Тулўи эҷод

Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд аз аввалин ва кўҳнатарин муассисаҳои таълимии касбии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар баробари омода намудани мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибҳунар наздик 90 сол инҷониб дар рушду нумўъ ва эҳёи санъату мусиқии касбӣ, ҳунармандӣ, тарғиби беҳтарин ганҷинаҳои фарҳанги миллиамон саҳми назаррас гузошта истодааст.

Ин навбат дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ барномаи консерти ҳисоботии омўзгорону донишҷўёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон ҳофизи шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Соли 2017-Соли ҷавонон» ва 20-солагии ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд.

Намоиши ҳунарӣ ва асарҳои эҷоднамудаи донишҷўёни шўъбаи рассомии коллеҷи санъат фарогири беҳтарин намунаи асарҳои рассомӣ, коркарди бадеии чўб ва ҳайкалтарошии донишҷўён буда, аз ҷониби тамошобинон сазовори баҳои баланд гардид.

Суруди «Ваҳдат» ба шеъри Низом Қосим, оҳанги бастакор Амирбек Мўсоев дар иҷрои ҳамсароён бо ҳамовозии оркестри созҳои халқӣ оғоз гардида, бо баромадҳои навозиш аз балети «Кўли қувон», асари П.И. Чайковский дар иҷрои оркестри созҳои халқӣ, дириҷёр Кенҷабой Норматов, навозиш бо скрипка, оҳанги Ҷоуз Вайт «Рақси кубагӣ», дар иҷрои донишҷўи курси сеюм Ф.Юлдошева ва иштирокчии Фестивал-озмуни байналхалқӣ дар шаҳри Толяттии Федератсияи Русия, омўзгор Таҳмина Исматӣ, навозиши «Гулчини оҳангҳои халқӣ» бо созҳои мусиқии халқӣ дар иҷрои ансамбли омўзгорони ҷавон, навозиш бо дутор «Қўштор» дар иҷрои ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Парвин-2016» Оиша Муродова, сюитаи рақсӣ-овозии «Тоҷикистон» дар иҷрои донишҷўёни шўъбаи сурудхонии анъанавӣ, роҳбар ҳофизи Халқии Тоҷикистон Абдураҳим Шерматов ва ансамбли шўъбаи хореографӣ таҳти роҳбарии Фирўза Аюбҷонова, ансамблҳои мақомсароён, фалаксароён, доирадастон, суруди гурўҳии «Пешвои миллат» ба шеъри Ўлмаси Хол, оҳанги Назира Ҳамдамова ба анҷом расида, тамошобинон барномаи консертиро бо кафкўбиҳои пурмавҷ истиқбол намуданд.

Донишҷўёни соли аввал сатҳи эҷодкорӣ, иҷрочигӣ ва истеъдоди ҳунарии азбарнамудаашонро дар саҳнаи касбӣ манзури тамошобинон гардониданд, ки барои ҳунаромўзии минбаъдаашон нақши муҳим дошта, армуғони арзандаест ба «Соли ҷавонон» ва ҷашни мубораки 20-солагии Ваҳдати миллӣ.

Набиҷон ҶЎРАЕВ,
 омўзгори фанни
 «Фарҳангшиносӣ»-и Коллеҷи санъати ба номи
 Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh