Оҳангдуздӣ то ба кай?!

То замоне Шўрои бадеӣ ба таври комилу оҷил ва сахтгиронаву қотеона мисли солҳои Шўравӣ ба кор шурўъ намекунад, санъати имрўзаи миллат ба фатарот меравад. Зеро шояд пас аз 50 сол наслҳои оянда ба имрўза санъати мусиқаи мо бо тамасхур назар хоҳанд кард. На мазмун, на оҳанги дилрабо ва на садои дилнишини ҷаззоб. Дуздии матну оҳанг ва тарҷумаи сурудҳои ғарибу аҷнабӣ ба авҷи аълояш расидааст, аммо касе аз масъулини фарҳангро ба ин коре не. Мутаассифона, имрўз сарояндагӣ василаи танҳо нонёбии бархе ҳофизон шудаасту халос, ҳол он ки суруду мусиқа бояд ҷомеаро тарбият намояд ва завқи эстетикии оммаро боло барад. Аммо ҳолат тавре аст, ки аз шарҳи он гиряи кас меояд. Ҷомеа низ ба суруди пасту фач одат кардааст! Афсўс!!!

Шўрои бадеӣ куҷост?

Суоли матраҳ ин аст, ки оё Шўрои бадеӣ вуҷуд дорад? Агар вуҷуд дошта бошад, фаъолияти он чаро камранг аст? Агар Шўро вуҷуд дошта бошад, чаро ҳар рўзу ҳар соат тариқи телевизион ва радиоҳои мустақил ба гўшу майнаи мардум суруду оҳангҳои бемазмуну пуч ва хеле каммазмун рехта мешаванд? Ба ин пешомад кӣ гунаҳкор аст? Оё чунин хидмати хирсона оммаи васеи халқро бефарҳангу завқи маънифаҳмиашонро паст намекунад?

Ориф Набиев, сардори Раёсати фарҳанги вилоят арзи вуҷуди Шўрои бадеиро тасдиқ мекунад.

- Шўрои бадеӣ фаъолияти хуб дорад. Дар он шоирон, оҳангшиносон, матншиносон ҷамъ омадаанд. Бадии кор дар он аст, ки танҳо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд сурудҳоро ба мо пешниҳод мекунанд ва дар заминаи мувофиқаи мо онҳо сурудро пахш менамоянд. Аммо телевизион ва радиоҳои мустақил аз ин кор канорагирӣ намуда, ҳар чиро ки пеш омаду хуш омад, ба эфир роҳ медиҳанд,-мегўяд бо шиква Ориф Набиев.

Аз рўи гуфтаи мавсуф бармеояд, телевизионҳои маҳаллӣ барои тарғиби сурудҳои каммазмун ва ғайримиллӣ, ки ба психологияи ҷомеаи кишвар зарари маънавӣ мерасонанд, мусоидат менамоянд. Иллати чӣ гуна ба радио ва телевизионҳои мустақил роҳ ёфтани сурудҳои аз таҳлили Шўрои бадеӣ нагузаштаро номбурда ба он рабт медиҳад, ки расонаҳои мустақил ба хотири маблағ сурудҳои филтрнашударо шартномавӣ ба эфир медиҳанд, ки яке аз манбаи даромади онҳо будааст.

Журналисти варзида, таҳлилгари телевизиони «СМ-1» Илҳом Ҳошимов мегўяд, ба хотири аз байн бурдани чунин бемантиқии сурудҳо гўё кўшиши гуфтумонҳо байни расонаҳои мустақили электронӣ вуҷуд доштааст.

- Бо вуҷуди ин, ки мо борҳо саъй кардем, то аз телевизионҳо сурудҳои фачу бемантиқ комилан барчида шаванд, аммо кўшиши мо самара надод. Зеро шахсан худи ман борҳо ба ин раванд муқобилат кардам, аммо дар танҳоӣ кашидани бор, хусусан, дар ҷодаи тозакории санъати мусиқа басо мушкил аст, ки бо ин ҳама мусиқаҳои аҷнабӣ ва каммазмун ба телевизион аз ҳар зовия роҳ меёбанд. Гумон мекунам, дар паст шудани завқи маънавии ҷомеа гуноҳи мо–кормандони телевизионҳои мустақил низ аст, ки инро ман шахсан инкор наменамоям,-мегўяд Илҳом Ҳошимов.

Аз гуфтаи мавсуф бармеояд, ки сабқати ноогоҳона дар бобати аз ҳама пештар пахш кардани суруди тозаи ягон ҳофиз боиси суръат ёфтани теъдоди мусиқаҳои каммазмун гаштааст. Ҳамзамон, коршинос Ҳошимов ҷонибдори он аст, ки Шўрои бадеӣ мисли солҳои Шўравӣ ҳар як сурудро аз комиссияи махсус гузаронида, литсензия бидиҳад ва пахши он қонунӣ ба роҳ монда шавад.

Ақаллан мисли қурбоққа бо сабки худ сароед!

Сергей Есенин, шоири шаҳири рус мегўяд:

Лоақалл мисли ғук агар хонӣ,

Бо дилу лаҳҷаву шеваи худ хон.

Ман ин байтро таҳлил намекунам. Зеро он чӣ, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Танҳо як илова: ягон қурбоққа мисли қурбоққаи дигар, ягон булбул мисли булбули дигар, ягон тазарв мисли тазарви дигар ва садҳо ҳайвоноту паррандагон ба монанди ҳам садо надоранд. Ҳатман садои яке аз дигаре фарқ мекунад. Барои исбот ба ном баъзе ҳофизони «мўҳтарам» метавонанд, садои ягон парранда ё ҳайвонро сабт кунанд ва барои исбот гўш фаро хонанд. Яъне, тақлид дар олами ваҳшу тайр дида намешавад. Ҳама ба гуфте нотакроранд ва сабки виҷаи худро доранд.

Аммо баъзе ҳофизони мо ончунон ба шўҳрати як ҳофизи номдор ғарқанд, ки оғози фаъолияташон бо сабки ҳамон ҳофизи дўстдоштаашон сар мешавад ва мебинӣ бо ҳамон тақлид ба нафақа мебароянд. Ёбу гир! Такрор ба такрор. Ягон нафари нотакрорро тақрибан дар олами эстрадаи имрўз намебинем. Яъне, имрўз тақлид ба сабку салиқаи ягон нафари номдор ба ҳофизони мо василаи нонёбиву шўҳрат шудааст. Ҳайратовартар он аст, ки аз ин ҳол шарми ягон ҳофиз намеояд, баръакс, ифтихор мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки фачсароӣ, фачнависӣ, фачшунавӣ ва ахиран фачшавию фалаҷшавии маънӣ маҳз аз «завод»-и суруди баъзе ҳофизони занбурўғи баъди борон маншаъ мегирад. Ҳамзамон, зебоипарастӣ, завқи баланд, дарки маънӣ ва нуктадонии оммавӣ низ аз сурудаҳои баландмазмуни ҳофизон вобастагии калон дорад. Бо як ҳарф, ҳофизон бешак, тарбиятгарони оммаи васеъ ҳастанд. Аммо, мутаассифона…

Коршиносон ба ин назаранд, ки дар тарғибу ташвиқи сурудҳои пучу бемаънӣ аслан телевизионҳои мустақил гунаҳкоранд. Зеро тибқи иттилои баъзе мусоҳибон ҳофизон барои ба эфир рафтани сурудҳои пучашон маблағ пардохт мекунанд. Гузашта аз ин, далели мазкур ҷои инкоркунӣ низ надорад, чунки дар рафти сўҳбат баъзе аз ҳофизон низ ин нуктаро тасдиқ намуданд.

Вазн ғалат, маъно ғалат, оҳанг ғалат

Тариқи телевизион ва радиоҳо ҳар соату дақиқа суруд ва клипҳое пешкаши омма мегарданд, ки на мазмуни он маълум ва на асолати оҳанг. Баъзан афроде, ки аз кўчаи шоирӣ ягон лаҳза ҳатто убур накардаанд, на вазнро мешиносанд ва на қофияро, ба оҳанг шеър эҷод мекунанд, ки ростӣ аз шеър гуфтани он хиҷолати кас меояд. Муҳимтар аз ҳама, ҳофизон ва ба гуфти дигар «ситорагон»-и имрўза низ дар махзани адабиёти рангину бойи миллати тоҷик гўё ягон шеър набошад, ба нимчашоирҳое рў меоранд, ки на худро мешиносанду на ҷавҳари шеърро. Аз ҳама аламовартар, «ситорагон»-и имрўзӣ худ низ аз олами маъниву вазну қофияҳо фарсахҳо дуранд. На оҳанги часпону ҷаззоб, на мутобиқати матну оҳанг дида мешавад. Ҳатто созу ҷўрҳои оҳанги миллатҳои бегонаро тавре кўшиши сурудан мекунанд, ки гўё аз номи сози миллӣ бошад, ки хатогии нобахшиданӣ аст.

Ҳатто дар баъзе репертуари ҳофизон ғазалҳои классикиро метавон вохўрд, ки дар мутобиқгардонии матну оҳанг умуман номуваффақона корбаст шудааст. Аксарияти онҳо дар суруд чунон талаффузҳое доранд, ки гўё хонандаи синфи панҷум шеър қироат карда истода бошад, на суруд, ки ҷои шарм аст. Тарзи ифоданок хондани суруд комилан вайрон буда, лакнати талаффуз ва шикасти нафас ва хеле ба таври қабеҳ сароида шудани он гўшро мехарошад. Ҳол он ки ба шеърҳои баландмазмуни адабиёти бою қадимаи миллӣ бояд оҳанге баста шавад, ки классикӣ буданаш ва тарзи сароиданаш низ ба таври табиӣ садо диҳад, ки шунавандаро маҷзуб ва ба гуфти лаҳҷавиамон об кунад. Аммо мутаассифона, маълум, ки ҳофизони мо на овоз ва на салиқа ба тобиши классикӣ доранд ва аз ҳама бад ба як дидан метавон ошкор фаҳмид, ки мазмуни матнро ҳам сарфаҳм намераванд. Зеро, дар аксари онҳо оҳанг тавре соддаву нофорам ва номувофиқ ба таври иҷборӣ ба шеър часпонида шудааст, ки боиси фатарот шудани дарки маънифаҳмии оммавӣ мегардад.

Муқим Абдураҳмонов, матншинос ва рўзноманигори собиқадор аз замони кўдакияш ёдовар шуда мегўяд, ки дар чойхонаҳо ва меҳмонхонаҳои деҳот маҳфилҳои шашмақомхонӣ баргузор мешудааст, ки дар он дар қатори пирони рўзгордида кўдакон низ ширкат меварзидаанд.

-Ҷавонону наврасон низ ба дарки маънии сурудҳо сарфаҳм мерафтанд, зеро ашки мо аз кунҷи чашмонамон мезаҳид. Яъне, ин мазмуни он буд, ки бо сабаби маънифаҳмии ҳофизон таъсираш ба мо, аудиторияи наврасон низ бетаъсир набуд. Онҳо завқи маънифаҳмии моро тарбият мекарданд. Ҳофизон бояд бо шоирони асил ҳамкорӣ намоянд, на бо шоирони ба ном шоир. Камбудии олами мусиқаи имрўз маҳз дар ҳамин маҳак нуҳуфтааст, ки ҳофизони ҷавон бо шоирон ва оҳангшиносони асил иртиботе надоранд,-мегўяд Муқим Абдураҳмонов.

Тарҷумаи суруд авҷи беҳунарист

Агар ба фаъолияти баъзе сарояндагон, ки ба хотири этикаи журналистӣ ному насабашонро намеорем, назар афканем, ростӣ сар то по дуздии оҳанг ва тарҷумаи сурудҳои дигар миллатро мушоҳида мекунем. Ба гумонам ҳудуди 99 фисад репертуари баъзе аз онҳо танҳо ба маҳорати тарҷумонӣ рабт мегирад, на сарояндагиву эҷодкорӣ, дигар ҳеҷ!

Аҷиб аст, ки оммаи васеъ сурудҳои аслии дигар забонро гўш накардаанд. Ҳама гумон мекунад, ки нолаву кашишҳои сурудҳои дар ҳофизони ҷавони имрўза ҳосили дастранҷ ва сабки хоси онҳост, аммо намедонанд, ки сурудҳои эшон ҳамагӣ нусхабардоршудаи ҳофизони машҳури ўзбекиву туркӣ, арабиву русист. Ҳол он ки дар Ассамблеяи санъати ҷаҳонӣ ва қонунгузории ҳама кишварҳо дар сурати даъво кардани муаллифи аслӣ барои дуздии оҳанг тибқи қонун пайгирӣ мешавад, ки ҷуброни он то миллионҳо доллар мерасад. Қиссаи оҳангдуздии Филипп Киркоров ва даъвои Тарканро ҳама медонанд, ки тариқи суд як миллион доллар пардохт карда буд.

Ба ақидаи аксари забоншиносону оҳангшиносон дастранҷи дигар касро тарҷума кардану бо он кўшиши шўҳрат пайдо кардан, авҷи беҳунарӣ аст.

Як кас барои ҳама!

Мо бо овардани чанд далели мўъҷаз ва умумӣ ба ин мавзўъ иктифо мекунем. Итминон метавон варзид, ки тамоми ҳофизони ҷавон сар то ба по дар ҳузури Шўрои бадеӣ меланганд ва яқин, ки 99 фисади сурудашон аз комиссия намегузаранд. Вагарна, кайҳо бо сари баланд ва матонат ба Шўрои бадеӣ мешитофтанд ва аз комиссия мегузаштанд. Аз он, ки мо номашонро ин ҷо наовардем «ситорагон» фориғбол ва хушҳол нашаванд, ки дар шумораҳои оянда дар сурати зарурат фаъолияти ҳар як ҳофизро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳем дод. Ҳамзамон омодаем, ки диски сурудҳои аслии дигар забонро бо копии баъзе ҳофизони ҷавони имрўз пешкаш намоем, ки ҷойи шармандагист.

Фақат як дард, як алам муаллифи ин сатрҳоро азоб медиҳад: Баъди чунин гилаҳо ва мушоҳидаҳо ба ном ҳофизону ба ном «ситораҳои эстрадаи тоҷик» аслан сари он бояд андеша намоянд, ки сурудаҳои Аҳмад Зоҳир, Кароматуллоҳ Қурбон, Далер Назар, Тоҷиддини Муҳиддин, Наргис Бандишоева, Муқаддас Набиева, Махфират Ҳамроқулова ва даҳҳо тани дигар, ки нобиғагон ва саромадони мусиқаи муосир ба ҳисоб мераванд, чаро арзишашонро тўли қариб як аср гум намекунад?

Зеро номбурдагон маънифаҳм буданд. Доираи мутолиаашон васеъ буд. Дарки маънии шеъри классикиро медонистанд. Тавре муҳаққиқи ҳаёти Аҳмад Зоҳири зиндаёд-рўзноманигор Султони Ҳамад мегўяд, Аҳмад Зоҳир ҳар моҳ то се-чор шабонарўз танҳо худро ба китобхонаи шахсиаш мебахшидааст.

-Ба китобхонаи шахсиаш медаромад, ҳеҷ касро ба ҳузураш роҳ намедод. Китобҳои классиконро ҳатто аз ёд мекард, бо кўлбори маънии баланду ғановати олами ботинияш бармегашт. Маънияшро ба ҳамроҳонаш шарҳ медод. Ба ин хотир, бо гузашти қариб чил сол сурудаш ҳанўз тару тоза аст,-мегўяд Султони Ҳамад.

Аммо дар қиёси ин ваҷҳ метавон итминон варзид, ки ҳофизони «хушсалиқа»-и мо бо чунин фачсароӣ ҳатто як байтро қодир нестанд, ки тафсир кунанд. Агар касе эътироз мекунад, мо омодаи баҳсем.

Дархости журналистӣ

Бо такя ба гуфтаҳои болоӣ ба хотири аз байн бурдани фачсароӣ ва ҳифзи суруду мусиқаи асил Раёсати фарҳанги вилоятро зарур аст, ки билфосила ва бидуни таваққуф тамоми ҳолати пеш аз сабти сурудҳоро зери назорати қатъӣ қарор бидиҳад. Баъди аз комиссия гузаштани ҳар як суруд, бояд он дорои литсензия бошад. Студияҳои сабти клипу консертҳо вазифагузорӣ карда шаванд, ки то ба ҳар як суруд аз ҳофизон литсензияи махсусро набинанд, клипро сабт нанамоянд.

Инчунин, телевизионҳои мустақил бояд донанд, ки бо чунин коргузорӣ на барои ҳифозати санъати мусиқаи асил хидмат менамоянд, балки барои равнақи фач ва фачфаҳмиву каҷфаҳмии омма сабабгори асосианд ва дар коргузорияшон Шўрои бадеии худро низ созмон диҳанд. Ба ин хотир, «анъана»-и рўйихотирбиниро як сў гузошта, ба василаи пули ночиз роҳ додани клипҳои фачу бемаънӣ ва рақсҳои урёну ғайримиллиро пешгирӣ намоянд. Ҳамзамон, кори Шўрои бадеӣ ба ҳадде пурзўр карда шавад, ки дар сурати пахш кардани суруди белитсензия телевизион ва радиоҳои мустақил ҷаримабандӣ карда шаванд. Вагарна, бо ин роҳе, ки мо меравем, арзишҳои маънавии миллат фано ёфта, ҳифзи асолати санъати мусиқа ба гўшаи фаромўшӣ дафн мешавад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh