки бари ин матоъҳои дилрабову ба тани ҳар бону зебанда аз 38 то 63 сантиметрро ташкил медиҳад.,-мегўяд муовини директор Абдухалил Fаффоров.-Ҳамчунин ногуфта намонад, ки дар назди коргоҳ Шўрои тарроҳон таъсис дода шудааст ва дар он понздаҳ нафар тарроҳони беҳтарин барои сехи дўзандагии корхона намудҳои маҳсулотро интихоб мекунанд. Алҳол дар сехи дўзандагӣ намудҳои гуногуни пероҳан, камзўл, нимтана ва дигар намудҳои либос аз атласу адрас дўхта мешавад ва мизоҷон бевосита ба кормандони сех дўхтани либосро фармоиш дода метавонанд. Ҳамчунин дар сех бо пешниҳоди талабот ба сокинон болин, рўймол, борхалта ва дигар маҳсулот тайёр карда дода мешавад.
Рафоат МЎЪМИНОВА