Мақсад: густариши ҳунарҳои мардумӣ

 

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ фаъолият мекунанд. Дар ин марказҳо 20 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 28 адад дастгоҳи қолинбофӣ мавҷуд аст. Марказҳои мазкур 208 нафар шогирд ва 13 нафар устодро фарогир буда, мутобиқи нақшаи соли 2017 ба ҳунармандӣ 350 нафар занҳои хонашин ва духтарон бояд ҷалб карда шаванд.

Боиси зикр аст, ки аллакай 347 нафар зан дар соли 2017 ба ҳунармандӣ машғул гардидаанд. Рушди ҳунари атласу адрасбофӣ бештар дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғўлакандоз, Ҳаёти Нав ва қолинбофӣ бошад, дар шаҳраки Меҳробод ва Ҷамоати деҳоти Сомониён ба назар мерасад.

Давоми 5 моҳи соли 2017 аз ҷониби ҳунармандон 2782 метр матои атласу адрас ва 47 қолин истеҳсол карда шудааст. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Марҳамат Каримова қайд намуд, ки занон ва духтарони ҳунарманди ноҳия пайваста барои дарёфти грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд дархост пешниҳод менамоянд. Дар соли 2015 Бихалича Абдуллоева ба гирифтани гранти президентӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва соли 2016 Гулафшон Солеҳова ба гирифтани гранти Раиси вилоят ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сазовор дониста шудаанд. Умуман, 200 нафар бонувони ноҳия бо шаҳодатномаи ҳунармандӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Марказҳои атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ бо эҳёи анъана, урфу одат ба рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат мекунанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh