Фараҳмандии устод аз “шоҳҷоиза”-и шогирд

-Дар муассисаи таълимии мо аз шумораи умумии 560 нафар хонанда 108 нафарро духтарон ташкил намуда, онҳо дар гурўҳҳои «Дўзандагӣ», «Гулдўзӣ», «Системаи компютер ва интернет-технология», «Фермер-соҳибкор», «Ҳисобдор бо тавонистани компютер» фаро гирифта шуда, дар як вақт ҳам соҳиби дониш ва ҳам соҳиби касби дилхоҳ шуда истодаанд,-мегўяд сарвари муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан» Нуриддин Тўйчиев.

-Шогирдони мо ҳам бо роҳбарии устодашон Насиба Искандарова анвои гуногуни либосҳои хуштарҳу замонавии миллиро эҳё намуда, дастраси муштариён мегардонанд. Либосҳои дўхтаашон на танҳо харидорону талабгорони зиёд доранд, балки бо маҳсули меҳнаташон дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҷойҳои асосиро ишғол менамоянд.

-Ҳарчанд иштирокдорон зиёд буданду маҳсули меҳнаташон гуногунрангу хушдўхт, дар қисмати ҷамъбастӣ ва вилоятии озмун номи шогирдам Дилшода Калоноваро шунида, эҳсоси ифтихору сарбаландиам боло гирифт. Аммо вақте соҳиби “Шоҳҷоиза”-и вилоятӣ шуданашро эълон карданд, худро дошта натавониста, ашк рехтам, ки он аз шодӣ буд. Ҳосили меҳнати худро дида, хушбахт ҳисобидам ва маънои зиндагии хешро дарёфтам, - иброз дошт омўзгори тахассуси гурўҳи «Дўзанда» Насиба Искандарова.

Насиба Искандарова зиёда аз 22 соли умрашро бо таълиму тарбияи духтарон дар таълимгоҳ гузаронида, шогирдонро аз нозукӣ ва сирру асрори дўзандагӣ бохабар месозад. То ин дам беш аз 1000 нафар духтар аз ин бону ҳунари дўзандагӣ омўхта, устоди кори худ шудаанд.

-Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 аз мо, устодону омўзгорон тақозо карданд, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро ба масъалаи азбар намудани донишҳои муосир ҷалб намоем ва ба касбомўзии шогирдон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рўҳияи донишомўзию меҳнатдўстӣ тарбия намоем. Бинобар ин, дар ҳамаи 20 гурўҳи таълимии муассиса бо омўзонидани 11 ихтисос, аз қабили бинокорӣ, дуредгарӣ, кафшергари барқӣ, кандакорӣ, наққошӣ-ороишгарӣ, гаҷкорӣ ва ғайра мо ба ҳамин дастури Сарвари давлат эътибори ҷиддӣ медиҳем.

Ҳатталимкон кўшиш менамоем, ки ҷавонони мо ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши худро ба донишандўзӣ, омўхтани касбу ҳунарҳои муосир, ҳамчунин ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд,-андешаҳояшро ҷамъбаст менамояд сарвари таълимгоҳ Нуриддин Туйчиев.

Ҳусейни Назрулло,
шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh