Омўзиши ҳунарҳои мардумӣ
- Details
- Published on Thursday, 29 June 2017 10:37
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марказҳои таълимии атласу адрасбофӣ дар шаҳру навоҳии вилоят мушкилоту муаммоҳои занону духтарони хонашинро рафъ ва ба ҷараёни эҳёву барқарорсозии ҳунарҳои миллӣ такони тозае бахшид.
Айни ҳол дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Маркази таълимии атласу адрасбофӣ фаъолият мебарад, ки дар он зиёда аз 30 нафар бонуи хонашин машғули бофтани қолин ва атласу адрасанд.
Тибқи иттилои масъулини ҷамоат хоҳишмандони ҳунарҳои мардумӣ ҳамарўза афзун гардида, бонувони бешуғл рўз то рўз ба ин касбу ҳунар мароқ зоҳир менамоянд.
Айни ҳол дар коргоҳ занону духтарони ноҳия нозукиҳои ҳунари қолин ва атласу адрасбофиро омўхта, соҳиби шаҳодатнома гардида истодаанд.
Масъулини ҷамоат баҳри ҷалби бештари занону духтарон ба ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамчунин, бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани онҳо, бунёди як бинои таълимиву истеҳсолиро роҳандозӣ карданианд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки бонувони бешуғл бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба беҳдошти рўзгори хеш замина гузоранд.
Дилдора Хайруллоева,
таҷрибаомўзи
“Ҳақиқати Суғд”