Шӯҳрати коргоҳи адрасбофон
- Details
- Published on Friday, 07 July 2017 09:33
11-уми сентябри соли 2015 барои сокинони шаҳри Хуҷанд ва берун аз он санаи фархунда ва хурсандибахшу хотирмон буд. Зеро таъсиси Маркази таълимию истеҳсолӣ ба номи Зулфия Баҳриддинова дар маркази шаҳр даҳҳо нафарро касбу ҳунар омўзонд, занону духтарон тавонистанд бо ҳунарҳои мардумию аҷдодӣ аз наздик шинос шаванд.
Сарварии муассисаи давлатии эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус, атласу адрасбофиро марди ҳунарманд Муҳаммадҷон Ёқубов ба ўҳда дошта, роҳбарии коргоҳи адрасбофӣ ба зиммаи Мавҷуда Ҳакимова вогузор аст. Сари 10 дастгоҳи бофандагӣ 20 нафар коргар ҳамарўза матои адрас мебофанду бо истеҳсоли беш аз 25 намуди матоъ сафи харидоронро зиёд ва шўҳрати коргоҳро бештар мегардонанд. Адрасбофзанону духтарон то ин дам беш аз панҷ ҳазор метр матои хушсифати адрасро пешкаши харидорон намудаанд.
-Дастмузди ҳар коргар вобаста ба сифати матои бофта ва андозаи он нархгузорӣ мешавад. Занону духтарони ҳунарманд имрўзҳо барои ҳар як метри матои адраси бофтаашон се сомонӣ дастмузд мегиранд. Ҳар нафаре, ки бештару хушсифат мебофад, арзиши зиёдтарро ба даст хоҳад овард,-иброз медорад Мавҷуда Ҳакимова.
Бо сарварии бонуи ҳунарманд то кунун чиҳил шогирд ҳунари аҷдодӣ омўхтаву устоди касби хеш шудаанд ва имрўзҳо ба 14 каси дигар шуғли пешакардаашонро меомўзонанд. Шўҳрату овозаи ҳунармандзанони ин боргоҳи ҳунар то минтақаҳои ҷануби кишвар рафта, онҳо тавонистанд ҳунари хешро ба бонувони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикободу Турсунзода ва пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе низ омўзонанд.
Адрасбофзанон Меҳринисо Олимова, Мавҷуда Турсунова, Мавҷуда Қосимова, Мушарраф Турсунова аз он, ки ҳунари аҷдодӣ омўхтаанду аз паси он ризқу рўзӣ меёбанд, шоду мамнунанд. Самараи меҳнати онҳо соҳиб шудан ба тўҳфаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дастгоҳи бофандагист.
Иқдоми дигар ва шоистаи ин марказ фаъолияти коргоҳи дўзандагӣ буда, дўзандагони гулдаст аз маҳсулоти тайёршудаи адрас куртаву нимтана, костюм, френч ва сумкаҳои занона медўзанду пешкаши харидорон мегардонанд.
Таҳминаи Суғдӣ