“Баҳористони сухан” дар “Баҳористон”
- Details
- Published on Thursday, 29 June 2017 16:40
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, осоишгоҳи Баҳористон, телевизиони вилояти Суғд ва маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 20 солагии Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олӣ, дар канори “Баҳри тоҷик” маҳфили адабиву мусиқии “Баҳористони сухан” бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, ва Толиби Озарахш баргузор гардид.
Маҳфил дар бештар мухлисони шеъру мусиқӣ, адибону олимон ширкат варзиданд. Шоира Фарзона ва Озарахш ба фарзандони хеш Амирҷону ҳумоюн ва инчунин, сарояндагони мумтоз бо суруду оҳангҳои дилнавоз маҳфилро рангин карданд. ҳамчунин ровиёни хушсадо Асламҷон Каримов ва Саидмурод ҳоҷиев аз ашъори шоирон шеърҳо қироат карданд. Осоишгоҳи “Баҳористон” тасмим дорад, ки дар канори Баҳри тоҷик маҳфили “Баҳористони сухан”-ро боз бо дигар адибон ва санъаткорон идома диҳад.
Ҷалолиддин Ализода