Суғд: Дар бастҳои якуму дуюми мавсими истироҳатӣ 61 339 нафар наврасон ба истироҳату фароғат ҷалб шуданд

Имрӯзҳо дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, лагерҳои истироҳатиии меҳнатӣ ва дигар иншооти истироҳатию солимгардонии ҳудуди вилоят теъдоди зиёди хонандагон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.

Тибқи иттилои сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Бахтиёр Сарҳадов то имрӯз дар бастҳои якуму дуюми мавсими истироҳатӣ 61 339 нафар наврасон ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуданд ва дар бастҳои дигар низ теъдоди зиёди кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб карда мешаванд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншооти истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли равон боқарори Раиси вилояти Суғд аз 23 майи соли 2017, №250 ҳайати Ситоди вилоятии “Тобистон-2017” тасдиқ карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh