Чаро насри муосир камранг аст?

Асарҳои муваффақи насри муосири тоҷик, ба мисли романҳои устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода ва дертар Сорбону Баҳманёр ва дигарон, ки устодон ва саромадони насри муосир мебошанд, бешак, хазинаи тиллоии олами адабу бадеияти миллӣ маҳсуб ёфта, хидмати мондагор ба анҷом расонидаанд. Аммо дар қиболи ин, бо таассуф метавон натиҷа гирифт, ки насри имрўзи кишвар хеле дар ҳоли ташвишовар қарор дорад. Барои каме рўшанӣ андохтан ба ин муаммои мубрами рўз муколамае доштем бо нависанда Муқим Воҳидов.

Мавсуф яке аз нависандагони саршиносе мебошад, ки ҳар эпизод ва сюҷети ў аз маҳорати баланди истеъдоди офарандагиаш дарак медиҳанд. Хонандагон ўро бо навиштаҳои ҷаззобу муассираш тариқи рўзномаву маҷаллаҳо мешиносанд. Ӯ соҳиби сабки виҷа буда, соддаву самимӣ ва заминӣ меофарад. Навиштааш оммафаҳм аст. Ҳар навиштааш як асроре дорад, ки агар ягон қиссаи ўро хонед, ҳатман зери таъсири он мемонед.

-Устод, ба хонандагон бигўед, ки наср ва нависанда дар асри XXI чӣ мақоме доранд?

-Боиси тааҷҷуб ва таассуф аст, ки дар конференсияи адибони ҷавон, ки моҳе қабл дар шаҳри Исфара гузаронида шуд, ду-се нафар навқаламони мактабҳои миёна иштирок доштанду халос. Баъзан ба худ суол медиҳам, ки чаро дар замони Истиқлолият насрнависон рўз аз рўз кам шуда истодаанд. Барои навиштани як ҳикоя ё асар соатҳову рўзҳои бешумор зарур аст, ки ақаллан қолаби он рўи қоғаз ояд. Агар носирони худодод бошанд, навиштани як ҳикоя ё асар мушкилие надорад ва дар олами нотакрор барои орзуву омолҳои хеш дохил шудан аст. Аммо бо вуҷуди он заҳмати нависандагӣ, хоҳ асар тез навишта шавад ва хоҳ дар муддати тўлонӣ, хеле сангин аст. Як шоири русзабон гуфта буд, ки «Эҷод намудан, шахсан барои ман оташ гирифтан аст». Яъне, аз ин нуқтаи назар, кашидани заҳматҳояш барои нависанда ба чашм намерасад. Ҳар вақт ҳамроҳи ҳамқаламон меандешем, ки бо ҷавонон бештар, ҳатталимкон вохўриҳо гузаронем, то ки як навъ ба китоб ва олами шеъру суруд ошно гарданд. Шояд рўзе фаро расад, ки ҷавонон боз ба наср бештар фарогир бошанд ва мо ба навқаламон маслиҳатҳо дода, камбудии насри имрўзро пеш гирем. Бо он, ки имрўз асарҳои насрӣ эҷод шуда истодаанд, насри муосир хеле дигаргуниҳо мехоҳад, ки мо, мутаассифона, надорем.

-Аз эҷоди худ ҳарф мезадед?

- Маҷмўи қиссаҳоям се сол қабл баромада буд ва ҳикояҳои хурд дар рўзномаву маҷаллаҳо нашр шуда истодаанд. Чанд қиссаҳоям ба охир расидаанду интизори чоп мебошанд. Таи чанд муддат повести «Муноҷоти меҳр»-ро низ ба охир расонидам. Баъзан бархе хонандагон гумон доранд, ки ман дур аз эҷод шудаам. Бояд зикр кард, ки нависанда нанавишта наметавонад, барои ў навиштан мисли обу ҳаво буда, он қадар сюҷетҳое рў ба рў мешаванд, ки баъзан аз хоби ноз бедор месозанд. Як сюҷете, ки маро бедор кард, модари нотакрори Муслим Магамаев-ягона ҳофизи Федератсияи Русия мебошад, ки ҳайкали ўро дар Боку ва шаҳри Москва гузоштаанд. Ба хотирам омад, ки он ғайриоддӣ буда, дар нишастагон табаддулоти маънии фикриро ба вуҷуд овард. Бахшида ба он як ҳикояро сар намудам, ки хаёлан ба охир расонида, дар анҷоми хотима бахшидан буд, ки рўзе дигар сюҷети дигаре ба фикрам омад, ки бо номи «Муноҷоти меҳр» мебошад. Бояд як чизро қайд намоям, ки сюҷетҳо ва ҳикояҳо рўз ба рўз дар хаёлам ҷо гардида, дар байни онҳо часпу талош дорам.

-Барои навиштани як асар чӣ қадар вақт зарур аст?

-Қиссаи «Офтоби сари кўҳ»-ро мисол оварданам мумкин аст, ки ман барои пурраву ҷолиб гардиданаш тақрибан 25-30 маротиба таҳрир намудам, вале ҳатто гузаштани вақтро ҳис намекардам. Агар нависанда ба худ боварии комил дошта бошад, беихтиёр чандин китобҳои хонданбобу ба дили мухлисон наздикро чоп мекунад.

-Тақрибан бист сол қабл дар кишварҳои Аврупо интернет вуҷуд дошт, вале ҷавонон тарки китобхонаҳо накарданд. Чаро имрўз ҷавонони мо хондани китобро тариқи интернет беҳтар медонанд?

-Ҷавонони имрўза хеле сабукфикр ва як андоза танбал низ ҳастанд, азмашон бар он аст, ки мекўшанд, барои ҳалли муаммои хеш роҳи осонро ҷустуҷў намоянд. Онҳо гумон мекунанд, ки дар ҳақиқат бо воситаи интернет китоб мехонанд ё бовар доранд, ки бо воситаи интернет маърифат мегиранд. Дар ин масъала қабл аз ҳама муҳити оила ва нақши омўзгор ниҳоят қудрати бузург дорад. Агар ҳар инсон китоб, касб ва адабиётро дўст дорад, зарурати бо зўроварӣ талқини хондани китоб ба фарзандон нест, зеро онҳо аллакай худ барои хондани китоб талош доранд. Дар як лаҳзаи дарсӣ ба хонандагони мактаб дар бораи романи фарогири муҳаббати ду нафар ҷавон нақл мекардам. Ногаҳон дари синфхона кушода шуду аз маъмурият як нафар беихтиёр ҳозир шуд. Дар ин лаҳза аз 23 нафар хонанда нидои норозигӣ баромад, зеро лаҳзаи таъсирбахши қисса вайрон шуд. Яъне, имрўз талаби замон аст, ки барои ҷалб намудани хонанда ба санъату китоб маҳорати устодон ва тарбияи волидон зарур мебошад.

-Барои эҷодкори асил чӣ зарур аст?

- Вақте ки адиб барои эҷод намудан шавқи зиёд дорад, китобро бо самимият менависад. Барои ҳар нависанда ё эҷодкор санъати актёрӣ низ зарур буда, омўзонидани як чиз барои ҳар хонанда ва фикри онҳоро ҷалб намудан низ лозим аст. Бояд ҳар эҷодкор бо тамоми ҷиддият масъалабардорӣ намояд, на бо сатҳият. Эҳёи маънавию фикрӣ зарур буда, тарбияи завқи мардум аслан ба дўши шоирону нависандагон вогузор аст. Аммо, мутаассифона, ҳолате пеш омадааст, ки шеърҳои бемантиқ, каммазмун, хом ва дилгиркунанда дар суруди ин ё он ҳофиз садо медиҳад. Чунин кор, албатта, обрўи на фақат шоир, балки шеъри тоҷикро паст мегардонад.

Ё масъалаи дигар, камрангии эҷодиёти ҳаҷвнигорони имрўза аст, ки дар баромадҳояшон нақши ҳаҷв эҳсос намешавад. Бо воситаи ҳиссиётҳои гуногун ҳаҷв сохтан мехоҳанд, ки ин қоғазист. Баъзеашон он қадар ба пурсидани маслиҳат аз мутахассисон ё устодон канораҷўӣ намуда, гўё сар хам карданро намехоҳанд. Дар оинаи нилгун ё чорабиниҳо саҳнаҳоро дида ба худ мепечам, ки наход хаҷв ба чунин ҳол гирифтор шуда бошад?! Албатта, на ҳамаи ҳаҷвнигорон чунинанд, вале аз латифаҳои бенамаку гўшхарошу дағал бармеояд, ки ҳаҷви бенамак ҷои мазеҳи фалсафиро гирифтааст. Мо ворисон ва намояндагони адабиёти нотакрорем, аз мо аҳли тамоми олам чун гаҳвораи фарҳанги тамаддун бояд ибрат бигиранд. Аз ин хотир, он чӣ ки дар боло гуфтам, ба эҷодкори асил зарур аст.

-Чаро солҳои охир китобҳои каммазмуну калонҳаҷм бештар рўйи чопро мебинанд?

-Дар даврони пешин чопи китобҳо душвор буд. Имрўз сад афсўс, ин кор хеле осон гардидааст. Солҳои охир ба мардуми тоҷик шўҳратталабиву шўҳратпарастӣ ҳамчун дарди гузаранда часпидааст. Ҳатто афроде зиёд шудаанд, ки барояшон аз ҷониби дигаре китоб навишта мешавад ва калонгирона мегўянд: «Ман китоб аз чоп баровардааму ба шумо тақдим месозам». Ин гуна ашхос аллакай худро шўҳратёр меҳисобанд. Гирдоби шўҳратхоҳию ман-маниҳо зиёд мегар-данд. Баъди солҳои навадум як равияи баде ба миён омада буд, ки ҳар касу нокас метавонист узви Иттифоқи нависандагон шавад. Хушбахтона, нисбати солҳои пешин имрўз барои аъзо шудан шартҳои сангин гузошта шудааст, ки хеле хуб ва саривақтӣ аст. Солҳои охир зиёд шудани китобҳои бемантиқ ин гирдоби замон буда, худи хонанда барои интихобу хондани китоб талош дорад. Баъзан китобҳои бемантиқро касе ба даст намегирад. Коҳиш ёфтани арзиши насри имрўз ва аз китоб дур шудани ҷавонон низ маҳз аз сабаби интишор шудани чунин китобҳои бемағз ва ин қабил нависандагон рў задааст.

-Ба насрнависони имрўз чӣ монеаҳо ҳастанд?

-Дахолати дағалонаи техникаи муосир он аст, ки асосан имрўз ҷавонон дар гўш радио доранду аз олам кандаанд. Худро дар танҳоӣ зери таъсири ҳар гуна мусиқаҳои бегонаву фитнаангез ғарқ кардаанд. Баробари рў ба рў шудани чунин ҷавонон ба худ суол медиҳам, ки ту дар кадом олам бошӣ ва туро то ба куҷо мебурда бошад? Шояд аз тараққиёти замону техника бошад, ки ҷавонон бештар ба техника шавқи зиёд доранд. Гирдоби андешаҳои замони муосир аллакай ҷустуҷў ва дарёфти роҳеро, ки бештар ба даст овардани маблағ ва пешбурди зиндагист, дар майнаи насли ҷавон ҷойгир намудааст. Ҳаёт дар алоҳидагӣ фаъол гаштаву муҳити имрўза низ садояш баланд шудаасту аз муҳити муосир ҳар соат дарак дода истодааст, ки мо дар «набард» қарор дорем.

-Ҷавониатонро бо ҷавонони имрўз чӣ гуна қиёс мекунед?

Дар ёд дорам солҳои донишҷў буданам устод Юсуфҷон Салимов асарҳои назму насрро ба дараҷаи баланд ба мо мефаҳмониданд. Ба хотирам моҳи феврали соли 1970 расид, ки ман дар як соати дарсӣ иштирок надоштам, аз ҳамсабақонам фаҳмидам, ки дар он дарс таҳлили ғазали Шайх Саъдӣ будааст. Аз байн солҳо гузаштаанду то ҳол афсўс дорам, ки аз ташреҳи ин ғазал бехабар мондаам, ки он аз маҳорати баланди нотакрори устодон дарак медиҳад. Вақте ки стипендияи донишгоҳро мегирифтем, аввал ҳамроҳи ҳамсабақон ба дўкони китобҳо рафта, аз китобҳои хонданбоби шоирон харидорӣ менамудем. Боз як лаҳзаи донишҷўиям ба ёд омад, ки рўзе шеъри устод Лоиқ «Нўшбод»-ро тариқи радио Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов хонда буд. Чунон пазмон будам, ки ин шеърро аз устод дастрас намоям ва ҳатто ҳамроҳи ҳамсабақон бо мактуб ба устод Лоиқ муроҷиат намуда будем. Яъне, ҳаракату талоши мо барои хондани як асар ё шеъри устодон хеле ва хеле зиёд буд. Даврони ҷавониро дар олами қаҳрамонӣ паси сар намудаем. Мутаассифона, шўру ғалаёни дарки маънӣ, ки қаблан буд, имрўз дар вуҷуди ҷавонон кам эҳсос мешавад. Орзу мекунам, ки шўру шавқе, ки дар ҷавонии устодон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Лоиқу Бозор Собир ва дигарон буд, дигарбора боз биёяд ва дар дили ҷавонони мо ҷойгузин шавад, то меҳри китоб аз вуҷудашон кам нагардад.

- Ба сўҳбати самимиатон сипосгузорам.

Муколамаи
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh