«Ғазали ҷавонӣ»
- Details
- Published on Friday, 30 June 2017 16:09
Дар Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, МИМҲД-и ноҳия, бахши фарҳанг ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия маҳфили адабӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Ғазали ҷавонӣ» бо иштироки шоири ҷавону умедбахш, гирандаи идрорпулии Раиси вилояти Суғд, ғолиби озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, адабиётшинос ва олими ҷавон Насимбек Қурбонзода баргузор гардид.
Шоирон Ҷӯра Юсуфӣ, Аъзами Хуҷаста, Маликнеъмат, Нодира Назарӣ ва номзади илмҳои филология Фирӯза Қайюмова оид ба ашъори Насимбек Қурбонзода ибрози ақида карданд. Шоир аз ашъори худ намунаҳо қироат намуда, ба саволҳои мухлисон ҷавоб гуфт. Сурудҳои Бахтиёр Давлатов, Фатҳиддин Юсуфӣ, Сабурҷон Зокиров, Маъбуд Музаффаров, Азимҷон Эгамбердиев, Ихлосбек Узоқов, Донишманд Қутбиддинов аз ашъори Насимбек Қурбонзода ва ҳунарнамоии ансамбли рақсии «Таманно» ба тамошобинон хеле писанд омад. Маҳфил ҷолиб, шавқовар, хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардид.
Васеъ Азимӣ,
узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон